734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню

Президент


Мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ 

9 июни соли 2018 дар шаҳри Чиндаои Ҷумҳурии Мардумии Чин дар ҳошияи Ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ мулоқот карданд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғози суҳбат иброз доштанд, ки мо таъмини сулҳу суботро дар Афғонистон омили амнияти кишвари худ ва тамоми минтақа медонем. Президенти мамлакат ҳамкории зич ва пайвастаи хадамоти амниятии Тоҷикистону Афғонистонро дар самти муборизаи муштарак бо терроризм, ифротгароӣ ва қочоқи ғайриқонунии маводи нашъаовар, инчунин пурзур кардани ҳифзи сарҳадоти давлатии Тоҷикистон, зарур шумурданд. Ҷонибҳо зимни мулоқоти судманд инчунин масъалаи таҳкими муносибатҳои дӯстонаи Тоҷикистону Афғонистонро […]

10.06.2018 Нет комментариев Читать далее>

Мулоқот бо Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин

9 июн дар шаҳри Чиндао дар ҳошияи Ҷаласаи шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин мулоқот карда, самтҳои асосии муносибатҳои шарикию стратегии ду кишварро баррасӣ намуданд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сатҳи ҳамкории байни давлатҳо баҳои баланд дода, ҳавасмандии ҷониби Тоҷикистонро барои таъмиқ ва густариши он иброз доштанд. Ҷонибҳо дар ҷараёни мулоқот зимни баррасии масъалаҳои амниятӣ ба таъмини амнияти минтақавӣ, муборизаи муштарак бар зидди таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир, вазъи мураккаб дар сарҳади давлатӣ бо Афғонистон, таваҷҷуҳ зоҳир карда, ҳамкории ҳарбӣ ва ҳарбӣ-техникиро аз самтҳои афзалиятноку муҳими муносибатҳои Тоҷикистону Русия маънидод намуданд. Таъкид […]

10.06.2018 Нет комментариев Читать далее>

Мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков 

9 июн дар шаҳри Чиндаои Ҷумҳурии Мардумии Чин дар ҳошияи Ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков мулоқот карда, вазъ ва дурнамои муносибатҳои ҳамкорию ҳамҷавориро муҳокима карданд. Ҷонибҳо аз сатҳи ҳамкорӣ дар доираи ташкилоту созмонҳои бонуфузи минтақавию байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ ва Созмони Ҳамкории Шанхай, изҳори қаноатмандӣ намуданд. Таъкид гардид, ки Тоҷикистону Қирғизистон оид ба ҳалли мушкилоти глобалию минтақавӣ мавқеи ҳамсон доранд ва ба рушди муносибатҳо дар самти таъмини амнияту суботи байналмилалию минтақавӣ аҳамияти махсус медиҳанд. Сарони давлатҳо барои густариши муносибатҳои […]

09.06.2018 Нет комментариев Читать далее>

Оғози сафари корӣ дар Ҷумҳурии Мардумии Чин ва иштирок дар Ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай

9 июни соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ҷиҳати иштирок дар Ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай вориди шаҳри Чиндаои Ҷумҳурии Мардумии Чин шуданд. Дар фурудгоҳи байналмилалии Чиндао меҳмони олимақом Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро намояндагони воломақоми Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин гарму самимӣ истиқбол гирифтанд. Дар назар аст, ки дар доираи иштирок дар Ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай, ки ин навбат дар ҳайати 8 кишвари аъзо – Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Ҳиндустон, Ҷумҳурии Мардумии Чин, ҷумҳуриҳои Қазоқистону Қирғизистон, Ҷумҳурии Исломии Покистон, Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор мешавад, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон […]

09.06.2018 Нет комментариев Читать далее>

Сафари кории Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Халқии Хитой

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар вохӯрии сарони давлатҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай ба Ҷумҳурии Халқии Хитой сафар карданд. Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини аввали Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд. Дар ин сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, вазири рушди иқтисод ва савдо, вазири энергетика ва захираҳои об,  раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва дигар […]

09.06.2018 Нет комментариев Читать далее>

1 31 32 33 34 35 76