734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню

Президент


Муаррифии лоиҳаҳои иншооти нав дар кӯчаи Садриддин Айнии шаҳри Душанбе

9 ноябри соли равон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Шоҳмансури  пойтахт бо лоиҳаҳои иншооти нав, аз қабили биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ, маъмурӣ, таълимӣ ва марказҳои муосири савдою хизматрасонӣ, ки асосан дар кӯчаи Садриддин Айнӣ аз буриши хиёбони Рӯдакӣ то буриши кӯчаи Дӯстии халқҳо бунёд мешаванд, шинос гардида, ҷиҳати мутобиқ ба стандартҳои меъморӣ сохтани он ба масъулони сохторҳои дахлдори шаҳр ва ширкатҳои сохтмонию лоиҳакашӣ супоришҳои мушаххас доданд. Зимни муаррифии тарҳи иншооти бунёдшаванда ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки Консепсияи меъморӣ ва шаҳрсозии кӯчаи Садриддин Айнӣ аз буриши хиёбони Рӯдакӣ то буриши […]

10.11.2018 Нет комментариев Читать далее>

Ифтитоҳи Маркази муқовимат ба терроризм, экстремизм ва сепаратизми Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Субҳи рӯзи 9 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Айнии ноҳияи Шоҳмансур бинои Маркази муқовимат ба терроризм, экстремизм ва сепаратизми Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Иншоот аз бинои асосӣ, меҳмонхона, майдончаҳои варзишӣ ва инчунин нуқтаи назорати гузаргоҳӣ иборат мебошад. Масоҳати умумии иншоот ба 14 ҳазору 351 метри мураббаъ баробар аст. Бинои асосии Маркази муқовимат ба терроризм, экстремизм ва сепаратизм бо тарҳи муосиру мутобиқ ба талаботи имрӯза сохта шуда, аз чор ошёна ва таҳхона иборат мебошад. Бино аз қисми навбатдорӣ, утоқҳои корӣ, таълимӣ, маҷлисгоҳ ва дигар инфрасохтори ёрирасон иборат аст. Дар […]

10.11.2018 Нет комментариев Читать далее>

Ифтитоҳи бинои маъмурии Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар пойтахти кишвар бинои нави маъмурии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар вазъияти тантанавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Бинои мазкур аз 9 ошёна ва таҳхона иборат буда, бо муосиртарин шароити корӣ ва дастгоҳу таҷҳизоти зарурӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст. Корҳои сохтмонӣ дар ин иншоот соли 2016 оғоз ёфта, дар зарфи ду сол он бо назардошти талаботи муосири меъморӣ ва стандартҳои ҷории сохтмонӣ бунёд гардид. Бинои нави маъмурӣ дорои 118 утоқи корӣ буда, бо дастгоҳу таҷҳизоти ҳозиразамон таъмин гардидааст. Ҳамчунин барои баланд бардоштани малакаи ҳайати шахсӣ дар таҳхонаи он 4 синфхонаи […]

10.11.2018 Нет комментариев Читать далее>

Иштироки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ

Имрӯз дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кори ҷаласаи Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ иштирок намуданд. Дар кори ҷаласа Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин, иҷрокунандаи вазифаи Сарвазири Ҷумҳурии Арманистон Никол Пашинян, Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Жеенбеков ва Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев иштирок карданд. Дар ҷаласаи навбатии Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ масъалаҳои вобаста ба ҳамгироии давлатҳои аъзои Созмон дар доираи узвият дар он ва дигар ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ, ҳисоботи котиботи Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ доир ба амнияти дастаҷамъӣ ва рафти иҷрои […]

09.11.2018 Нет комментариев Читать далее>

Сафари кории Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи навбатии Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ ба шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон сафар карданд. Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд. Дар ин сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, вазири мудофиа, котиби Шӯрои амният ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.

08.11.2018 Нет комментариев Читать далее>

1 2 3 4 5 88