73402, Тоҷикистон Душанбе, к.Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню

Президент


Пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Kasri-millat08IMG_0851

Мутобиқи моддаи 14 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон» пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи аз вазифаи Раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Ҳамрализода Фаррух Маҳмуд ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол гардид.

19.01.2018 Нет комментариев Читать далее>

«Эмомалӣ Раҳмон-асосгузори давлатдории муосири тоҷик» — китоби нав бахшида ба фаъолияти 25-солаи сиёсии Пешвои миллат

Emomali-Rahmon-Asosguzori-davlati-muosiri-tochikon

Дар  матбааи нашриёти «Контраст»-и шаҳри Душанбе китоби тозаэҷоди соҳибкори донишманд Абдуқаҳҳор Холов  ва доктори илмҳои таърих, мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ Зафар Сайидзода бо номи «Эмомалӣ Раҳмон — асосгузори давлатдории муосири тоҷик» ба нашр расид. Ин асари таҳлилӣ аз се боб иборат аст, ки ба масъалаҳои раванди поягузории давлатдории муосири точик, ташаккулу густариши худшиносии миллӣ ва сиёсати хориҷии Тоҷикистони соҳибихтиёр бахшида шудаанд. Китоб теъдоди зиёди суратҳои ранга дошта, дар сатҳи баланди полиграфӣ мунташир гаштааст. Ҳамаи рӯйдодҳои сарнавиштсозе, ки дар тӯли чаҳоряк аср дар Тоҷикистон рух додаанд, бо номи сиёсатмадори барҷаста, абармарди сулҳофарин, Пешвои эътирофшудаи миллат Эмомалӣ Раҳмон, ки бо ҳисси масъулият дар пеши имрӯзиён […]

19.01.2018 Нет комментариев Читать далее>

Барқияи тасаллияти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев

E.-Rahmon-va-SH.-Mirziyoev

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев барқияи тасаллият ирсол намуданд, ки дар он, аз ҷумла, омадааст: «Муҳтарам Шавкат Миромонович, Хабари оташ гирифтани автобуси мусофирбарро дар вилояти Актюбински Ҷумҳурии Қазоқистон, ки муҷиби ҳалокати 52 нафар гардид, бо андӯҳи гарон дарёфтам. Аз Шумо, муҳтарам Шавкат Миромонович хоҳиш менамоям, ки изҳори тасаллият ва ҳамдардии моро аз номи мардум ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба пайвандону наздикони ҳалокшудагон, инчунин хоҳони шифои комилро ба осебдидагони ин фоҷиа расонед».

19.01.2018 Нет комментариев Читать далее>

Маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

machlisi-hukumat-18-01-2018

18.01.2018 19:13, шаҳри Душанбе Имрӯз дар бинои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нишондиҳандаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии мамлакат дар соли 2017 натиҷагирӣ ва вазифаҳои асосӣ барои соли 2018 муайян карда шуд. Дар кори маҷлис роҳбарият ва аъзои Ҳукумати кишвар, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва воҳидҳои сохтории он, роҳбарони сохторҳо ва мақомоти марказии давлатӣ, идораҳои назди Президент ва Ҳукумат, корхонаю муассисаҳои ҷумҳуриявӣ, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони муассисаҳои олии таълимӣ, марказҳои татбиқи лоиҳаҳои инвеститсионӣ, бонкҳои давлатӣ ва саҳҳомӣ, рӯзномаю маҷаллаҳои расмӣ […]

19.01.2018 Нет комментариев Читать далее>

Оғози маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

machlisi-hukumat-18-01-2018

Имрӯз таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид. Дар маҷлиси васеи Ҳукумат нишондиҳандаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии мамлакат дар соли 2017 натиҷагирӣ ва вазифаҳои асосӣ барои соли 2018 муайян карда мешаванд. Дар кори маҷлис роҳбарият ва аъзои Ҳукумати ҷумҳурӣ, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва воҳидҳои сохтории он, роҳбарони сохторҳо ва мақомоти марказии давлатӣ, идораҳои назди Президент ва Ҳукумат, корхонаю муассисаҳои ҷумҳуриявӣ, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони муассисаҳои олии таълимӣ, марказҳои татбиқи лоиҳаҳои инвеститсионӣ, бонкҳои давлатӣ ва саҳомӣ, рӯзномаю маҷаллаҳои расмӣ ва дигар шахсони масъул иштирок доранд. Дар маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии […]

18.01.2018 Нет комментариев Читать далее>

1 2 3 4 12