734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню

Президент


Паёми телевизионӣ ба ифтихори Рӯзи ҷавонон

Муҳтарам ҷавонони кишвар! Фарзандони азиз! Тамоми ҷавонону наврасони Тоҷикистонро ба муносибати Рӯзи ҷавонон самимона табрик гуфта, ба ҳар яки онҳо саломативу иқболи нек ва комёбиву пешрафт орзу менамоям. Ҳукумати Тоҷикистон ҷавононро нерӯи тавонои созанда ва пешбарандаи ҳамаи соҳаҳои ҳаёти мамлакат меҳисобад ва ҳалли мушкилоту масъалаҳои вобаста ба зиндагӣ ва таҳсилу фаъолияти онҳоро ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии худ эътироф менамояд. Гузашта аз ин, Ҳукумати Тоҷикистон ҳифзу пойдории истиқлолияти миллӣ, бунёди давлати муосиру пешрафта ва рушди ояндаи онро ба иштироки фаъолона ва саҳми бевоситаи ҷавонон вобаста медонад ва бо истифода аз имконоти мавҷуда кӯшиш мекунад, ки вазъи иҷтимоиву иқтисодии наврасону ҷавонон мунтазам беҳтар гардида, барои рушди ҳамаҷонибаи онҳо ҳамаи шароити зарурӣ […]

23.05.2017 Нет комментариев Читать далее>

Боздиди Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз рафти корҳо дар НБО «Роғун»

Имрӯз, 10 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷараёни корҳо дар нақби сохтмонии қабати сеюм, ки иншооти асосии Неругоҳи барқи обии «Роғун» ба шумор меравад, шинос шуданд. Нақби мазкур 1 ҳазору 794 метр дарозӣ дошта, дар як сония имконияти ғунҷоиши 3 ҳазору 500 метри мукааб обро дорад. Нақби сохтмонии қабати сеюм ҳамчун нақби обпарто асосан барои танзими оби обанбори неругоҳ дар ҳолатҳои эҳтимолӣ, аз ҷумла дар вақти баланд шудани сатҳи дарёи Вахш истифода карда мешавад. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо қитъаи бунёди дарвозаҳои таъмирӣ-садамавӣ, ки дар қисмати даромадгоҳи нақби мазкур воқеъ аст, барои анҷоми саривақтии корҳои боқимонда ба […]

11.05.2017 Нет комментариев Читать далее>

Иштирок дар тантанаҳои ҷашни Наврӯзи ҷаҳонӣ дар Наврӯзгоҳи шаҳри Душанбе

Нимаи дуюми рӯзи 21 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тантанаҳои идонаи наврӯзӣ, ки дар Наврӯзгоҳи пойтахт доир гардид, иштирок ва суханронӣ карданд. Зимни суханронии табрикотии худ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи ҳамватанон, сокинони пойтахт ва меҳмононро бо иди бошукуҳи Наврӯзи байналмилалӣ, ҷашни эҳёи табиат, ибтидои пешомадҳои нав, оғози ниятҳои баҳорӣ ва нақшаву тадбирҳои тоза табрику таҳният гуфтанд. Таъкид гардид, ки воқеан, Наврӯз аз муборактарин ҷашнҳои миллии мо – тоҷикон ва дигар мардумони ҳавзаи Наврӯз аст, ки аз замонҳои қадим то ба имрӯз бо ғояҳои олии башардӯстона – дӯстиву ҳамкорӣ, созандагиву ободкорӣ, инсондӯстиву хайрхоҳӣ ва шукргузорӣ аз зебоиву неъматҳои табиат […]

22.03.2017 Нет комментариев Читать далее>

Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Тоҷикистону Россия ва изҳороти матбуотии сарони давлатҳо

Баъди анҷоми музокироти байнидавлатӣ Изҳороти муштараки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин оид ба натиҷаҳои сафари расмӣ қабул карда шуд.Дар изҳороти муштарак, аз ҷумла омадааст, ки Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин ба ҷониби Тоҷикистон барои пазироии самимӣ изҳори сипос карда, аз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат,Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон даъват ба амал оварданд то дар фурсати барояшон муносиб бо сафари расмӣ ба Федератсияи Россия ташриф оваранд. Сипас дар ҳузури сарони ду давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин 6 санади нави ҳамкорӣ: – Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист; – […]

28.02.2017 Нет комментариев Читать далее>

Суханронӣ дар мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва намояндагони сокинони шаҳри Душанбе

Суханронӣ дар мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва намояндагони сокинони шаҳри Душанбе 15.02.2017 11:20, шаҳри Душанбе Ҳамватанони арҷманд! Ҳозирини гиромӣ! Ҳадафи мулоқоти мо бо шумо, вакилони мардумӣ, роҳбарону фаъолон ва намояндагони сокинони шаҳри Душанбе, ҳамчунин, аъзои Ҳукумати мамлакат, роҳбарони сохтору мақомоти назди Президент ва Ҳукумат, ташкилоту муассисаҳои ҷумҳуриявӣ, бонкҳои давлативу тиҷоратӣ ва соҳибкорону тоҷирон баррасии вазъи иқтисодиву иҷтимоӣ, мушкилоти мавҷудаи пойтахт ва дарёфти роҳҳои ҳалли онҳо мебошад. Ҳарчанд ки Ҳукумати мамлакат дар замони истиқлолият доир ба масъалаи ободу зебо гардонидани шаҳри Душанбе ҳамчун пойтахти Ватани маҳбубамон ҳамаи тадбирҳои заруриро амалӣ гардонид, вале марҳалаи нави рушди иқтисодиву иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон тақозо менамояд, ки ба рафъи мушкилот ва ҳалли масъалаҳои маркази кишвар минбаъд […]

16.02.2017 Нет комментариев Читать далее>

1 132 133 134 135 136 137