734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню

Президент


Мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва сокинони ноҳияҳои Шаҳритус ва Қубодиёни вилояти Хатлон 

04.08.2017 10:14, ноҳияи Шаҳритус Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ бо роҳбарону фаъолон ва сокинони ноҳияҳои Шаҳритус ва Қубодиёни вилояти Хатлон мулоқоти самимию созанда доир карданд. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ оид ба дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, талошҳову тадбирҳои Ҳукумати кишвар бобати беҳтар кардани сатҳи зиндагии мардум андешаронӣ карда, аз сатҳи рушди бонизоми иқтисодиёти ҷумҳурӣ, пешрафти соҳаҳои муҳими хоҷагии халқи ноҳияҳои Шаҳритусу Қубодиён изҳори қаноатмандӣ намуданд. Таъкид гардид, ки то имрӯз дар доираи барномаи рушди иқтисодиву иҷтимоии ноҳияи Шаҳритус даҳҳо лоиҳа ба маблағи 55 миллион сомонӣ амалӣ гардида, қариб 70 ҳазор ҷойҳои нави корӣ таъсис дода шудааст. Аз соли […]

04.08.2017 Нет комментариев Читать далее>

Сафари корӣ ба ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон

04.08.2017 08:24, ноҳияи Шаҳритус Имрӯз ҳамчунин Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ аз вазъи зиндагии мардум, ҷараёни корҳои ободонию созандагӣ, боздид аз фаъолияти хоҷагиҳои деҳқонӣ ва суҳбату мулоқот бо сокинон ба ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон ташриф оварданд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро мардуми шукргузору ваҳдатсарои ноҳия бо рӯҳияи баланд, самимияти беандоза ва арҷгузорӣ ба хизматҳои шоёни Сарвари давлат, ки ба нафъи давлату миллат равона шудаанд, истиқбол гирифтанд. Дар ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хоҷагиҳои кишоварзии деҳоти ба номи Талбак Садриддинов ташриф оварда, бо фаъолияти ибратбахши деҳқонон, ки дар парвариши […]

04.08.2017 Нет комментариев Читать далее>

Сафари корӣ ба ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон

04.08.2017 07:45, ноҳияи Қубодиён Субҳи имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо корҳои бунёдкорию созандагӣ ва рафти кишту кор ба ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон ташриф оварданд. Сарвари давлатро дар фурудгоҳи муваққатӣ сокинони шарафманд ва меҳнатқарини ноҳия бо самимияти хоса ва муҳаббати беандоза истиқбол намуданд. Дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳои саҳроӣ, аз ҷумла оғози ҷамъоварии ҳосили пахта ва парвариши сабзавот дар хоҷагиҳои деҳқонии деҳаи Ҳаваскори Ҷамоати деҳоти “Тахти Сангин” шинос шуда, ҳамзамон аз намоиши маҳсулоти кишоварзию чорводорӣ ва саноатии ноҳияи […]

04.08.2017 Нет комментариев Читать далее>

Суханронии Пешвои миллат дар мулоқот ба муносибати 10-солагии қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»

1.07.2017, шаҳри Душанбе Ҳамватанони азиз! Ҳозирини гиромӣ! Мардуми бостониву тамаддунсози тоҷик ойину анъана ва маросиму ҷашнҳои қадимае доранд, ки қисми зиёдашон дар тӯли таърих ҷойгоҳ ва арзиши худро гум накарда, ҳамчун мероси гаронбаҳои маънавӣ то ба замони мо расидаанд. Сокинони ин сарзамини фарҳангдӯсту адабпарвар маросиму ойинҳояшонро на танҳо ҳифз кардаву гиромӣ доштаанд, балки дар марҳалаҳои гуногуни ҳаёти худ ба онҳо мазмуни нав ва сифатҳои башардӯстона зам намуда, беҳтаринашонро то даврони мо ба мерос гузоштаанд, ки нигоҳдориву арҷгузорӣ ба ин ганҷинаи бебаҳо вазифаи ҳар як фарди соҳибватан мебошад. Баъди ба даст овардани истиқлолият ва озодӣ халқи мо ҳимояи ин мероси миллиро яке аз вазифаҳои муҳимми худ эътироф карда, ба фарҳанги миллӣ, […]

14.07.2017 Нет комментариев Читать далее>

Иштироки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади идона ба ифтихори Рӯзи ҷавонон

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар барномаи фарҳангӣ ба ифтихори Рӯзи ҷавонон, ки дар Варзишгоҳи марказии пойтахт баргузор шуд, иштирок ва суханронӣ карданд. Нахуст Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми иштирокчиёни чорабинии тантанавӣ ва дар шахси онҳо кулли ҷавонони саодатманди кишварро бо Рӯзи ҷавонон табрику таҳният гуфтанд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рӯзи иди ҷавонон оид ба талошҳову ташаббусҳои Ҳукумати кишвар баҳри дастгириҳои амиқи неруи созанда ва ояндаи миллат суханронӣ карда, таъкид доштанд, ки роҳбарияти давлату ҳукумат аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ пешбурди сиёсати давлат дар соҳаи ҷавононро яке аз самтҳои афзалиятнок медонад. Бо дарназардошти аҳаммият ва зарурати ташаккули сиёсати ҷавонон […]

24.05.2017 Нет комментариев Читать далее>

1 131 132 133 134 135 137