734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню

Президент


Ифтитоҳи Боғи фарҳангӣ-фароғатии “Ҷавонон” дар шаҳри Душанбе

19.03.2018 18:05, шаҳри Душанбе 19-уми марти соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар вазъияти тантанавӣ Боғи фарҳангӣ- фароғатии “Ҷавонон”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Ин рӯйдоди муҳими ҳаёти иҷтимоиву фарҳангии мамлакат дар рӯзҳои таҷлили ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ баргузор шуд. Дар маросими ифтитоҳи Боғи фарҳангӣ-фароғатии “Ҷавонон” шумораи зиёди соҳибкорони пойтахт, фаъолон ва аҳли зиёи кишвар иштирок карданд. Баъди ифтитоҳи маркази муҳташами фарҳангию фароғатӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо корҳои анҷомдодашудаи сохтмонӣ шинос шуданд. Корҳои ободонӣ ва таъмиру барқарорсозии боғи мазкур бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва бо заҳмати якҷояи мутахассисону бинокорони пойтахт дар сатҳи хеле […]

20.03.2018 Нет комментариев Читать далее>

Оғози бунёди корхонаи истеҳсоли обҳои ташнашикани «Сиёма» дар шаҳри Душанбе

19.03.2018 17:25, шаҳри Душанбе Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дарназардошти аз тарафи Созмони Милали Муттаҳид эълон гардидани солҳои 2018-2028 ҳамчун «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», ки пешниҳоди бевосита роҳбарияти олии сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, барои бунёди Корхонаи истеҳсоли обҳои ташнашикани «Сиёма» дар шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд. Тавре ба Пешвои муаззами миллат итилоъ доданд, Лоиҳаи сохтмони Корхонаи истеҳсоли обҳои ташнашикани «Сиёма» яке аз иқдомҳои наҷиб барои беҳтар намудани таъминоти аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо оби ошомидании аз лиҳози экологӣ тоза ва шифобахш ба ҳисоб меравад. Иншооти мазкур бо маблағи умумии 15 миллион доллари ИМА бунёд карда хоҳад шуд. Инчунин дар корҳои сохтмонии […]

20.03.2018 Нет комментариев Читать далее>

Ифтитоҳи майдони варзишии «Душанбе Арена» дар кӯчаи Умари Хайёми шаҳри Душанбе

19.03.2018 17:24, шаҳри Душанбе Нимаи дуюми 19 март бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Умари Хайёми ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе дар ҳудуди Донишгоҳи аграрӣ майдони варзишии «Душанбе Арена» мавриди истифода қарор гирифт. Иттилоъ дода шуд, ки иншооти мазкур аз ҷониби Корхонаи воҳиди давлатии «Ширкати алюминии тоҷик» сохта шуда, масоҳати умумии он 1,2 гектарро ташкил медиҳад. Майдони варзишии «Душанбе Арена» бо паҳноии 45 ва дарозии 90 метр тибқи меъёрҳои Федератсияи байналмилалии футбол бо 1000 ҷойи нишаст бунёд гардидааст. Аснои шиносоӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба анҷоми корҳои сохтмонӣ дар майдони варзишии «Душанбе […]

20.03.2018 Нет комментариев Читать далее>

Мулоқот бо зиёиёни мамлакат

19.03.2018 14:15, шаҳри Душанбе 19 марти соли 2018 дар Китобхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар остонаи ҷашни фархундаи Наврӯзи байналмилалӣ чун анъанаи накуи баҳорӣ бо зиёиёни мамлакат мулоқоти самимию судманд анҷом доданд. Дар оғоз Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кулли мардуми шарифи тоҷик, ҳамзабонони бурунмарзӣ, мардумони ҳавзаи тамаддуни Наврӯз ва ҳамаи зиёиёни мамлакатро ба ифтихори ин ҷашни хусравонӣ самимона шодбош гуфта, ба ҳамаи онҳо дар Соли нави аҷдодӣ бахту нишот, сулҳу субот, ваҳдати ҷовидона ва ба зиёиёни кишвар нерӯи тоза ва илҳоми эҷодӣ орзу карданд. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо итминон иброз доштанд, ки аҳли зиёи мамлакат, […]

19.03.2018 Нет комментариев Читать далее>

Барқияи табрикӣ ба Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин

19.03.2018 08:00, шаҳри Душанбе Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин барқияи табрикӣ ирсол намуданд, ки дар он, аз ҷумла, омадааст: «Муҳтарам Владимир Владимирович, Дар иртибот ба пирӯзиатон дар интихоботи навбатии Президенти Федератсияи Россия хоҳишмандам самимонатарин табрикоти ин ҷонибро қабул фаромоед. Интихоби дубораи Шумо ба ин маснади олии давлатӣ нишонаи возеҳи аз ҷониби ҷомеаи Россия пурра дастгирӣ ёфтани сиёсати Шумо, ки ба таҷдиду таъмини рушди босубот ва таъмини амнияти кафолатноки Россияи дӯст, ҳамчунин таҳкими нуфузу эътибори он дар арсаи байналмилалӣ нигаронда шудааст, мебошад. Дар Тоҷикистон Шуморо ба ҳайси ҷонибдори густаришу таҳкими бемайлони муносибатҳои шарикии стратегии Тоҷикистону Россия […]

19.03.2018 Нет комментариев Читать далее>

1 112 113 114 115 116 137