73402, Тоҷикистон Душанбе, к.Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню

Президент


Мулоқот бо Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш

29511162_1845565888846922_8832074359838343168_n

22.03.2018 02:33, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико 21 марти соли 2018 дар шаҳри Ню Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Америка дар ҳошияи кушодашавии чорабинӣ бахшида ба Оғози Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш мулоқот карданд. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Антониу Гутерриш барои дастгирии доимӣ аз ташаббусҳои марбут ба оби Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид миннатдорӣ карда, бо итминон иброз доштанд, ки Даҳсолаи “Об барои рушди устувор” ҷиҳати ҳалли масъалаҳои об ва пешбарии Ҳадафи шашуми рушди устувори марбут ба он дар сатҳи ҷаҳонӣ, минтақавӣ ва миллӣ мусоидат хоҳад кард. […]

23.03.2018 Нет комментариев Читать далее>

Мулоқот бо роҳбарияти Ширкати “Боинг”

29511459_1845255532211291_7676377211141619712_n

21.03.2018 21:29, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико 21 марти соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ню Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Америка намояндагони Ширкати “Боинг” – ро ба ҳузур пазируфтанд. Дар мулоқот оид ба имкони рушди ҳамкориҳои судманд бо ин ширкати ҷаҳонӣ дар соҳаи нақлиёт, мусофиркашонӣ, беҳдошти парки нақлиётӣ дар Тоҷикистон ва бо ин роҳ беҳтар кардани сатҳи хизматрасонии ширкатҳои мусофиркашонии ҳавоӣ, табодули андеша карда шуд. Тавре маълум аст, якчанд ширкати Тоҷикистон, ба хусус Ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” ва “Тоҷик Эйр” аз тайёраҳои муосири “Боинг” истифода мебаранд. Ҷонибҳо изҳори умед карданд, ки рушди ҳамкориҳои дуҷониба барои дар амал татбиқ кардани нақшаву ниятҳо баҳри […]

22.03.2018 Нет комментариев Читать далее>

Ба истифода додани пули роҳи оҳан дар хиёбони Ҳофизи Шерозии шаҳри Душанбе

29386463_1842241022512742_1632718743693950976_n

19.03.2018 19:12, шаҳри Душанбе Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар хиёбони Ҳофизи Шерозӣ воқеъ дар назди Муассисаи давлатии Наврӯзгоҳи пойтахт пули роҳи оҳанро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Иншооти мазкур бо гузашти солҳо фарсуда шуда, ба таъмир ниёз пайдо карда буд. Лоиҳаи навсозии Пули роҳи оҳан аз ҷониби ҶДММ «COOL DESIGN» тарҳрезӣ гардида, фармоишгар ва пудратчӣ КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» мебошад. Дар доираи навсозии пули мазкур дар баробари таъмиру тармими хати роҳи оҳан, болои пул бо панҷараҳои мунаққаши оҳанӣ оро дода шуда, аломатҳои ороишии онро таҷҳизоти равшандиҳанда зиннати иловагӣ мебахшанд. Корҳои сохтмонӣ дар қисмати поёнии пул […]

20.03.2018 Нет комментариев Читать далее>

Ифтитоҳи иншооти фароғатии “Дунёи афсона” дар “Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ”

29425199_1842229895847188_4504608562432966656_n

19.03.2018 17:25, шаҳри Душанбе Нимаи дуюми рӯзи 19 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ва Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт иншооти фароғатии “Дунёи афсона” – ро барои кӯдакони хуштолеъи кишвар мавриди истифода қарор доданд. Иттилоъ дода шуд, ки лоиҳаи маҷмааи “Дунёи афсона” – ро Корхонаи Воҳиди Давлатии “Лоиҳакаш” – и шаҳри Душанбе дар асоси фармоиши Корхонаи Воҳиди Давлатии “Ширкати алюминии тоҷик” таҳия карда, онро дар майдони 2,5 гектар бунёд карданд. “Дунёи афсона” дар ҳудуди Муассисаи давлатии “Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ” сохта шудааст ва он дорои 11 намуд майдончаву таҷҳизоти дилхушӣ мебошад. Дастгоҳҳо асосан барои […]

20.03.2018 Нет комментариев Читать далее>

Ифтитоҳи Боғи фарҳангӣ-фароғатии “Ҷавонон” дар шаҳри Душанбе

29386080_1842235492513295_5214583909345394688_n

19.03.2018 18:05, шаҳри Душанбе 19-уми марти соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар вазъияти тантанавӣ Боғи фарҳангӣ- фароғатии “Ҷавонон”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Ин рӯйдоди муҳими ҳаёти иҷтимоиву фарҳангии мамлакат дар рӯзҳои таҷлили ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ баргузор шуд. Дар маросими ифтитоҳи Боғи фарҳангӣ-фароғатии “Ҷавонон” шумораи зиёди соҳибкорони пойтахт, фаъолон ва аҳли зиёи кишвар иштирок карданд. Баъди ифтитоҳи маркази муҳташами фарҳангию фароғатӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо корҳои анҷомдодашудаи сохтмонӣ шинос шуданд. Корҳои ободонӣ ва таъмиру барқарорсозии боғи мазкур бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва бо заҳмати якҷояи мутахассисону бинокорони пойтахт дар сатҳи хеле […]

20.03.2018 Нет комментариев Читать далее>

1 8 9 10 11 12 34