734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню

Президент


Барқияи табрикии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин барқияи табрикӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст: «Муҳтарам ҷаноби Раис, Бо таманниёти беҳтарин аз номи Ҳукумат ва мардуми Тоҷикистон, ҳамчунин шахсан аз номи худам Шумо ва тамоми мардуми дӯсти Чинро ба муносибати ҷашни санаи дорои аҳаммияти таърихӣ — 70-мин солгарди таъсисёбии Ҷумҳурии Мардумии Чин сидқан табрику муборакбодӣ менамоям. Тайи ин давра Ҷумҳурии Мардумии Чин дар бахшҳои мухталифи рушди сиёсӣ, иҷтимоиву иқтисодӣ ва илмиву техникӣ ба пешравиҳои азим ноил гардида, дар арсаи байналмилалӣ обрӯ ва эътибори баландро соҳиб шуд. Ҳамаи ин дастовардҳои бошукӯҳ, албатта, натиҷаи заҳмату меҳнати хастанопазири тамоми […]

02.10.2019 Нет комментариев Читать далее>

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иштирок намуданд

27 сентябр дар шаҳри Душанбе Маҷлиси Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар кори он Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок ва суханронӣ намуданд. Дар ҷаласа натиҷаҳои фаъолияти Дастгоҳи Кумитаи иҷроияи марказии ҳизб ва кумитаҳои иҷроияи вилоят ва шаҳру ноҳияҳои кишвар дар нуҳ моҳи соли 2019 мавриди баррасӣ қарор гирифта, масъалаҳои дохилиҳизбӣ, аз ҷумла даъвати Анҷумани навбатии ҳизб ва корҳои омодагӣ ба он ҳал шуданд. Маҷлиси Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро Раиси ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳ намуда, рӯзномаи маҷлис “Дар бораи ҷараёни корҳои ташкилию омодагӣ ба маъракаҳои сиёсии интихоботи Маҷлиси […]

30.09.2019 Нет комментариев Читать далее>

Муроҷиатномаи ҷавонони ноҳияи Файзобод ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мо ҷавонони ноҳияи Файзобод муроҷиатномаи ҷавонони шаҳри Кулобро ҷиҳати номгузори намудани бузургтарин иншооти аср НБО – и “Роғун” ба номи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бори дигар эълон доштани Пешвои маҳбубамон ҳамчун Қаҳрамони Тоҷикистон ҳамаҷониба дастгирӣ менамоем. Пешвои муазами миллат ҳақиқатан тавонист дар як муддати кутоҳ Тоҷикистони азизамонро ба биҳишти рӯи замин табдил диҳад. Се ҳадафи асосии давлату ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз бунбасти комуникатсиони баровардани кишвар, ба даст овардани истиқлолияти энергетикӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ-ро ҳануз дар даврони аввали роҳбариаш Пешвои миллат эълон дошта буданд, амалӣ гашт. Дар ин муддати кутоҳ алакай ҷаҳон пешниҳодҳои Тоҷикистонро ки зери роҳбарии Пешвои маҳбуб сурат […]

26.09.2019 Нет комментариев Читать далее>

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Нишони давлатӣ ва Парчами миллиро дар ноҳияи Рӯдакӣ ифтитоҳ намуданд

Дар доираи сафари корӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вазъияти тантанавӣ Парчами миллӣ ва Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар маркази ноҳия ифтитоҳ намуданд. Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳраки Сомониён дар пояи баландии 45 метр қомат афрохта, паҳноии матои он 7 метр ва дарозиаш 14 метрро ташкил медиҳад. Баландии пояи Нишони давлатӣ, ки дар шафати Парчам сохта шудааст, 22 метр мебошад. Дар баробари сохтмони Парчам ва Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар атрофи ин ду муқаддасоти миллӣ гулу буттаҳои ороишӣ шинонида шудааст. Атрофи иншоот чароғон ва ободу зебо карда шуда, фаввораҳо низ сохта шудааст, ки аз ин пас ҷойи […]

26.09.2019 Нет комментариев Читать далее>

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз намоиши кишоварзӣ ва гармхонаи Хоҷагии деҳқонии «Исматулло» дар ноҳияи Рӯдакӣ дидан намуданд

25 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ ҳамчунин аз намоиши дастовардҳои кишоварзони ноҳия ва гармхонаи Хоҷагии деҳқонии «Исматулло» дар деҳаи Кӯктоши Деҳоти Чоргултеппа дидан намуданд. Аҳли заҳмати ноҳияи Рӯдакӣ наздики 30 навъи маҳсулоти гуногуни кишоварзиро, ки ҳамасола дар заминҳои зархези ин ноҳия бо истифода аз имконоту шароити мавҷуда бо усули замонавӣ парвариш карда мешавад, ба намоиш гузоштанд. Тавре таъкид гардид, ки дар ноҳияи Рӯдакӣ 5031 хоҷагии деҳқонӣ фаъолият дорад, ки ҳамасола бо истифодаи пурсамари ҳар як қитъа замин ва тухмиҳои серҳосили зироат, дар асоси маслиҳати мутахассисони соҳа маҳсулоти фаровон ба даст меоранд. Дар намоишгоҳ намунаҳо аз маҳсулоти кишоварзӣ, аз […]

26.09.2019 Нет комментариев Читать далее>

1 2 3 137