734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню

Хабарҳо


Мулоқоти созанда бо сокинони ноҳияи Шоҳмансур

Аз ҷониби Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Шоҳмансур оид ба татбиқи ҳадафҳои Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳрии Тоҷикистон мулоқот бо сокинони шаҳраку маҳаллаҳои ноҳия баргузор карда шуд. Дар мулоқот масъулини мақомоти ноҳия ва муовини Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ Амирбекзода Ҳабибулло иштирок ва суханронӣ намуданд. Дар суханронӣ Амирбекзода Ҳабибулло оид ба пешгирӣ аз гаравидани наврасону ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистию террористӣ, хурофотпарастиву ифротгароӣ, пешгирии омилҳои коррупсионӣ ва муқовимат бо коррупсия, тақлиди фарханги либоспӯшии бегона, хариду фурӯши одамон, оид ба стратегияи мубориза бар зидди гардиши ғайриконунии маводи мухадир барои солҳои 2013-2020, бемориҳои сироятии ҷинсӣ, тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи эхтиром ба қонунгузорӣ ва арҷгузорӣ ба муқаддасоти […]

10.02.2016 Нет комментариев Читать далее>

Суҳбати кушод бо сокинони шаҳри Норак

Имрӯз дар Қасри фарҳанги шаҳри Норак мулоқоти роҳбарияти кумитаҳои ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, забон ва истилоҳот, кор бо занон ва оила, оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ бо сокинони шаҳр доир гардид. Дар мулқот бештар аз 500 нафар аз ҷумла занону ҷавонони шаҳр иштирок намуданд. Дар рафти вохӯрӣ роҳбарияти кумитаҳои мазкур оид ба баъзе мушкилоти сокинон суҳбати кушод анҷом дода, аз ҷумла ба ҳодисаи ба худкушӣ даст задани як тан сокини ҳамин шаҳр таваҷҷуҳ карда, доир ба мавзуъҳои пешгирии занону ҷавонон аз даст задан ба омилҳои номатлуб ба монанди  худкушӣ, ба гуруҳҳои иртиҷоӣ пайваст гардидани баъзе аз ҷавонон, никоҳи бармаҳал, вайроншавии оилаҳои ҷавон ва дигар мушкилоти […]

10.02.2016 Нет комментариев Читать далее>

Баррасии масоили ҷавонон дар вохӯрӣ бо сокинони маҳаллаи Гипрозем

9 феврали соли равон дар доираи татбиқи нишондодҳои Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии масъулини сохторҳои марбутаи шаҳриву ҷумҳуриявӣ бо сокинони маҳаллаи Гипрозем доир гардид. Дар ҷараёни мулоҷот бо сокинон аз ҷониби масъулин маъалаҳои муҳими ҳаёти наврасону ҷавонон, ки дар Паёми имсола ироа гардиданд, мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуданд. Дар вохӯрӣ Амирбекзода Ҳабибулло муовини Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардори Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанбе Саймуддинов Аббосиддин, намояндагони Маҷомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар ноҳияи Сино, масъулини сохторҳои ҳифзи ҳуқуқу тартибот, хадамоти муҳоҷират иштирок ва суханронӣ намуданд Аз ҷумла, […]

10.02.2016 Нет комментариев Читать далее>

Ҷаласаи сайёр дар Варзоб

9 феврали соли равон дар доираи нақшаи чорабиниҳо ҷаласаи сайёр бо иштироки рохбарияти Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайеҳӣ ва мудирони бахшхои ҷавонон, варзиш ва сайеҳҳии шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ: Варзоб, Ваҳдат, Файзобод, Роғун, Ҳисор ва Турсунзода доир гардид. Дар ҷаласа Ризо Назарзода муовини Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷараёни иҷроиши нақша-чорабиниҳои Кумита дар нимсолаи аввали соли 2016 ва қарори ҳайати Мушовараи Кумита аз 8 январи соли 2016 баромад карда, аз масъулин иҷроиши босамари онро тақозо кард. Дар ҷаласа инчунин оид ба баъзе масъалаҳои ҷавонон дахл карда шуда, гуфта шуд, ки баҳри пешгирии ҷавонон аз ҳар гуна омилҳои номатлуб ва бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ чораҳо […]

10.02.2016 Нет комментариев Читать далее>

Шанбегии умумишаҳрии ҷавонон дар Қурғонтеппа

Бо мақсади ободу зебо гардонидани гирду атроф ва дар доираи сиёсати созандаву бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу Ваҳдат-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ Амалиёти ҷумҳуриявӣ таҳти унвони “Ин Ватанро мо ҷавонон сабзу хуррам мекунем!” роҳандозӣ гардида, дар шаҳру навоҳии мамлакат шанбегиҳо бо иштироки васеи ҷавонон баргузор мегарданд. Дар доираи ин чорабиниҳо дар шаҳри Қурғонтеппаи вилояти Хатлон шанбегии умумишаҳрии ҷавонон зери унвони “Ин Ватанро мо ҷавонон сабзу хуррам мекунем!” бо иштироки бештар аз 5300 нафар ҷавонон, донишҷӯён ва кормандони ташкилоту муассисаҳои шаҳрӣ доир карда шуд. Иштирокчиён дар шанбегӣ гирду атрофи маҳалаву гулгаштҳоро тозаю озода намуда, бехи дарахтони гуногунро нарм карданд.

10.02.2016 Нет комментариев Читать далее>

1 508 509 510 511 512 528