734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню

Хабарҳо


Меҳмонии ҷавонони Бадахшон ба вилояти Суғд

Бо ибтикори Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ дар ҳамокрӣ бо Вазорати корҳои дохилӣ 22 нафар ҷавони табақаҳои гуногуни ВМКБ давоми 3 рўз дар хонадони сокинони Суғди бостон меҳмон шуданд. Зимни будубош ҷавонон бо расму оин, урфу одат, анъана, пухтани таомҳои миллӣ  ва зиндагии дӯстони худ шинос шуда, барои  таҳкими дўстиву рафоқат ва арҷгузорӣ ба мероси бойи таърихиву фарҳангӣ ва анъанаҳои неки ниёгон байни ҳам мубодилаи афкор намуданд. Хотиррасон менамоем, ки чанде пеш меҳмонии ҷавонони шаҳри Душанбе ба минтақаи Рашт сурат гирифта буд. Чунин дидорбинӣ ба дигар минтақаҳои кишвар низ ба нақша гирифта шудааст.

06.07.2015 Нет комментариев Читать далее>

Сафари ҷавонони пойтахт ба минтақаи Рашт

Бо ибтикори Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ як гуруҳ ҷавонони фаъоли пойтахт баҳри дидорбинӣ, пайдо намудани риштаи дӯстӣ, шиносои аз ҳаёт ва фаъолияти ҷавонони раштонзамин ба минтақаи Рашт сафар намуданд. Дар даромадгоҳи ноҳияи Рашт ҷавононро масъулин ва намояндагони ҷавонони минтақа бо шукуҳу шаҳомати хосса ва нону намак истиқбол гирифтанд. Дар доираи ин сафар ҷавонони фаъоли пойтахт бо анъанаҳои миллӣ, ҳунарҳои дастӣ, мавзеъҳои таърихӣ ва сайёҳии минтақа аз наздик шинос гардиданд. Масъулин мақсад аз баргузории чунин чорабиниҳоро боз ҳам мустаҳкам намудани дӯстӣ миёни ҷавонони тамоми минтақаҳои кишвар арзёбӣ карданд. Сафари ҷавонон ба дигар минтақаҳио кишвар дар аст.

06.07.2015 Нет комментариев Читать далее>

Д. Назаров боз соҳиби медал шуд

Варзишгари маъруфи тоҷик Дилшод Назаров дар мусобиқаи байналмилалии  «IAAF Hammer Throw Challenge”, ки дар шаҳри Работи Марокаш бо иштироки нӯҳ варзишгари беҳтарини дунё баргузор гардид, бо натиҷаи 76 метру 95 сантиметр мақоми сеюмро касб карда, соҳиби медали биринҷӣ шуд. Дар мусобиқаи мазкур Павел Файдек аз Лаҳистон бо натиҷаи 79 метру 90 сантиметр ҷойи аввал ва Кристиан Парс аз Маҷористон бо натиҷаи 77 метру 81 сантиметр ҷойи дуюмро гирифтанд. Ёдрас мешавем, ки  Дилшод Назаров аз байни варзишгарони тоҷик аввалин шуда, соҳиби роҳхат ба Бозиҳои олимпии соли 2016 дар Рио-де-Жанейрои Бразилия гардидааст. Ҳамчунин ин натиҷа ба ӯ имкон медиҳад, ки дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон, ки рӯзҳои 22-30 августи соли равон дар Пекини […]

19.06.2015 Нет комментариев Читать далее>

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонони ИДМ дар Тоҷикистон

Дар доираи нақшаи кори Шўрои кор бо ҷавонони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил  11-13 майи соли 2015 дар ноҳияи Варзоб ҷаласаи навбатии Шўрои кор бо ҷавонони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир мегардад, ки дар он аъзоёни Шўро аз Ҷумҳурии Озарбойҷон, Арманистон, Балорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Федератсияи Россия ва Котиботи ИДМ иштирок менамоянд. Дар кори ҷаласа масъалаҳои мавриди назар баҳсу баррасӣ гардида, дар анҷом санадҳои ниҳоӣ қабул карда мешаванд.

07.05.2015 Нет комментариев Читать далее>

30 рӯзи ҷавонӣ” барои ҷавонон

2 майи соли равон дар доираи чорабиниҳои фарҳангӣ дар Боғи “Ирам” маросими расмии кушодашавии “30 рӯзи ҷавонӣ” бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон таҳти унвони “Ҷавонон давомдиҳандагони ҳадафҳои олии кишвар”  доир гардид. Дар маросими кушодашавӣ Аҳтам Абдуллозода Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ суханронӣ намуда, нахуст кулли ҷавонони мамлакатро бо як моҳи ҷавонон табрик намуд.  Зимни баромад Аҳтам Абдуллозода аз дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати мамлакат ёдовар гардида, ҷавононро ба меҳанпарастию ифтихорӣ миллӣ ва арҷ гузоштан ба муқаддасоти миллӣ даъват намуд. Таъкид карда шуд, ки ҷавонон дар маркази таваҷҷуҳ қарор дошта, марҳила ба марҳила шароити зарурӣ барои онҳо муҳайё карда мешавад. Дар доираи ин чорабинӣ аз ҷониби Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ Амалиёти “Биёед, китоб […]

07.05.2015 Нет комментариев Читать далее>

1 476 477 478