734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню

Хабарҳо


Мусобиқаи III-юми ҷумҳуриявӣ оид ба “Шотокан Карате-до SKIF” (Акс)

Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ бо мақсади тарғиби “Шотокан Карате-до SKIF” дар байни ҷавонон ва калонсолон дар асоси нақшаи Тақвими ягонаи чорабиниҳои оммавӣ, варзишӣ, солимгардонӣ ва иштироки варзишгарон дар мусобиқаҳои байналмилалӣ дар соли 2015 дар ноҳияи Варзоб мусобиқаи III-юми ҷумҳуриявӣ оид ба “Шотокан Карате-до SKIF” доир намуд. Дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ бештар аз 180 нафар варзишгарон аз тамоми минтақаҳои кишвар иштирок карда, барои медалҳои таҳиягардида байни ҳам рақобат намуданд. Мусобиқаро М. Мирзоев сардоварӣ намуда, ҳайати доварон онро назорат карданд. Дар анҷоми мусобиқаи ҷумҳуриявӣ ба ғолибон медал ва туҳфаҳои таҳиягардида тақдим карда шуд.

06.08.2015 Нет комментариев Читать далее>

Вохӯриҳои созанда бо сокинони пойтахт

Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ тибқи Нақшаи чорабиниҳои якҷояи кумитаҳои ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, кор бо занон ва оила ва мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе бо мақсади пешгирии омилҳои номатлуб дар ҷомеа, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, ташаккули худшиносӣ, арҷгузорӣ ба муқаддасоти давлат ва хизмат ба Ватан миёни сокинон ва ҷавонон корҳои фаҳмондадиҳиро рӯи даст гирифтаанд. Тибқи нақшаи муштарак аз 1 июл то 1 ноябри соли 2015 чорабиниҳо дар маҳаллаҳои ноҳияҳои И.Сомонӣ, Шоҳмансур, Фирдавсӣ ва Синои шаҳри Душанбе бо иштироки бевоситаи роҳбарияти Кумита дар якҷоягӣ бо дигар мақомоти дахлдори давлатӣ бо сокинон ва ҷавонон доир карда мешаванд. То имрӯз дар маҳаллаҳои Шафақ, Ҳабибулло Назаров, Сурхоб, Аҳрорӣ, Нодира, Заҳматобод, […]

06.08.2015 Нет комментариев Читать далее>

Ҷоизаи Президент ба варзишгарон: 300 000 сомонӣ

9 январи соли равон Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ” ба тавсиб расид. Ин иқдоми Сарвари давлат бо мақсади ҳавасманд намудани ғолибону ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ ва дар ин робита баланд бардоштани сатҳи иштироки варзишгарони кишвар дар ин мусобиқаҳо рӯи даст гирифта шуд. Маблағи ҷоиза муайян гардида, аз ин пас ғолибони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ бо 300 000 сомонӣ, барандагони медали нуқра бо 200 000 ва медали биринҷӣ бо 150 000 сомонӣ қадр хоҳанд шуд. Ин маблағҳо аз ҳисоби Фонди Президенти мамлакат ҷудо мешавад.

05.08.2015 Нет комментариев Читать далее>

Амалиёти навбатии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ

Бо ибтикори Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ аз 1 август то 7 сентябри соли 2015  дар қаламрави кишвар Амалиёти экологии умумиҷумҳуриявӣ бахшида ба 24 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон зери унвони “Ин Ватанро мо ҷавонон сабзу хуррам мекунем!” доир мегардад. Дар амалиёт кормандони дастгоҳи марказии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, ташкилотҳои система ва сохторҳои маҳаллӣ бо ҷалби васеи наврасону ҷавонон ҳар рӯзи шанбе дар назди биноҳо, майдончаҳои тобеи худ, гулгашту боғҳо, кӯчаву хиёбонҳо ва биноҳои маъмуриву маишӣ корҳои ташкиливу ободониро анҷом дода, ба ин васила дар тозагию зебоии кишвар саҳм мегузоранд. Мақсад аз баргузории амалиёти экологӣ тарбияи ҷавонону наврасон дар руҳияи ватанпарастӣ, арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ, тавсеа бахшидан ба корҳои […]

05.08.2015 Нет комментариев Читать далее>

Мужда ба ҷавонон!

Сиёсати давлатии ҷавонон қисмате аз рукнҳо дар ҷомеаи шаҳрвандии мо маҳсуб мегардад, ки нақшу мақоми ҷавононро дар ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян месозад. Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон барои ноил шудан ба дастовардҳои муҳим дар ҳаёти иқтисодиву иҷтимоӣ, сиёсиву фарҳангии ҷавонон нақши босазо гузошта, ба ташаккули сиёсати давлатии ҷавонон ва тадриҷан фароҳам овардани имкониятҳои васеи рушду такомули ҷавонон дар шароити мураккаби тағйирёбии сохториву ҷамъиятӣ мусоидат намуд. Ҷавонони саодатманди кишвар бо шукрона аз ин обу хоки сарзамини биҳиштосо, бо шукргузорӣ аз неъматҳои гаронбаҳои ваҳдату истиқлолияти миллӣ, бо пуштибонӣ аз сиёсати пешгирифтаи дурандешонаи Сардори давлат, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо истифода аз донишу малакаи хеш дар ҷодаҳои мухталифи хоҷагии халқ […]

05.08.2015 Нет комментариев Читать далее>

1 474 475 476 477 478