734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню

Хабарҳо


Ҳамовозии ҷавонони Тоҷикистон аз қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат»

9 декабри соли ҷорӣ аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат» қабул шуд. Ташаббуси мазкур амри зарурӣ ва саривақтӣ буда, қабули он нишонаи арҷ гузоштан ба заҳматҳои шабонарӯзии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири пешрафту шукуфоии Тоҷикистони соҳибистиқлол, беҳтар гардонидани сатҳи зиндагии мардум мебошад. Аслан мо ҷавонони хуштолеъи замони истиқлол хеле барвақт Сарвари давлатро Пешвои миллат унвон карда будем. Зеро бо шарофати сиёсати хирадмандонаи ин шахси абармард дар ҷараёни ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии мамлакат нақши ҷавонон хело боло рафтааст. Баъд аз соҳибистиқлол шудани давлати Тоҷикистон маҳз бо талошҳои пайгирона ва иқдомҳои […]

12.12.2015 Нет комментариев Читать далее>

Лагери ҷумҳуриявии “Мактаби омӯзишии ҷавонони фаъол” дар истироҳатгоҳи “Санавбар”

Бо ташаббуси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар истироҳатгоҳи “Санавбар”-и шаҳри Роғун, лагери ҷумҳуриявии “Мактаби омӯзишии ҷавонони фаъол” ташкил карда шуд. Дар лагер бештар аз 80 нафар гирандагони стипендияи президентӣ шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ фаро гирифта шудаанд. Мақсад аз баргузории лагер дар шуури ҷавонон ташаккул додани донишҳои нав ва малакаҳои муҳими ҳаётӣ дар самти сарварӣ, тарзи ҳаёти солим, пеш бурдани ғояҳои худ, худдорӣ аз зуҳуроти номатлуб, муаррифии қобилияту истеъдодҳои худт ва фароҳам овардани шароити мусоид барои мубодилаи малака байни онҳо мебошад. Дар лагери мазкур барои ҷавонони фаъол омӯзиши муассиру тадбиқи таҷрибаҳо, ташкили машғулиятҳо бо усулҳои интерактивӣ ва дигар шаклҳои муосири таълим ба роҳ монда шудааст. Лагери омӯзишӣ […]

12.12.2015 Нет комментариев Читать далее>

Истиқболи ҷавонон аз додани унвони «Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат” ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

Имрӯз дар доираи нақшаи чорабиниҳо Аҳтам Абдуллозода, Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур бо устодону донишҷӯён ва ҷавонони фаъоли донишгоҳ мулоқот кард. Чорабиниро ректори донишгоҳ Амонулло Салимов оғоз бахшида, сухани ифтитоҳиро ба роҳбари Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ дод. Аҳтам Абдуллозода нахуст вобаста ба иқдоми намояндагони мардумӣ барои ба Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон додани унвони «Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат»  суханронӣ карда, онро амри зарурӣ ва саривақтӣ донист. Гуфта шуд, ки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои нахустини ба сари қудрат омадан ҳамеша барои пешрафту шукуфоии Ватани талош варзида, ҳама ҷонисориҳои худро ҷиҳати беҳбуди зиндагии мардум […]

10.12.2015 Нет комментариев Читать далее>

Ифтитоҳи Маркази солимгардонӣ ва тавонбахшии Ҳаёт

Дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бинои боҳашамати Маркази муосири солимгардонӣ ва тавонбахшии Ҳаётро ифтитоҳ намуд. Қабл аз мавриди баҳрабардорӣ қарор додани марказ дар саҳни ҳавлии он Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон барои сохтмони парки обии болопӯшидаи замонавӣ санги асос гузошт. Тавре итттилоъ доданд, парки обии болопӯшида барои истифодабарии он дар ҳамаи фаслҳои сол пешбинӣ шудааст. Баъди бунёди ин парк имкон фароҳам меояд, ки шаҳрвандон барои истироҳату фароғат дар тамоми фасли сол аз он ба таври васеъ истифода баранд. Зимни гузоштани санги асос барои оғози корҳои сохтмонӣ дар парки обии болопӯшида Сарвари давлат ба бинокорон барои иҷрои корҳои босифат дастуру ҳидоятҳо дод. Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуд, ки […]

08.12.2015 Нет комментариев Читать далее>

Амалиёт бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бар зидди СПИД

1-2 декабри соли равон дар шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бар зидди СПИД, ки ҳамасола 1 декабр дар саросари олам таҷлил мегардад, амалиёт баргузор гардид. Дар амалиёт ҷавонону наврасон, ихтиёриён ва масъулини соҳаи ҷавонон иштирок намуданд. Иштирокчиёни амалиёт бештар аз 8 ҳазор маводи иттилоотиро дар маҳаллаҳои серодами пойтахт ба сокинон тақсим намуданд. Масъулини мақсад аз баргузории амалиётро боз ҳам иттилоотнок намудани ҷомеа, хусусан ҷавонон оид ба пешгирии ВНМО/БПНМ ва таблиғи тарзи ҳаёти солим арзёбӣ намуданд. Лозим ба ёдоварист, ки амалиёти мазкур аз ҷониби «Маркази ҷумҳуриявии иттилоот ва тамоюли ҷавонон» ва  раёсату бахшҳои ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанбе бо мусоидату ҳамкории  Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, Ҳукумати шаҳри […]

04.12.2015 Нет комментариев Читать далее>

1 460 461 462 463 464 473