734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню

Хабарҳо


22 медал варзишгарони тоҷик аз Бухоро ба хизинаи варзиши тоҷик ворид гардид

9-10 ноябри соли 2019, дар шаҳри Бухорои Ҷумҳурии Узбекистон мусобиқаи кушоди Вилояти Бухоро оид ба таеквондо (ИТФ) баргузор гардид.   Дар ин мусобиқа беш аз 300 варзишгар аз ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Узбекистон, Қазоқистон, Қиргизстон ва Озарбойҷон иштирок намуда, барои дарёфти мақомҳои ифтихорӣ миёни ҳам рақобат намуданд.   Мавриди зикр аст, ки дар доираи сиёсати оқилона ва варзишпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои варзишгарони тоҷик имкон фароҳам омадааст, ки дар мусобиқаҳои гуногуни сатҳи минтақавию ҷаҳонӣ ҳунарнамоӣ намоянд. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар ҳайати калон, аз ҷумла варзишгарон аз минтақаҳои кишвар, мураббиёну доварон ба хотири баланд бардоштани маҳорат ва андухтани таҷрибаи мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ ба […]

12.11.2019 Нет комментариев Читать далее>

Пешвои ваҳдатофари тоҷикон раҳнамо ба сӯи музаффариятҳо

Пагоҳ, дар Донишгоҳи молия ва иқтисоди Тоҷикистон  мизи мудаввар таҳти унвони “Пешвои ваҳдатофари тоҷикон раҳнамо ба сӯи музаффариятҳо” доир мегардад. Иқдоми мазкур бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Ташкилоти ҷамъиятии “Пайравони Пешвои миллатем” дар якҷоягӣ бо факултети  муносибатҳои иқтисодии байналмилалии Донишгоҳи молия ва иқтисоди Тоҷикистон доир карда мешавад. Дар кори мизи мудаввар олимон ва муҳаққиқон ва коршиносони соҳа иштирок менамоянд. Ҳамасола дар кишвар 16 ноябр ҳамчун Рӯзи Президенти Ҷумҳурии тоҷикистон дар сатҳи баланду зарурӣ доир карда шуда, чорабиниҳои мухталиф аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳои кишвар доир карда мешавад.

12.11.2019 Нет комментариев Читать далее>

Ҷоиза барои шуҷоат ва ҷавонмардӣ

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи “Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳуввияти миллии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2018 – 2022” “Ҷоиза барои шуҷоат ва ҷавонмардӣ” – ро миёни ҷавонони касбу кори гуногун доир менамояд. Ҷоизаи мазкур ба ҷавононе, ки ҷасорату ҷавонмардӣ ва далериву шуҷоатро нишон додаанд, дода мешавад. Тибқи Низомнома ба шахсони зерин ҷоиза дода мешавад: – ҷасорату фидокорӣ дар вазъияти ҷангӣ, ҳолатҳои таҳдидкунанда ба амнияти миллату давлат ва адои қарзи ҳарбӣ, хизматию шаҳрвандӣ; – ҳифзи ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон дар вазъияти барои ҳаёт хатаровар, дар ҳолатҳои шадид, ки бо наҷоти ҳаёти инсон вобаста мебошад (ғарқшавӣ, сўхтор, офатҳои табиӣ ва ғайра); – ҳифз ва […]

12.11.2019 Нет комментариев Читать далее>

“Донишҷӯи сол – 2019” баргузор мегардад

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади дарёфти беҳтарин донишҷӯёни кишвар озмуни ҷумҳуриявии “Донишҷӯи сол – 2019”- ро эълон менамояд. Мақсади асосии баргузории озмуни ҷумҳуриявӣ ин муайян намудани донишҷӯёни беҳтарин дар самтҳои илмомӯзӣ, фарҳангдӯстӣ, хештаншиносӣ, меҳанпарастӣ ва иштироки фаъолонаи онҳо дар ҳаёти сиёсиву ҷамъиятӣ муаян гардидааст. Мавриди зикр аст, ки озмуни мазкур ҳамасола аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир карда мешавад. Озумни мазкур дар чанд марҳила доир гардида, иштирокчиёни озмун донишҷӯёни муассиаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ ва олии кишвар буда, ғолибони озмун бо дирлом ва туҳфаҳои таъсиснамудаи Кумита сарфароз гардонида мешавад.

12.11.2019 Нет комментариев Читать далее>

Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ҳамоиши ҷавонон доир мегардад

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки  ҳамоиши ҷумҳуриявии ҷавононро таҳти унвони “Пайравони Пешвои миллатем” баргузор намояд. Мавриди зикр аст, ки ҳамасола дар кишвар 16 ноябр ҳамчун Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар саросари кишвар бо як шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил карда мешавад, ки имсол Кумита дар ҳамбастагӣ бо Ташкилоти ҷамъиятии “Пайравони Пешвои миллатем” тасмим гирифтааст, ки бо доираи васеи ҷавонони фаъоли кишвар дар саҳни театри давлатии драмавии опера ва балета ба номи С.Айнӣ  ин чорабинии бошукуҳро доир намояд. Тибқи тартиби муқақаргардида дар кори ҳамоиш кормандони вазорату идораҳои кишвар, ҷавнони фаъоли мамлакат, гирандагони стипендияи Президентӣ, квотаҳои Президентӣ ва ҷавонони […]

12.11.2019 Нет комментариев Читать далее>

1 2 3 4 5 6 550