734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню

Хабарҳо


Медалҳои тиллои паҳлавонони тоҷик дар Узбекистон

Ҷаҳонгир Маҷидов, паҳлавони ҷавони тоҷик, дар мусобиқаи XIII байналмилалии “Ҷоми бози Осиё” оид ба ҷудо байни ҷавонону наврасон ба хотираи устоди варзиш Учқун Муродов, ки дар шаҳри Чирчиқи Узбакистон ҷараён дорад сазовори медали тилло гардид. Ҷаҳонгир дар вазни 81 кило баъди пирӯзӣ бо ҳарифонаш аз  Қазоқистон,Қирғизистон ва ду паҳлавони Узбекистон, дар даври ниҳоӣ бо варзишгари дигари тоҷик Раҳматуллобек Фарҳодов қувваозмоӣ намуд. Даври финалии мусобиқаи мазкур байни ду варзишгари тоҷик ҷолиб ҷараён гирифта, бо пирӯзии Ҷаҳонгир Маҷидов ба анҷом расид. Медалаи тиллои вазни 100 килои мусобиқаи мазкур низ насиби варзишгари дигари тоҷик Темур Раҳимов гардид. Темур даври якум озод буд ва баъди се пирӯзӣ бо паҳлавонони узбек сазовори медали тилло гардид. Намояндаи дигари […]

13.05.2017 Нет комментариев Читать далее>

“Беҳтарин оилаи ҷавон” дар Файзобод

Дар асоси нақша-чорабиниҳо бахшида ба “Соли ҷавонон” рӯзи 12 май дар ноҳияи Файзобод озмуни “Беҳтарин оилаи ҷавон” баргузор гардид. Дар озмуни мазкур аз 9 шаҳраку деҳот ду оилагӣ: як оилаи ҷавон ва як оилаи намунавии фаъол ширкат намуданд. Ҳамзамон, озмуни “Тайёрӣ барои барпо намудани оила” байни филиали Коллеҷи тиббии ноҳия ва Литсейи касбӣ-техникӣ бо 10 шарт гузаронида шуд. Донишҷӯёни Литсейи касбӣ-техникӣ бо гирифтани 106 хол соҳиби ҷойи аввал гардиданд. Дар охир аз тарафи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба ҳамаи оилаҳо ва дастаҳо тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.

12.05.2017 Нет комментариев Читать далее>

Ҷамъбасти озмуни “Пайрави Пешво”

Озмуни нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон-рӯзномаи “Ҷумҳурият”, ки бахшида ба “Соли ҷавонон” таҳти унвони “Пайрави Пешво” эълон гардида буд, имрӯз, 12 – май, дар Маҷмааи табъу нашри “Шарқи озод” ҷамъбаст гардид. Қурбоналӣ Раҳмонзода, сармуҳаррири нашрия зимни ифтитоҳи чорабинӣ қайд намуд, ки ҳадафи озмун муаррифии ҷавонони муваффақу болаёқат дар бахшҳои роҳбарӣ, ихтироот, илму технология, соҳибкорӣ ва дигар соҳаҳои муҳими иҷтимоии мамлакат мебошад: – Аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон гардидани соли 2017 ҳамчун Соли ҷавонон бори дигар собит сохт, ки роҳбарияти олии мамлакат ба ин нерӯи созанда ва пешбарандаи ҷомеа эътимоди комил дорад. Дар партави ҳамин сиёсати созанда рӯзномаи «Ҷумҳурият» бахшида ба Соли ҷавонон таҳти унвони «Пайрави Пешво» озмун эълон […]

12.05.2017 Нет комментариев Читать далее>

«Дӯст ояд, гарм дар оғӯш гир…»

Бахшида ба 20-солагии Ваҳдати миллӣ ва «Соли ҷавонон» бо иқдоми Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Сарбанд “Корвони ҷавонон” таҳти унвони «Дӯст ояд, гарм дар оғӯш гир» доир гардид. Корвони мазкур сафари аввалини худро аз деҳаи Эшонободи ҷамоати деҳоти «Гулистон»-и шаҳр оғоз кард. Ба ҳайати он кормандони ҷавон ва фаъолони корхонаҳо, хонандагони лаёқатманди муассисаҳои таълимӣ, гирандагони стипендияи Президентӣ шомил буданд. Мақсади корвони мазкур боло бурдани ҳисси ватандӯстӣ ва сулҳу ваҳдатхоҳии ҷавонон, шиносоӣ бо дастовардҳои якдигар, содиқ будан ба эътимоду эътиқоди Сарвари давлат таъсис дода шудааст. Мавриди зикр аст, ки тибқи нақшаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ин барнома рӯзҳои шанбеи ҳар ҳафта дар деҳаю ҷамоатҳои  «Ваҳдат», «Гулистон» ва маркази шаҳр гузаронида […]

12.05.2017 Нет комментариев Читать далее>

Суғд: Аз манъи шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ то ба кушодашавии Лигаи дуюми футбол

Силсила вохӯриҳои гурӯҳи корие, ки дар асоси дастуру супоришҳои Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсис дода шуда буд, рӯзи 11 май дар мактаби хонандагони болаёқат бо иштироки ходимони дин, кормандони соҳаи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, кор бо занон ва оила, фаъолони ҷамоатҳои деҳоти Хистеварз, Овчиқалъачаи ноҳияи Б. Ғафуров баргузор гардиданд. Чорабинӣ бо сухани ифтитоҳи муовини раиси ноҳия Орифӣ О. оғоз гардид. Минбаъд намояндагони ҳайати гурӯҳи кори дар бобати масъалаҳои мубрами рӯз, аз қабили шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, аз тарафи баъзе нафарон риоя нашудан ва махсусан аз тарафи мансабдорон, хизматчиёни давлатӣ Қонунҳои кишвар “Дар бораи масъулияти […]

12.05.2017 Нет комментариев Читать далее>

1 389 390 391 392 393 528