734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню

Хабарҳо


Волейбол ҷавононро муттаҳид мекунад

Бо ибтикори Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Ванҷ бахшида ба “Соли ҷавонон” ва 20 – солагии Ваҳдати миллӣ дар ноҳия мусобиқаи варзишӣ аз намуди волейбол миёни 7 даста баргузор карда шуд. Аз рӯи холҳои умумӣ дар чор басти бозии финалӣ дастаи “Андарбак” бар дастаи “Будун” бо ҳисоби 3 : 1 (7:4, 14:16, 12:7, 23:10) дастболо шуда, мақоми аввалро соҳиб гардид. Барои ҷойи сеюм дастаҳои “Вишхарв” ва “Шауд” талош намуда, дар охир дастаи “Вишхарв” бо ҳисоби 3 : 1 ( 8: 5, 13:10, 11:6, 20:12) ғолиб омад. Ғолибонро Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Ванҷ Масрур Ғайратов бо мукофоти пулӣ ва ифтихорномаҳои Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳия қадрдонӣ намуд. […]

15.05.2017 Нет комментариев Читать далее>

Меҳмонии ҷавонони кишвар ба Истаравшан ва Мӯъминобод

  Аз 15 то 18 майи соли ҷорӣ дар асоси нақшаи чорабиниҳои муштараки Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ва Вазорати корҳои дохилӣ зери сарпарастии Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон мӯҳтарам Рустами Эмомалӣ меҳмонии ҷавонони минтақаҳои гуногуни кишвар ба шаҳри Истаравшан ва ноҳияи Мӯъминобод  баргузор мегардад. Субҳи имрӯз ду гурӯҳи ҷавонон иборат аз 50 нафарӣ  ба самти шаҳри Истаравшан ва ноҳияи Мӯъминобод сафар намуданд.      Чорабинии мазкур бо мақсади шиносоии ҷавонон бо расму оинҳои минтақаҳои кишвар, аз наздик ошно шудан бо урфу одат, таъриху фарҳанг ва суннатҳои хоси ниёгонамон ҳамзамон таҳкими дӯстиву ҳамдилии ҷавонон ба ҳисоб меравад. Иштирокчиёни чорабинӣ давоми се рӯз дар макони истиқоматӣ бо оилаҳои фаъолу намунавӣ ҳамсӯҳбат ва зиндагӣ хоҳанд […]

15.05.2017 Нет комментариев Читать далее>

Ифтитоҳи Чемпионати ҶТ аз намуди варзиши сабук

Имрӯз, 13 май дар Варзишгоҳи марказӣ оғози кушодашавии Чемпионати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз намудҳои варзиши сабук доир гардид. Дар он Дилшод Назаров, президенти федератсияи варзиши сабук, Ризо Назарзода, муовини аввали раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, собиқадорони ин риштаи варзиш ва варзишгарон иштирок намуданд. Дилшод Назаров дар оғоз ҳозиринро бо эълон гардидани соли 2017 “Соли ҷавонон” табрик намуда, таъкид намуд, ки дар соли ҷавонон баргузории силсила чорабиниҳои хусусияти оммавию касбии соҳаи варзиш ба нақша гирифта шуда, он дар тамоми минтақаҳои кишвар доир гаштаистодаанд, Дар ифтитоҳи чемпионати мазкур аз ҷониби президенти Федератсияи варзиши сабук ба собиқадорони соҳа ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардид. Дар охир баҳри болидагии варзишгарон барномаи кӯтоҳи фарҳангӣ бо […]

15.05.2017 Нет комментариев Читать далее>

Ноҳияи Хуросон: Шоми ҷавонӣ

Шоми 13 майи соли равон дар асоси банди 27 Нақша чорабиниҳои “Соли ҷавонон”, ки бо Амри Президент тасдиқ шудааст, дар ҷамоати шаҳраки Обикиики ноҳияи Хуросон дар боғи фарҳангӣ фароғатии ноҳия чорабинии фарҳангии “Шоми ҷавонӣ” бо иштироки васеи наврасону ҷавонон баргузор гардид. Дар кушодашавии Шоми љавони  муовини раиси ноҳияи  иштирок ва суханронӣ намуда, эълон гардидани соли 2017 “Соли ҷавонон” ва таҷлили 20-солагии “Ваҳдати миллӣ”-ро  ба мардуми сарбаланди ноҳия табрик намуд.

13.05.2017 Нет комментариев Читать далее>

Хизмати Модар – Ватан қарзи ҳар як ҷавонмард аст!

Дар доираи нақшаи кории Кумита 13 майи соли ҷорӣ вохӯрии масъулини Кумита бо волидон, омӯзгрону ҷавонони ду ҷамоатҳои деҳоти шаҳри Ваҳдат бахшида ба “Соли ҷавонон” дар мавӯи хизмати  Модар – Ватан қарзи ҳар як ҷавонмард аст баргузор гардид. Зимни баргузории вохӯри масъулини Кумита аз волидону омӯзгорон даъват ба амал оварданд, ки “Фарзандонро дар рӯҳияи ватандӯстию хештаншиносӣ бояд тарбия намуд”. Инчунин, дар рафти вохӯри ба наздикону пайвандони ҷавононе, ки имрӯз ихтиёран дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон адои хизмат намуда истодаанд бо тӯҳфаҳо қадрдони намуда амали ҷавонмардонаи онҳоро ҳамчун намунаи ибрат арзёби намуданд.

13.05.2017 Нет комментариев Читать далее>

1 388 389 390 391 392 528