734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню

Хабарҳо


Миёни ҷавонони шаҳри душанбе масъалаи шӯрои миллии кор бо ҷавонон дар назди президенти ҷумҳурии тоҷикистон баррасӣ

Дирӯз, 10 июли соли 2016 дар толори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанбе бо мақсади татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон, мусоидат ба раванди тарбияи сиёсиву ҳуқуқӣ,  фарҳангиву маърифатӣ ва ватандӯстӣ, фаъолгардонии ҷавонон дар ҷарайёни корҳои созандагиву бунёдкорӣ  мизи мудаввар бо иштироки ҷавонони фаъоли касбу кори гуногуни шаҳри Душанбе баргузор гардид. Мизи мудавварро сардори Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанбе А.Саймуддинов оғоз намуда, вакили Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Миралиён Қиёмиддин атрофии масалаҳои муҳими ҳаёти ҷавонон суҳбат намуд. Зикр гардид, ки бо мақсади татбиқи Фармони дахлдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъсиси Шӯрои миллии кор бо ҷавонон дар назди Президенти […]

14.06.2016 Нет комментариев Читать далее>

Зебои офар

Зебои офар Санъати наққошӣ, ки гузаштагони мо ба он машғул буданд, дар замони муосир хеле пеш рафтааст. Ҳунармандонигулдаст,ин ҳунариаҷдодиро аз даст ба даст то замониморасондаанд.Имрӯз низнаққошировасеъистифодамебаранд. Аз тамошои нақшҳои Кохи Сомон, Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ, маркази “Хуррамшаҳр” дар ноҳияи Данғара, меҳмонхонаи «Серена-Душанбе”, Кохи Наврӯз ҳаловат мебарем ва гумон мекунем, ки ҳатман устоҳои хориҷӣ дар сохтани он саҳм доранд. Аммо хато мекунем. Ин ҳама зебоиҳоро устоҳои тоҷик офаридаанд. Аниқтараш ҳунарманд ва наққоши маъруфи кишвар Маҳмадкарим Рақибов. Ҳунар ба инсон бузургию шоҳомат бахшида,ӯро болидаруҳ мегардонад. Ҳунар зиндагиро зебоӣ мебахшад. Шахси боҳунар дарахти босамареро мемонад, ки шабеҳи меваҳои болаззату хурдани бобаст. Шахси боҳунар дарёеро мемонад, ки онро ҳар замон […]

10.06.2016 Нет комментариев Читать далее>

Мероси падар хоҳӣ касби падар омӯз…

Мероси падар хоҳӣ касби падар омӯз… Кордсозӣ шуғле мебошад, ки аз замонҳои дур ашхоси муайян ба сохтани он машғул мешуданд. Ин анъана то имрӯз идома ёфта, нафароне айни ҳол ба сохтани корд сару кор доранд.Дар ин ҷода ҷавонон низ фаъолият менамоянд, ки аз соҳибҳунариву маҳоратнокии онҳо дарак медиҳад. Назирҷон Аюбов, зодаи шаҳри Истаравшан, аз ҷавонҳое мебошад, ки ба кордсозӣ машғул гардида, имрӯз ба яке аз ҳунармандони ин роҳ табдил ёфтааст. Пешаи кордсозӣ барои ӯ авлодӣ буда, аз бобокалонаш боқӣ мондааст. Падару бародаронаш низ дорои ҳунари мазкур мебошанд. Муҳаббат ба касб ӯро доим баҳри расидан ба орзуҳонерӯи тоза мебахшад. Аз як ҷисми сахт ба монанди оҳан офаридани ҳар гуна асбоб кори […]

10.06.2016 Нет комментариев Читать далее>

Воситаи ягонаи донишҷӯ шудан дониш аст

Воситаи ягонаи донишҷӯ шудан дониш аст Тайи чанд соли охир дохилшавии ҷавонон ба муассисаҳои олии кишвар тариқи Маркази миллии тестӣ (ММТ) сурат мегирад. Имрӯзҳо марказ баҳри дар сатҳи баланд гузаронидани имтиҳоноти қабул омодагӣ мебинад. Ҷавонон ояндаи давлату миллат ба ҳисоб мераванд, бинобар ин аз тарафи Ҳукумати кишвар ва сохторҳои дахлдор ҷиҳати саводнок гардидани онҳо тадбирҳои мушаххас андешида мешавад, ки тариқи ММТ қабул гардидани ҷавонон ба донишгоҳҳои олии кишвар яке аз онҳост. Абдувосид Юлдошев, ёвари директори Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мегӯяд, тибқи таҳлилҳо довталабони имсола нисбат ба солҳои пешин боз ҳам фаъолтар гардидаанд. Ҳамаи ин далолат бар он мекунад, ки довталаби имрӯза дарк кардааст, ки кафили ягона барои […]

10.06.2016 Нет комментариев Читать далее>

Дастаи волеболбозонӣ Душанбе-1 ғолиби мусобиқа

Бахшида ба ҷашни  Ваҳдати миллӣ аз 1 то 5 июни соли ҷорӣ, дар Мактаби махсуси кӯдакон ва наврасони захриаҳои олимпии №5 –и шаҳри Душанбе мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба волейбол миёни бонувон баргузор гардид. Дар он 5 даста аз ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳри Душанбе иштирок намуданд. Дастаҳо дар ду марҳила барои баромадан ба даври ниҳоӣ миёни ҳам рақобат намуданд. Дастаи волеболбозонӣ Душанбе-1 аз худ маҳорати баланди варзишӣ нишон дода, сазовори ҷойи якум гардид. Ҷои дуюмро дастаи Суғд ва мақоми сеюмро дастаи ВМКБ касб намуданд. Ғолибон аз ҷониби Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ бо медалу ифтихорнома ва  тўҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ шуданд.

06.06.2016 Нет комментариев Читать далее>

1 387 388 389 390 391 437