734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню

Хабарҳо


Баргузориии силсила чорабиниҳо дар Рӯзи варзишгарон

Бо ибтикори Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш дар ҳамкорӣ бо Федератсияи футболи Тоҷикистон ва Кумитаи миллии олимпӣ, санаи 10 август бахшида ба таҷлили Рӯзи варзишгарон силсила чорабиниҳои оммавӣ-варзишӣ ва солимгардонӣ ва суҳбату мулоқотҳо бо варзишгарон ва собиқадорони варзиш доир гардид. Аз ҷумла аз соати 6:30 дар боғи Парчами давлатӣ, боғи Рудакӣ, Нишони давлатӣ, Сирки давлатӣ, саҳни бинои Опера ва балет ва Варзишгоҳи марказӣ беш аз 1000 нафар наврасону ҷавонон машқи пагоҳирӯзӣ намуданд. Соати 9 дар толори Муассисаи давлатии “Мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзиши оид ба намудҳои гӯштин”  ифтитоҳи расмии Рӯзи варзишгарон бо ишитироки варзишгарону мураббиён ва собиқадорони соҳаи варзиш  баргузор гардид, ки дар он раиси Кумита Аҳтам Абдуллозода  иштирок […]

10.08.2017 Нет комментариев Читать далее>

ДИЛШОД НАЗАРОВ БА ФИНАЛИ ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН ДАР ЛОНДОН РОҲ ЁФТ!

 Шоми  дирӯз   варзишгари машҳури тоҷик Дилшод Назаров дар Чемпионати  ҷаҳон оид ба варзиши сабук, ки дар Варзишгоҳи олимпии Лондон ҷараён дорад, дар гурзандозӣ бо натиҷаи 75.54 метр мақоми шашумро касб карда, ба даври ниҳоӣ роҳ ёфт. Тавре аз Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон  ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд,  сабқати интихобӣ оид ба гурзандозӣ бо ширкати 32 варзишгар дар ду гурӯҳ баргузор шуд. Дилшод Назаров гурзро ба масофаи 75 метру 54 сантиметр ҳаво дод, ки ин нишондод дар гурӯҳи «А» натиҷаи панҷум аст. Вай аз рӯи натиҷагирии ҳарду гурӯҳ дар байни 32 нафар шашум шуд. Рекорди инфиродии Дилшод Назаров 80 метру 71 сантиметр аст. Ӯ ба ин натиҷа 25 майи соли […]

10.08.2017 Нет комментариев Читать далее>

Варзишгарон ҳомии нангу номуси миллатанд!

Муҳтарам варзишгарон! Устодону собиқадорони соҳа, ҳаводорон ва дӯстдорони варзиш! Нахуст, ҳамаи Шуморо ба муносибати Рӯзи варзишгарон самимона шодбош гуфта, бароятон саломатии бардавом, сари баланд ва дар фаъолиятатон комёбиву музаффариятҳои нав таманно дорам. Боиси ифтихору сарфарозист, ки дастоварди бузурги миллат – Истиқлолияти давлатӣ барои рушди соҳаи варзиш такони ҷиддӣ бахшида, боиси ин неъмати бебаҳо варзиш нерӯю иқтидори нав пайдо намуд. Зеро аз рӯзҳои аввали ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи варзиш таваҷҷӯҳи махсус зоҳир менамоянд, ки дар зарфи 26 соли соҳибистиқлолӣ, барои рушду пешравии соҳа, дастгирии варзишгарону афзунгардонидани дастовардҳои варзишӣ аз ҷониби давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои […]

10.08.2017 Нет комментариев Читать далее>

ВОСЕЪ: Ҷавонони “Тугарак” ғолиби мусобиқа шуданд

8 августи соли 2017 дар ҷамоати шаҳраки “Восеъ”-и ноҳияи Восеъ ба ифтихори Рӯзи варзишгарон, Истиқлолияти давлатӣ ва “Соли ҷавонон” байни 11 даста аз ҳисоби наврасону ҷавонони ҷамоатҳои “Абди Авазов”, “Мирзоалӣ Вайсов”, “Гулистон” ва “Тугарак”-и ноҳия мусобиқаи футбол доир гардид. Дар натиҷа ҷавонони ҷамоати деҳоти “Тугарак” аз худ маҳорати баланд нишон дода, ҷои якумро соҳиб гаштанд. Ҷои дуюм насиби варзишгарони ҷамоати деҳоти “Гулистон” ва ҷои сеюм насиби ҷамоати деҳоти “Абди Авазов” гашт. Ғолибон аз тарафи Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Восеъ бо Ҷом, ифтихорнома ва мукофоти пулӣ қадрдонӣ шуданд. Умед МИРЗОЕВ, “ҶТ”

09.08.2017 Нет комментариев Читать далее>

“Соли ҷавонон” соли талош аст!

Дар идомаи силсиламулоқотҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати ҷумҳурӣ бахшида ба “Соли ҷавонон” дар қисмҳои ҳарбии шаҳри Душанбе 8 август мулоқоти навбатӣ дар қисми ҳарбии 12019 Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид. Дар вохӯрии мазкур масъулин аз Вазорати мудофиа ва Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш иштирок ва суханронӣ намуданд. Амир Иброҳимов, мутахассиси пешбари Раёсати кор бо ҷавонони Кутимаи кор бо ҷавонон ва варзиш, зимни баромади хеш роҷеъ ба нақши ҷавонон дар рушди ҷумҳурӣ суханронӣ намуда иброз дошт, ки “Пешвои миллат ҳангоми вохӯриҳояшон доим иброз медоранд, ки мо аз ҷавонон умеди зиёд дорем. Чунки нерӯ, симо ва муаррифгари давлату миллат имрӯзу фардо ҷавонон мебошанд. Маҳз бо ин […]

09.08.2017 Нет комментариев Читать далее>

1 386 387 388 389 390 548