734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню

Хабарҳо


Мактаби сулҳпарваронаи Пешвои миллат – раҳнамои ҷавонон

Имрӯз, 26 май, дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо ибтикори Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ Конференсияи ҷумҳуриявии олимону муҳаққиқони ҷавон зери унвони “Нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар амалӣ намудани сиёсати давлатии ҷавонон” баргузор гардид. Дар конфронс намояндагони Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, Кумитаи забон ва истилоҳот, Кумитаи кор бо занон ва оила, Академияи илмҳои кишвар, роҳбарони муассисаҳои олии мамлакат ва олимону муҳаққиқони ҷавон иштирок ва суханронӣ намуданд. Аҳтам Абдуллозода, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ чорабиниро ифтитоҳ бахшида, зимни суханронии хеш иброз дошт, ки “Дар даврони соҳибистиқлолӣ таваҷҷуҳу ғамхорӣ нисбати ҷавонон дастгирии ташаббусҳои онҳо беш аз пеш афзуда, нақш ва мақоми ҷавонон боз ҳам густурдатар ба назар мерасанд. […]

26.05.2017 Нет комментариев Читать далее>

Ҷавонон зидди ифротгароӣ ва терроризм

Як гуруҳ ҷавонони ноҳияи Шаҳритуз барои пешгирии ҷавонон аз гароиш ба ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ, 22 май аз маркази ноҳия бо шиору овезаҳои «Ҷавонон зидди ифротгароӣ ва терроризм», «Мо терроризм ва экстремизмро маҳкум менамоем», «Ҷавонон – муҳофизи дастовардҳои истиқлолият» роҳпаймоӣ карданд. Баъдан дар деҳаи Сомониёни ҷамоати деҳоти ба номи Х. Холматов, бо иқдоми бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Шаҳритуз ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо иштироки беш аз 500 нафар ҷавонон ва сокинони деҳа чорабинӣ таҳти унвони «Ҷавонон зидди ифротгароӣ ва терроризм» доир намуданд. Дар чорабини муовини раиси ноҳия Анзурат Абдусаломзода, мудири бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳия, Фаррух Турақулов, сардори шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳия Ҳамдамзода Валихон, […]

24.05.2017 Нет комментариев Читать далее>

Ҳамоиши ҷавонон  таҳти унвони «Мо насли истиқлолем!»

Мавриди зикр аст, ки бо ташаббус ва дастгириҳои ҳамаҷонибаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  аз соли 1997 то инҷониб Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон бо шукӯҳу шаҳомати хосса дар тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ доир мегардад. Боиси хушбахтист, ки зимни ироаи Паёми хеш Президенти кишвар ба Маҷлиси Олӣ  соли 2017 – ро “Соли ҷавонон” эълон намуданд ва имсол Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар доираи Соли ҷавонон баргузор гардид. Бояд қайд намуд, ки вобаста ба мутантан таҷлил намудани Соли ҷавонон Нақшаи чорабиниҳо бахшида ба Соли ҷавонон бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 феврали соли 2017 № АП – 833 тасдиқ гардида дар доираи он чорабиниҳои фарҳангӣ – фароғатӣ, маърифатӣ – зеҳнӣ […]

23.05.2017 Нет комментариев Читать далее>

Муроҷатномаи ҷавонону варзишгарони Тоҷикистон ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Муроҷатномаи ҷавонону варзишгарони Тоҷикистон ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон   Ҷавонони саодатманди Тоҷикистони азиз огоҳ ҳастанд, ки Пешвои муаззами мо ба хотири ояндаи дурахшони миллати тоҷик сулҳу суботро дар ҷумҳурӣ барқарор карда, Ватанамонро аз вартаи фалокат наҷот доданд ва бо ташаббуси наҷибу созандаи худ кишвари биҳитосоямонро ба ҷомеаи ҷаҳонӣ муаррифӣ намуда, мақом ва мартабаи онро баланд бардоштанд. Мо, насли ояндасози Ватан беш аз ҳама ифтихор аз он дорем, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми азму кори хеш ба нерӯи тавонбахши ҷавонони мамлакат такя намуда, баҳри ҳалли мушкилоти онҳо чораҳои судманд меандешанд ва ташаббусҳои ҷавононро дастгирӣ менамоянд. Ин амали некбинонаи […]

23.05.2017 Нет комментариев Читать далее>

Табрикоти Аҳтам Абдуллозода раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон 23 – май

Дӯстони ҷавони ман, насли навраси Тоҷикистони азиз! Нахуст мехоҳам ҳамаи Шуморо, ки дар асл бақои кишвару миллат ва созандаи фардои Ватани маҳбубу соҳибистиқлол ва халқи азизамон ҳастед, ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон муборакбод гӯям. Дар ҳақиқат, имсол барои мо – ҷавонон хеле муҳиму фарқкунанда аст, зеро бо ташаббусу пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2017 “Соли ҷавонон” эълон гардид, ки барои мо мояи ифтихору сарфарозист. Ин ташаббус бо назардошту дарки амиқи нақшу мавқеи ҷавонон дар рушду созандагии кишвари азизамон сурат гирифтааст. Воқеан, ҷавонон ҳамчун нерӯи созандаи кишвар, такягоҳ, умед ва ифтихори давлату ҷомеа ба шумор рафта, дар рушди […]

23.05.2017 Нет комментариев Читать далее>

1 385 386 387 388 389 528