734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню

Хабарҳо


Ҳар як сокини пойтахт дар гулгулшукуфоии диёрамон бояд саҳмгузор бошад

Рӯзҳои охири ҳафтаи сипаригардида дар толори Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 30 бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ободонӣ ва тозаву озода гардонидани шоҳроҳу хиёбонҳо вохӯрии муовини якуми Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ Мавсума Муинӣ бо сокинони Кооперативи моликони манзили №3-и ноҳияи Шоҳмансур баргузор гардид. Дар вохӯрии мазкур зиёда аз 100 нафар сокинони касбу кори гуногуни маҳаллаҳои Шоҳмансур 1 ва Шоҳмансур 2 иштирок намуданд. Мавсума Муинӣ зимни баромади хеш оид ба дастовардҳои 25-соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдовар гардида, иброз дошт, ки мо сокинон баҳри муҳофизати ин дастовардҳо ва барои ноил гардидан ба дастовардҳои нав ба нав дар ҳамбастагӣ бояд фаъолият намем. […]

17.05.2016 Нет комментариев Читать далее>

Миннатдории гирандагони стипендияи Президенти ба Пешвои миллат

11-уми май, дар Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ, бахшида ба Рӯзи ҷавонони мамлакат Аҳтам Абдуллозода, раиси кумита бо гирандагони стипендияи Президенти ҷумҳурӣ мулоқот кард. Аҳтам Абудуллозода қайд кард, ки ҳавасманд намудани муҳассилини муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ нишонаи пойдории сулҳу субот дар ҷомеа ва ғамхориҳои беназири давлат ва Ҳукумати ҷумҳурӣ, хусусан, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба насли ояндасози кишвар мебошад. Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ба барандагони стипендияи Президенти ҷумҳурӣ шаҳодатнома ва стипендия (380 сомонӣ ҳар моҳ) супорид. Гирандагони стипедияи Президент дар навбати худ миннатдории худро ба Пешвои миллат, Президенти кишвар ва ба Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ иброз намуданд ва ваъда […]

13.05.2016 Нет комментариев Читать далее>

Корвони тарғиботии Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон

Аз 12 то 22 майи соли ҷорӣ, корвони тарғиботии Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Рашт сафарбар гардид, ки ҳайати таблиғотии он аз 15 нафар аъзоёни Иттифоқ иборат мебошанд. Мақсад аз баргузории чунин чорабиниҳоро масъулин ба он рапт доданд, ки ба ин васила таъмини иштироки фаъолонаи аҳолӣ, бахусус ҷавонон дар раъйпурсии умумихалқӣ оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Боиси қайд аст, ки дар баргузории чорабиниҳо аз ҷониби аъзоёни Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар баргузории корвони тарғиботи ба аҳоли маводҳои иттилотӣ дар ҷойҳои сераҳолӣ тақсим карда мешавад.

13.05.2016 Нет комментариев Читать далее>

Тантанаҳои ҷашни ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ

Бахшида ба таҷлили ҷашни ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ, санаи 7 майи соли 2016 маросими гузоштани гулчамбар дар назди муҷассамаи Модар, ба хотири шаҳидони роҳи Ватан, дар шаҳри Ваҳдат чорабинии идона баргузор гардид. Дар ҷашнвора шаҳрвандон аз тамоми қишрҳои ҷомеа, хурду калон, пиру  ҷавон, иштирокчиёни ҷанги Афғонистон, собиқадорони меҳнат ва инчунин варзишгарон иштирок намуданд. Дар боғи фарҳангии шаҳр бошад, бо иштироки ҳунармандони ҷавон консерти идона ва сайри оммавӣ ташкил карда шуд. Аз ҷониби Ихтиёриёни Филиали Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар шаҳри Ваҳдат миён насли ҷавон мусобиқаи шашкабозӣ таҳти унвони “Ҷавонон пайрави Пешвои миллат” ташкил карда шуд.

08.05.2016 Нет комментариев Читать далее>

Мусобиқаи волейбол байни ҷавонони маҳаллаҳои ш. Қурғонтеппа

Аз ҷониби бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Қурғонтеппа бахшида ба 71-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ мусобиқаи волейбол байни ҷавонони маҳаллаҳои ш. Қурғонтеппа аз 2 то 7 майи соли 2016 баргузор гардид, ки дар он 10 даста аз маҳаллаҳои шаҳр иштирок намуданд. Дар натиҷаи мусобиқа ҷойҳои ифтихори насиби дастаҳо аз маҳаллаҳои Ваҳдат, Борбад, Кайҳонавардон ва Ч. Мирзоқодирова  гардид. Масъулини бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ш.Қурғонтеппа ғолибони мусобиқаро бо Диплом, Ҷом ва туҳфаҳо қадрдони намуданд.

08.05.2016 Нет комментариев Читать далее>

1 370 371 372 373 374 412