734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню

Хабарҳо


Хуршед Маҷидов дар чемпионати ҷаҳон соҳиби медал гардид

Варзишгари ҷавони тоҷик Хуршед Маҷидов дар мусобиқаи қаҳрамонии дзюдои ҷаҳон миёни варзишгарони синашон то ҳаждаҳсола дар Босния ва Ҳерзеговина дар вазни беш аз 90 кило мақоми севумро касб кард ва медали биринҷӣ ба даст овард. Ин бори аввал аст, ки дар риштаи дзюдо дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон миёни наврасон намояндаи Тоҷикистон ба чунин дастовард сазовор мегардад. Дар Чемпионати ҷаҳон байни наврасон Хуршед Маҷидов пас аз се ғалаба ба Лхақвадори Батҷаграл (Муғулистон), Дмитрий Хохлов (Булғористон) ва Филип Милҷевик (Хорватия), дар даври ниманиҳоӣ аз Камол Каитов (Русия) шикаст хӯрд. Паҳлавони тоҷик барои ҷойи севум бар Игнас Мекаҷус (Латвия) ғолиб омад ва соҳиби медали биринҷӣ шуд. Дар ин мусобиқа 475 варзишгар аз 59 […]

10.08.2015 Нет комментариев Читать далее>

Табрикоти Аҳтам Абдуллозода бахшида ба Рӯзи варзишгарон

Табрикоти Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳтам Абдуллозода бахшида ба Рӯзи варзишгарон   Варзишгарони арҷманд! Парчамбардорони мӯҳтарам! Пеш аз ҳама Шуморо ба муносибати Рӯзи варзишгарон, ки маҳз ба хотири дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии варзишгарон ҳамасола 10 август ҷашн гирифта мешавад, самимона табрик менамоям. Мояи ифтихор ва сарфарозист, ки варзиш рӯз ба рӯз дар кишвари соҳибистиқлоли мо рушду инкишоф ёфта, қисмати асосии аҳолии мамлакат рӯ ба он овардаанд. Рӯй овардани ҷавонону наврасон ба варзиш аз солимии миллати тоҷик шаҳодат дода, барои тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим заминаи мусоид гузоштааст. Эълон гардидани 10 август  ҳамчун Рӯзи варзишгарон ва таҷлили ҳамасолаи он дар сатҳи баланд аз таваҷҷуҳи бевоситаи Ҳукумати […]

10.08.2015 Нет комментариев Читать далее>

Шуморо ба варзиш даъват менамоем!

Бо мақсади густариши бештари варзиш ва таблиғи доимии тарзи ҳаёти солим рӯзи шанбеи ҳар ҳафта дар тамоми қаламрави мамлакат ҳамчун рӯзи варзиш ва солим гардонии аҳолӣ эълон гардидааст. Дар робита ба ин бо ибтикори Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ субҳи имрӯз кормандони дастгоҳи марказии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, ташкилотҳои система, мактабҳои варзишӣ, дӯстдорону алоқамандони варзиш, ҷонибдорони тарзи ҳаёти солим бо ҷалби васеи сокинон дар назди Кохи Ҷомӣ ҷамъ омада, марафони давро доир намуданд. Ширкаткунандагони марафон аз назди Муҷассамаи асосогузори давлати тоҷикон Исмоилӣ Сомонӣ тавассути хиёбонӣ марказӣ то назди Театри опера ва балети ба номи С. Айнӣ давида, дар саҳни он машқҳои пагоҳирӯзиро анҷом доданд. Дар шароити имрӯзаи рушд ва […]

08.08.2015 Нет комментариев Читать далее>

Амалиёти экологӣ дар Боғи Айнӣ

Имрӯз бо иштироки кормандони дастгоҳи марказии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, ташкилотҳои система, сохторҳои маҳаллӣ, ҷавонону наврасон, ихтиёриён ва доираи васеи сокинон дар Боғи фарҳангии Айнӣ  амалиёти экологӣ доир карда шуд. Дар амалиёти экологии умумиҷумҳуриявӣ иштирокдорон гирду атрофи майдончаҳои боғ, дарахту буттаҳо ва роҳраву гулгаштҳоро аз партовҳои нолозим тоза намуданд. Инчунин, барои тозаю озода нигоҳ доштани ҳифзи муҳити зист корҳои таблиғотиро миёни ҷавонону сокинон ба роҳ монда, онҳоро ба корҳои ихтиёрӣ ҷиҳати ободонӣ ва тозагӣ маҳаллаҳо даъват карданд. Лозим ба ёдоварист, ки Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 август то 7 сентябри соли 2015  дар қаламрави кишвар Амалиёти экологии умумиҷумҳуриявро бахшида ба 24 солагии Истиқлолияти […]

08.08.2015 Нет комментариев Читать далее>

Иштироки варзишгарони тоҷик дар Чемпионати Осиё

Ҳайати дастаи Тоҷикистон оид ба бокс дар Чемпионати Осиё миёни занон, ки аз 7-ум то 13-уми август дар Ҷумҳурии мардумии Чин доир мегардад, иштирок менамоянд. Тоҷикистонро дар ин мусобиқа 4 нафар варзишгар, Мавзуна Чориева, барандаи медали биринҷии олимпиадаи Лондон-2012 дар вазни 60 кг, Дилафруз Зафарова дар вазни 48 кг, Рухшона Раҳмонзода дар вазни 54 кг ва Шоира Зулкарнаева дар вазни 64 кг муаррифӣ хоҳанд кард. Варзигаронро ду мураббӣ, Ҷамшед Султонов ва Мирзо Шамсиев ҳамроҳӣ мекунанд.

06.08.2015 Нет комментариев Читать далее>

1 367 368 369 370 371 372