734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню

Хабарҳо


Ҷавонони ноҳияи Бохтар ихтиёран ба хизмати ҳарбӣ сафарбар гардиданд

4 апрели соли 2017 дар ноҳияи Бохтари вилояти Хатлон ҷиҳати иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 марти соли 2017, №852 “Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди ‎‎‎1990-1999 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ“ 27 нафар ҷавонони синни даъват муташакилона дар як фазои мутантан бо дуои пирони рӯзгордида аз ҷониби Комисарияти ҳарбӣ ва Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Бохтар ихтиёран ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон сафарбар карда шуданд. Дар ин маросим аз ҷониби бахши фарҳанги ноҳия чорабинии фарҳангӣ баҳри болидахотирии ҷавононе, ки ихтиёран баҳри ҳимояи марзу буми Ватан камари ҳиммат бастаанду барои таъмин намудани […]

04.04.2017 Нет комментариев Читать далее>

Ҷаҳонгир Маҷидов дар Ҷоми Аврупо оид ба ҷудо байни наврасон ғолиб омад

Паҳлавони навраси кишвар Ҷаҳонгир Маҷидов дар Ҷоми Аврупо оид ба дзюдо байни наврасон (European Judo Union), ки 1-2 апрел дар шаҳри Тулаи Русия баргузор шуд, медали тилло ба даст овард. Ҷаҳонгир Маҷидов дар вазни -81 килограмм бар Мансур Лорсанов (Русия), Избассар Ералиев (Қазоқистон) ва Размик Барави (Русия) ғолиб шуда, ба финал баромад. Дар қувваозмоии ниҳоӣ Гоча Гвачлианиро аз Гурҷистон шикаст дод. Ба ҳайати дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон 11 варзишгар дохил буданд. Вале даҳ нафари дигар дар даврҳои муқаддамотӣ аз рақибонашон шикаст хӯрданд. Дар мусобиқа 323 варзишгар (207 писар ва 116 духтар) аз 16 кишвар иштирок доштанд. Дар ҳисоби даставӣ варзишгарони Русия бо 41 медал (10 тилло, 12 нуқра ва 19 […]

04.04.2017 Нет комментариев Читать далее>

Мулоқоти масъулин доир ба пешгирии амалҳои номатлубӣ иҷтимоӣ миёни ҷавонон

Аз 27 март то 2 апрели соли ҷорӣ бо ташаббуси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳмяҳои Истаравшан, Исфара, Гулистон, Шаҳристон, Спитамен, Ашт, Ҷаббор Расулов, Деваштич ва Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд мулоқотҳо дар самти пешгирии амалҳои номатлуби иҷтимоӣ ва муҳоҷирати меҳнатӣ доир карда шуд. Дар мулоқотҳои мазкур зиёда аз 1000 наврасону ҷавонон иштирок намуда, пешгирии амалҳои номатлубӣ иҷтимоӣ ва муҳоҷирати меҳнатӣ маълумотҳои муфассал ба даст оварданд. Дар мулоқот Исмоил Шерхонов таъкид намуд, ки терроризму экстремизм ҷавононро ба гумроҳӣ мебарад ва ҷавонони ноогоҳ дар охир аз ин амалашон пушаймон мегарданд. -Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷавононро пайваста дастгирӣ […]

04.04.2017 Нет комментариев Читать далее>

Ташаккули малакаҳо дар ҷавонон доир ба пешгирии ВНМО/БПНМ

Аз 27 март то 3 апрели соли ҷорӣ бо ташаббуси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳмяҳои Истаравшан, Конибодом, Исфара, Спитамен, Ашт, Ҷаббор Расулов ва Масчоҳи вилояти Суғд тренингҳои омӯзишӣ дар мавзуи “Ташаккули малакаҳо дар ҷавонон доир ба пешгирии ВНМО/БПНМ бо наврасону ҷавонон” доир карда шуд. Дар кори тренингҳои омӯзишӣ зиёда аз 100 наврасону ҷавонон иштирок намуда, доир ба ВНМО/БПНМ ва дигар бемориҳои сирояти маълумотҳои муфассал ба даст оварданд. Бояд қайд намуд, ки тренингҳои омӯзишӣ дар доираи Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016 – 2018 доир карда шуд.

04.04.2017 Нет комментариев Читать далее>

Мулоқот бо ҷавонони Панҷакент

Санаи 1 апрели соли 2017 дар шаҳри Панҷакент вохурии Сардори Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Суғд Олимҷон Зоҳидзода бо ҷавонони шаҳр доир гардид. Дар мулоқот муовини раиси шаҳри Панҷакент Парвиз Шодизода, намояндаи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ иштирок ва суханрони намуданд. Дар вохӯри вобаста ба масъалаҳои мубрами ҷавонон, гаравидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонуни, шуғли ҷавонон ва дигар самтҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Ҳамчунин дар ин мулоқот байни роҳбарият ва ҷавонон суолу ҷавоби озод доир гардид. Ҷавонон пешниҳод, дархост ва таклифу миннатдории худро ба масъулини чорабинии мазкур иброз намуданд. Баъди нисфирӯзи санаи 1 апрел сардори Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Суғд Зоҳидзода Олимҷон аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии […]

03.04.2017 Нет комментариев Читать далее>

1 355 356 357 358 359 476