734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню

Хабарҳо


Кӯдакон ояндаи моянд

Дирӯз, 1 июни соли 2016, дар Боғи Ирами пойтахт бахшида  ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдак таҳти унвони«Кӯдакон ояндаи моянд» бо ибтикори Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ва Маркази ҷумҳуриявии фарҳанг ҷавонон «Ориёно» чорабнии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор карда шуд. Сараввал Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ Аҳтам Абдуллозода кӯдаконро бо Рӯзи ҳифзи кӯдак табрик намуда иброз дошт, ки танҳо дар ҳолати таваҷҷуҳи зарурӣ додан ва дуруст тарбия намудану ба роҳи рост ҳидоят намудани кӯдакону наврасон мо метавонем, наслҳои солиму худогоҳро тарбия карда, давлатдории мустақилонаи худро мустаҳкам созем ва дилпурона ба сӯи оянда пеш равем. Дар чорабинии мазкур ба 120 нафар тарбиятгирандагони мактаб-интернатҳои шаҳри Душанбе тӯҳфаҳои хотиравӣ ва маводҳои хӯрока тақдим карда шуд. […]

02.06.2016 Нет комментариев Читать далее>

Чемпионати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба волейбол байни бонувон

Имрӯз дар Мактаби махсуси кӯдакон ва наврасони захриаҳои олимпии №5 –и шаҳри Душанбе чемпионати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба волейбол байни бонувон бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ оғоз гардид. Дар маросмии ифтитоҳи чемпионат намояндаи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ иштирок ва суханронӣ намуданд. Дар мусобиқаи мазкур 5 даста аз ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳри Душанбе иштирок менамояд. Хотиррасон менамоем, ки мусобиқаи мазкур 5 июн ҷамъбаст мегардад.

01.06.2016 Нет комментариев Читать далее>

Мусобиқаи шиноварӣ

Дар доираи чорабиниҳои «20 рӯзи ҷавонӣ» ва таҷлили Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд таҳти унвони «Ҷавонон – пайрави Пешвои миллат ва муҳофизони дастовардҳои 25 соли Истиқлолияти давлатииҶумҳурии Тоҷикистон!» санаи 19 майи соли 2016 дар Маҷмааи ҳавзҳои шиноварии ба номи ” 20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон” мусобиқаи кушоди шаҳри Хуҷанд оид ба шиноварӣ байни ҷавонон ва наврасон баргузор гардид, ки дар он 68 нафар варзишгарон иштирок намуданд. Мусобиқаи мазкур аз рӯи 4 намуд яъне, усулҳои тарзи озод, брасс, тахтапушт ва эстафета дар масофаи 50 метр гузаронида шуд. Дар охир ғолибони мусобиқа бо диплом, медал ва тӯҳфаҳо сарфароз гардонида шуданд. «Мақсад аз гузаронидани мусобиқаи мазкур пеш аз ҳама ҷалби ҷавонону наврасон ба ин […]

01.06.2016 Нет комментариев Читать далее>

Футболи хурд байни донишҷӯён

Аз 19 то 22 майи соли ҷорӣ дар варзишгоҳи хурди футболбозии Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи С.Раҳимов марҳилаи сеюми мусобиқаи ҷумҳуриявӣ байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба футболи хурд баргузор мегардад, ки дар он 5 даста аз Душанбе 1, Душанбе 2, Вилояти Суғд, Хатлон 1 ва Хатлон 2 байни якдигар рақобат хоҳанд намуд. Хотиррасон менамоем, ки дар марҳилаи сеюм ғолибони марҳилаҳои якум ва дуюм байни ҳам қувваозмоӣ менамоянд. Рақобати дастаҳо то санаи 22 май ҷараён ёфта, ғолибон бо диплом ва медалҳои таъсиснамудаи Кумита сарфароз гардонида мешаванд. Мусобиқаи мазкур дар доираи Нақшаи тақвими ягонаи чорабиниҳои оммавӣ, варзишӣ, солимгардонӣ ва иштироки варзишгарон дар мусобиқаҳои байналмилалӣ барои соли […]

01.06.2016 Нет комментариев Читать далее>

Ғолибони мусобиқаи ҷумҳуриявӣ байни донишҷӯён оид ба дзюдо

Рӯзҳои 21 – 22 майи соли 2016 дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон мусобиқаи ҷумҳуриявӣ байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба дзюдо баргузор гардид, ки дар он  дастаҳои вилояти Суғд, Душанбе-1, Душанбе-2 ва Хатлон-2 ширкат варзиданд. Мусобиқа аз рӯи вазнҳои 60кг, 66кг, 73кг, 81кг, 90кг, 100кг ва +100кг доир гардида, ки дар натиҷа бо гирифтани  5 медали тилло, 1 медали нуқра ва 1 медали биринҷӣ дар ҳайати даставӣ  Душанбе-1 сазовори ҷойи аввал гардид, дастаи Душанбе -2 бо гирифтани 1 медали тилло, 3 медали нуқра ва 1 медали биринҷӣ сазовори ҷойи дуюм ва дастаи Хатлон 2 бо гирифтани 1 медали тилло, 2 медали нуқра ва 2 медали биринҷӣ сазовори […]

01.06.2016 Нет комментариев Читать далее>

1 345 346 347 348 349 394