734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню

Хабарҳо


Ғолибони озмуни КҶВС дар соли 2016 эълон шуд

30-юми декабри соли 2016 Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ озмуни кумитаро дар соҳаи адабиёт, рӯзноманигорӣ, санъат, меъморӣ ва барномасозӣ дар соли 2016-ро ҷамъбаст карда, ғолибонро эълон намуд. Ба озмун 38 нафар корҳои худро пешниҳод намуданд, ки баъд аз натиҷагирии аъзои ҳакамон 27 нафари он беҳтарин дониста шуданд. Аз ҷумла, сармуҳаррири рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” Бахтовар Каримов соҳиби ин ҷоиза гардид. Ғолибони озмуни Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ дар соҳаи  РӮЗНОМАНИГОРӢ: 1. Ҷасур Раҳмонов, донишҷӯи курси панҷуми факултети технология ва соҳибкории ДДОТ ба номи С. Айнӣ, ҳамзамон хабарнигори ҷамъиятӣ дар самти кор бо ҷавонон ва риштаи варзиш; 2. Сулаймон Сангаҳмадов, хабарнигори идораи барномаҳои таҳлилии Радиои Тоҷикистон; 3. Шариф Атобуллоев, […]

03.01.2017 Нет комментариев Читать далее>

Дарвоз: Омӯзиши паҳлӯҳои фаъолияти соҳибкорӣ ва таҳияи бизнес-нақша

30 декабри соли 2016 бо ташаббуси Кумитаи ҷавонон варзиш ва сайёҳӣ дар ноҳияи Дарвози ВМКБ  семинар-машваратӣ илмию амалӣ таҳти унвони  “Омӯзиши паҳлӯҳои фаъолияти соҳибкорӣ ва таҳияи бизнес-нақша”  бо фарогирии ҷавонони фаъолу соҳибтаҷриба ва ҷавононе, ки мехоҳанд дар оянда ҳамчун соҳибкори мувафақ фаъолият намуянд доир гардид. Дар кори семинар ҷавонон доир ба тарзи таҳия намудани нақшаи соҳибкорӣ, ба амал баровардани фаъолияти соҳибкорӣ дар шароити маблағгузории худ, роҳҳои ба мувафаќият ноил гардидан дар муддати кӯтоҳ дар соҳаи соҳибкорӣ миёни ҳам табодули таҷриба ва  мубодилаи афкор намуданд.  Илова бар ин, дар семинари омӯзишии мазкур муовини якуми раиси ноҳия иштирок намуда, ҷавононро ба соли нави мелодии 2017-Соли ҷавонон табрик намуда, ба ҷавонон дар соли […]

30.12.2016 Нет комментариев Читать далее>

Пойдории оила-устувории ҷомеа

Дар доираи амали намудани “Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон барои солҳои 2016-2018” ва пешигии намудани ҷавонон аз никоҳи хешутаборӣ ва ба ин васила баланд бардоштани маърифати оиладорӣ миёни ҷавонон бо ташаббуси  Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ва дастгирии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 29 декабри соли равон бо иштироки васеи ҷавонписарону ҷавондухтарон ва оилаҳои навбунёд  мизи мудаввар таҳти унвони “Пойдории оила асоси устувории ҷомеа” дар ҷамоати деҳоти Лангар  баргузор гардид. Дар кори нишаст доираи васеи ҷавонон миёни ҳам доир ба масъалаҳои гуногун аз ҷумла никоҳи хешутаборӣ ва оќибатҳои ноустувори он, сабаб ва омилҳои ҷудошавии оилаҳои ҷавон, тарбия ва ба камол расонидани кӯдакон […]

29.12.2016 Нет комментариев Читать далее>

Донишҷӯи соли Хатлон муайян гардид

Дар шаҳри Қӯрғонтеппа бо мақсади дарёфти донишҷӯёни болаёқат бо ташаббуси Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Хатлон озмуни «Донишҷӯи беҳтарини соли 2016» ҷамъбаст гардид. Озмун дар се давр баргузор шуд: даври аввал навиштани корҳои хаттӣ (бо забони давлатӣ), даври дуюм – саволу ҷавоби тестӣ ва даври сеюм – навиштани иншо. – Озмун бо мақсади дарёфти донишҷӯи беҳтарин, ҳавасманд ва тарбия намудани донишҷӯён дар рӯҳияи илмдӯстӣ, хештаншиносӣ, ифтихори миллӣ ва таҳким бахшидан ба тарбияи маънавию ахлоқии донишҷӯён ҳар сол баргузор карда мешавад, – гуфт Шоҳзод Раҳимов – мудири бахши кор бо ҷавонони Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Хатлон. Дар натиҷа ҷои аввал насиби Муҳаммадазиз Ҳамроев – донишҷӯи Донишгоҳи давлатии тиббии […]

29.12.2016 Нет комментариев Читать далее>

Истиқболи Соли ҷавонон бо баргузории амалиёти ниҳолшинонӣ

Имрӯз дар боғи назди Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ бо иштироки роҳбарият ва кормандони сохтор амалиёти ниҳолшинонӣ таҳти унвони “Ин Ватанро мо ҷавонон сабзу хуррам мекунем!” баргузор гардид.  Таҳти роҳбарии Аҳтам Абдуллозода, Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ аз ҷониби кормандони Кумита дар боғи мазкур бо мақсади боз ҳам ободу зебо гардонидани гирду атрофи бино дарахтони мевадиҳанда шинонида шуданд. Масъулини Кумита изҳор доштанд, ки Амалиёти ниҳолшинонӣ дар доираи тавсеа бахшидан ба корҳои ободониву созандагӣ дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва соли 2017 эълон гардидани “Соли ҷавонон” дар кишвар сурат мегирад. Боиси хотирнишон аст, ки масъулини дастгоҳи марказии Кумита ва […]

29.12.2016 Нет комментариев Читать далее>

1 319 320 321 322 323 412