734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню

Хабарҳо


Озмуни расмкашӣ дар вилояти Суғд

Тибқи нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд имрӯз, 24 июни соли равон, дар роҳи мошингарди шафати собиқ мағозаи «1000 чизҳои майда чуйда» бахшида ба таҷлили Рӯзи байналмиллалии мубориза бар зидди сӯиистеъмоли маводи нашъаовар ва муомилоти ғайриқонунии он озмуни расми рӯи мумфарш баргузор гардид. Дар озмуни мазкур 55 нафар наврасону ҷавонон аз шаҳру ноҳияҳои вилоят иштирок намуданд. Инчунин худи ҳамин рӯз дар Ќасри ҷавонони ба номи Лоиқ Шералии шаҳри Хуҷанд чорабинии фарҳангию фароғатӣ бо иштироки роҳбарияти МИЊД-и вилояти Суғд, Шӯрои вилоятии ҳамоҳангсозӣ оид ба пешгирии сӯиистеъмоли маводи нашъадор, масъулини Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Суғд ва бо ҷалби ҷавонону наврасон баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур ба ғолибони озмуни расмкашӣ […]

24.06.2016 Нет комментариев Читать далее>

Донишҷўёни н. Файзобод бо тӯҳфаҳо қадрдонӣ гардиданд

Тибқи нақша – чорабинҳои бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Файзобод 23 июни соли равон, дар толори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия вохӯрии роҳбарияти ноҳия бо донишҷӯёне, ки тибқи квотаи Президентӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар таҳсил менамоянд, баргузор гардид. Дар вохӯрии мазкур, инчунин ҷавонони фаъол ва хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи ноҳия иштирок намуданд. Вохурӣ дар фазои озод баргузор гардида дар он  муҳокимарниҳо байни донишҷӯён ва масъулин доир гардид. Дар охир аз тарафи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ба ҳамаи донишҷўён тӯҳфаҳои молиявӣ  тақдим карда шуд. Дар охири чорабинӣ ҷавонон аз фазои ободу озод ва дастовардҳои насли ояндасоз шукргузорӣ намуда, ваъда доданд, ки воқеан пайрваони асилӣ Пешвои миллат хоҳанд […]

24.06.2016 Нет комментариев Читать далее>

Шӯро – стратегияи нави сиёсати давлатии ҷавонон

Дар бунёди давлати демократию дунявӣ мақоми ҷавонон бағоят бузург аст. Зеро ҷавонон ба сифати як нерӯи ниҳоят пуриқтидори бунёдкор ва пешбарандаи ҳаёти ҷомеа шинохта ва эътироф шудаанд. Омӯзиш ва таҳлили татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон тақозо менамояд, ки онро ба чор марҳала ҷудо намоем. Марҳалаи якум аз моҳи марти соли 1992 бо қабули Қонун «Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон» оғоз гардида, то баимзорасии Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ идома меёбад. Қабули қонуни мазкур саҳифаи навро дар инкишофи ҳаракати ҷавонон боз намуд. Ташаккул ва муайянсозии роҳу равиши минбаъдаи сиёсати давлатии ҷавонон баъди Иҷлосияи XVI таърихии Шӯрои Олӣ сурат гирифт. Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 2 феврали соли 1993 бо ҷавонон мулоқот […]

23.06.2016 Нет комментариев Читать далее>

Ҳаёт бе маводи мухадир

Бахшида ба Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди маводи мухаддир, cанаи 22 июни соли равон дар шаҳри Ваҳдат чорабиниҳои мухталиф аз қабили бозиҳои варзишию озмуҳои расмкашӣ гузаронида шуд. Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳр дар ҳамкорӣ бо Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни насли ҷавон озмуни расми беҳтарин таҳти унвони “Ҳаёт бе маводи мухадир!” ва зери ин шиор миёни кӯдакону наврасон мусобиқаи рафиқона оид ба гӯштини дзюдо баргузор намуданд. Дар ифтитоҳи чорабиниҳои гузаронидашуда, аз тарафи мутахассисон ба иштирокчиён муҳтавои маводи мухаддир ва зарари он ба ҷомеа фаҳмондадиҳӣ карда шуд. Чорабиниҳо дар фазои идона таҷлил гардида, иштирокчиёни фаъол бо ифтихорномаҳо ва туҳфаҳои хотиравии аз тарафи масъулин ба иштирокчиёни фаъоли […]

23.06.2016 Нет комментариев Читать далее>

Мусобиқаҳо бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бар зидди маводи мухадир дар н. Файзобод

Рӯзи 21.06.2016 сол, бахшида ба  Рӯзи умумиҷаҳони мубориза бар зидди маводи мухадир бо ташаббуси бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Файзобод ва дасгирии Агентии мубориза бар зидди маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳу рии Тоҷикистон дар ноҳияи Файзобод мусобиқаи варзиши оди ба намуди шашка баргузор гардид. Дар мусоибқаи мазкур наврасону ҷавонони ноҳия иштирок намуда, ғолибон бо диплом ва дигар тӯҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонда шуданд. Ҳамчунин дар доираи Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бар зидди маводи мухадир Аксияи иттилоотӣ бо тақсим намудани маводи иттилоотӣ миёни сокинон ва ҷавонони ноҳия доир гардид.

23.06.2016 Нет комментариев Читать далее>

1 300 301 302 303 304 353