734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню

Хабарҳо


Идомаи кори Форум дар шаҳри Москва

Пас аз нисфирӯзӣ дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия ҷиҳати муаррифии имкониятҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон, рушди фаъолияти волонтёрӣ, соҳибкорӣ ва туризим бо пешниҳоди лоиҳаву маърӯзаҳо Форуми ҷавонони Россияву Тоҷикистон ба кори хеш идома бахшид. Дар самти татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳмадзода Дилноза аз Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати намояндагии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Джалалова Диана Ғайратовна ҳамоҳангсози барномаи байналмилалии “Волонтёрони ҷаҳон” – и Ассотсиатсияи марказҳои волонтёрон бо ҳайати намояндагии Федератсияи Россия бо пешниҳоди лоиҳаҳои ҷадид, таклифу пешниҳодҳои мухталифи дуҷониба барои ҳамоҳангсозӣ ва баргузории чорабиниҳои муштарак иштирок ва суханронӣ намуданд. Дар кори Форуми мазкур вобаста ба фаъолияти […]

17.04.2019 Нет комментариев Читать далее>

Созишномаи ҳамкорӣ миёни Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон ва Иттифоқи ҷавонони Федератсияи Россия

Дар доираи Форуми ҷавонони Россия ва Тоҷикистон, ки аз 15 то 17 апрели соли 2019 дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия баргузор гардида истодааст, созишномаи ҳамкорӣ миёни Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон ва Иттифоқи ҷавонони Россия ба имзо расид.

17.04.2019 Нет комментариев Читать далее>

Форуми ҷавонони Россия ва Тоҷикистон расман ифтитоҳ гардид

Имрӯз дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия Форуми ҷавонони Тоҷикистону Россия бо доираи васеи ҷавонони Россия ва Тоҷикистон расман ифтитоҳ гардид. Дар кори Форум раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллозода Аҳтам Рутсам бо ҳайати намояндагии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бугаев Александр директори Агентии федералии кор бо ҷавонони Федератсияи Россия бо ҳайати намояндагии Федератсияи Россия иштирок ва суханронӣ намуданд. Зимни ифтитоҳи Форуми ҷавонони Россия ва Тоҷикистон таъкид гардид, ки муносибатҳои дӯстона ва ҳасанаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсия Россия барои густариши ҳамкориҳои Россияву Тоҷикистон заминаи мусоидро фароҳам оварда, имрӯз ҳамкориҳои ин ду кишвари дӯсту бародар дар самти сиёсати давлатии ҷавонон дар сатҳи зарурӣ қарор доранд. Раиси Кумитаи […]

17.04.2019 Нет комментариев Читать далее>

Мулоқоти Аҳтам Абдуллозода бо Бугаев Александр

Нимаи дуюми имрӯз дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия дар доираи баргузории Форуми ҷавонони Россия ва Тоҷикистон мулоқоти раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллозода Аҳтам Рустам бо директори Агентии федералии кор бо ҷавонони Федератсияи Россия Бугаев Александр Вячеславович баргузор гардид. Нахуст, Бугаев Александр Вячеславович ҳайати намояндагии Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои ташрифашон ба Федератсияи Россия хайрамақдам намуда, аз ҳамкориҳои дуҷониба дар самти кор бо ҷавонон дар доираи сиёсати дурандешонаи Роҳбарони давлатҳои ҳарду кишвар ҷонибҳо изҳори хушнудӣ намуданд. Зимни мулоқот зикр гардид, ки ҳамкориҳои муштаракаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия дар самти татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон хуб ба роҳ монда шуда, баргузории Форуми ҷавонони Россияву Тоҷикистон, ки дар […]

17.04.2019 Нет комментариев Читать далее>

Мулоқот бо Раиси Ҳукумати Федератсияи Россия Дмитрий Медведев

 16 апрел дар доираи сафари расмӣ дар Федератсияи Россия Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Москва бо Раиси Ҳукумати Федератсияи Россия Дмитрий Медведев мулоқот карданд. Дар ҷараёни мулоқот маҷмуъи васеи масъалаҳои ҳамкории дуҷониба мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз имкони дидору мулоқот ва баррасии масоили ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷониба изҳори хушнудӣ карда, таъкид доштанд, ки мо ба таҳкими ҳамкории стратегӣ бо Россия манфиатдор ҳастем. Ҷонибҳо дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои ҳамкорӣ дар бахшҳои ояндадори рушди тиҷоратию иқтисодӣ, афзоиши гардиши мол, нақши муҳими Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба масъалаҳои ҳамкории иқтисодӣ, ҳамкорӣ бо минтақаҳои Россия дар самтҳои гуногунро баррасӣ […]

17.04.2019 Нет комментариев Читать далее>

1 2 3 4 5 454