734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню

Хабарҳо


Олимҷон Зоҳидзода сардори Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Суғд таъин гардид

Дар асоси фармоиши раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо розигии Раиси вилояти Суғд Олимҷон Зоҳидзода сардори Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Суғд таъин гардид. Муаррифии сардори нави Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилоят дар маҷлисгоҳи Қасри варзиши маркази вилоят бо иштироки муовини Раиси вилоят Назира Ғаффорӣ баргузор шуд. Чуноне иттилоъ дода шуд, Олимҷон Зоҳидзода то лаҳзаи таъин шуданаш ба вазифаи сардори Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилоят дар вазифаҳои гуногун кор кардааст. Ӯ дар чанд соли ахир мудири бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров буд. Назира Ғаффорӣ зимни муаррифии роҳбари нави раёсат аз дастгириҳои давлатии ҷавонон ёдовар шуда, изҳори умед намуд, […]

13.03.2017 Нет комментариев Читать далее>

САҲМИ ҶАВОНОН ДАР ХУРРАМГАРДОНИИ ДУШАНБЕШАҲР

  12 марти соли 2017 ҷавонон бо ҷонибдорӣ аз ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе вобаста ба эълони 150 рӯзи ободониву созандагӣ, ниҳолшинонию кабудизоркунӣ таҳти унвони “Хуррамгардонии Душанбешаҳр-рисолати сокинони пойтахт!” ва Аксияи ҷумҳуриявии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 75-рӯзи ниҳолшинонии ҷавонон таҳти унвони “Дарахти дӯсти биншон, ки коми дил ба бор орад!” ба тозагиву ободонӣ, ноҳолшинонӣ ва бунёдкориву созандагии боғу гулгашт, кӯчаву роҳрав, атрофи биноҳои истиқомативу муассисаҳои таълимӣ саҳгузорӣ намуданд. Бо ин мақсади имрӯз дар Боғи дустии халқҳо дар ноҳияи Фирдавсӣ, Боғи ба номи Айнӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ, Копративи моликони манзили №4, Коллеҷи омузгорӣ, маҳаллаи Бустон дар ноҳияи Шоҳмансур, шаҳраки 101,112 маҳаллаҳои Мехкалон дар […]

12.03.2017 Нет комментариев Читать далее>

Конференсияи илмӣ – амалӣ дар мавзӯи “Ҷавонон пайрави – Пешвои миллат”

Имрӯз бо ташаббуси Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар Маркази ҷавонони шаҳри Душанбе Конференсияи илмӣ –  амалӣ дар мавзӯи “Ҷавонон пайрави – Пешвои миллат” баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур масъулини Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, Маркази ҷавонони шаҳри Душанбе, волонтёрон, донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва дигар ҷавонони фаъол иштирок намуданд. Нахуст, Самандар Абдуллоев директори Маркази ҷавонони шаҳри Душанбе ба сухан баромада, доир ба дастгириҳои давлату ҳукумати кишвар нисбат ба қишри ҷавон ибрози андеша намуд. Дар конфронси мазкур инчунин дигар иштирокчиён аз ҷумла Шукрона Ҳакимова, Аминҷон Қурбонов, Суҳайл Асрорзода, Ҳофиз Сангаков, Дилноза Қурбонзода, Шариф Сайфҳусейнов ва Аминҷон Абдуллоев бо мазӯъҳои омодакардаи хеш барномад намуданд. Дар охири чорабини масъулини Кумита, ба иштирокчиёни фаъол […]

11.03.2017 Нет комментариев Читать далее>

Баргузории чемпионати вилояти Хатлон оид ба волейбол  бахшида ба «Рӯзи модарон» ва «Соли ҷавонон»

3 – 4 марти соли равон дар шаҳри Қӯрғонтеппа Чемпионати вилояти Хатлон оид ба волебйол байни бонувон бахшида ба «Рӯзи модарон» ва «Соли ҷавонон» баргузор гардид. Дар чемпионат 10 даста аз шаҳру ноҳияҳои Қӯрғонтеппа, Норак, Бохтар, Ҷ. Балхӣ, Қубодиён, Н. Хусрав, Панҷ, Ҷайҳун, А. Ҷомӣ  ва коллеҷи тиббии шаҳри Қӯрғонтеппа ширкат варзиданд. Дар маросими ифтитоҳи чемпионат сардори Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Хатлон Ф. Абдуллоева иштирок ва суханронӣ намуданд. Муҳтарама Ф.Абдуллоева сараввал иштирокчиёнро ба муносибати ҷашни “Рӯзи модар” ва эълон гардидани соли 2017  “Соли ҷавонон” самимона табрик намуд. Қайд гардид, ки аз ҷониби Раёсат барои ҷалби бештари ҷавондухтарон ва бонувон ба намудҳои гуногуни варзиш мунтазам тадбирҳо роҳандозӣ мегарданд. Ин […]

09.03.2017 Нет комментариев Читать далее>

Корҳои ободонӣ бахшида ба “Соли ҷавонон”

Рӯзҳои 4 – 5 марти соли 2017 бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Роҳбари Дасгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ташкил намудани корҳои сохтмонию ободонӣ, таъмири биною иншоот, тоза намудани гирду атрофи идораҳо, объектҳои иҷтимоию маишӣ, маҳали зист, кӯчаю хиёбонҳо, ниҳолшинонӣ, кабудизоркунӣ, обод намудани гулгаштҳо ва боғҳои истироҳатию фароғатӣ бо ташаббуси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми қаламраи кишвар ҳашарҳои умумии тозагиву ободонӣ ва кабудизоркунӣ баргузор гардид. Дар он зиёда аз  30214 нафар ҷавон дар ҳашарҳои умумии тозагиву ободонӣ фаъолона иштирок намуда, 6110 адад ниҳолҳои сояафкану ороишӣ ва гулу буттаҳо шинонида шуд. Ҳамзамон, дар асоси Фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 феврали соли 2017, №9-ф, […]

06.03.2017 Нет комментариев Читать далее>

1 281 282 283 284 285 394