734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню

Хабарҳо


Кӯлоб: Баргузории ярмаркаи ҷойҳои кори холӣ

Бо ибтикори бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Кӯлоб ва шӯъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии шаҳр 5 май бахшида ба “Соли ҷавонон” дар Боғи фарҳангӣ- фароғатии шаҳр ярмаркаи ҷойҳои кори холӣ ва вазифаҳои озод баргузор шуд. Дар он Ғиёсиддин Достиев, мудири бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳр, Махфират Каримова, сардори шӯъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии шаҳр, Насриддинзода Рамазон, намояндаи мақомоти шаҳри Кӯлоб ва сардорони дигар ташкилоту муассисаҳо иштирок намуданд. Махфират Каримова, гуфт, ки шӯъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии шаҳр тасим гирифтааст, ки минбаъд ҳамингуна ярмакаҳои ҷойи кори холиро дар дигар ҷамоатҳои шаҳр низ гузаронад. Дар ярмаркаи мазкур 185 ҷойи кори холӣ аз тарафи 14 ташкилоту муассисаҳои шаҳр пешниҳод […]

08.05.2017 Нет комментариев Читать далее>

Данғара: Қаҳрамонҳои ҷумҳурӣ муайян шуд

Бо иқдоми Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара, рӯзҳои 6 – 7 майи соли ҷорӣ дар Маҷммаи варзишӣ мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини миллӣ байни ҷавонони соли таваллуди 1997- 2000 бахшида “Соли ҷавонон” баргузор гардид. Дар он зиёда аз 240 нафар варзишгарон аз дастаҳои “Хатлон-1”, “Хатлон-2”, Суғд, ВМКБ, “Душанбе-1” ва “Душанбе-2” ва минтақаи Рашт иштирок намуданд. Паҳлавонон аз рӯйи вазнҳои 55, 60, 65, 70, 75, 80, 90, 100 ва +100 кг байни ҳам рақобат карданд. Вазни 55 кг: 1. Сомон Аламов – Душанбе-2 2. Шариф Қурбонов – Хатлон-1 3. Сорбони Илҳом – Хатлон-2 3. Исориддин Раҳимов – Хатлон-2 Вазни 60 кг: 1. Далер Қурбонов […]

08.05.2017 Нет комментариев Читать далее>

Оғози мусобиқа оид ба футбол бахшида ба “Соли ҷавонон” дар ноҳияи Деваштич

Бахшида ба «Соли ҷавонон» ва 20 солагии Ваҳдати миллӣ дар ноҳияи Деваштич баҳри ёдбуди корманди шоистаи варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон Богут Холов мусобиқаи кушоди ноҳиявӣ оид ба футбол байни наврасони соли таваллудашон 2003-2004-и мактабҳои варзишии вилояти Суғд оғоз гардид. Дар мусобиқа дастаҳои шаҳрҳои Хуҷанд, Истаравшан, Бўстон, Истиқлол,ноҳияҳои Мастчоҳ, Деваштич, Ҷаббор Расулов, Спитамен, Шаҳристон ва дастаҳои Муассисаи давлатии мактаби варзишии вилояти Суғд байни ҳам қувваозмоӣ менамоянд. Мусобиқа панҷ рўз идома меёбад ва ғолибон бо ҷоми сайёр, тӯҳфаҳои хотиравӣ ва сипосномаҳо қадрдонӣ карда мешавад. Манбаъ: Сомонаи расмии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд

07.05.2017 Нет комментариев Читать далее>

Хатлон: Баргузории чорабиниҳои гуногун бахшида ба Рӯзи ғалаба

Бахшида ба 72 – солагии Рӯзи ғалаба дар ҶБВ бо ташаббуси бахшҳои ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ як қатори чорабиниҳои фарҳангию фароғатӣ, оммавию варзишӣ ва айёдати пирони рӯзгордида доир гардида истодаанд. Тавре аз Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Хатлон иттилоъ додан дар арафаи таҷлили ин сана бо ибтикори Раёсат ба 5 нафар иштирокчиёни ҶБВ кумакҳои молияӣ ба маблағи 200 сомонӣ расонида шуд. Ҳамчунин, санаи 6 майи бо мақсади тозаву озода нигоҳ доштани кӯчаву хиёбонҳо, маҳаллаҳои шаҳр, варзишгоҳҳо ва боғҳои фарҳангию фароғатии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ҳашари умумӣ баргузор гардидан, ки дар он зиёда аз 10000 нафар ҷавонону сокинони касбу корӣ гуногун иштирок намуданд. Азиз Азимов мудири бахши […]

07.05.2017 Нет комментариев Читать далее>

Бохтар: Мехмонии ҷавонони кишвар ба ноҳия Бохтар

Дар чорабини «Корвони ҷавонон», ки бахшида ба “Соли ҷавонон” аз ҷониби бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Бохтар санаи 5 – 6 майи соли равон баргузор гардид, 10 нафар волонтёрони Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ бо мақсади аз наздик шинос шудан бо урфу одат, мавзеҳои таърихию фарҳангӣ, дастоварду пешравиҳои ҷавонони ин минтақа ҳамзамон мустаҳкам намудани риштаи дӯстӣ миёни ҷавонон сафарбаргардида дар он иштирок намуданд. Мавриди ташриф овардани волонтёрони Кумита онҳоро дар даромадгоҳи ноҳия муовини раиси ноҳия, мудири бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ва ҷавонони фаъол бо тантана истиқбол намуданд. Тибқи барнома волонтёрон ба гурӯҳҳо ҷудо гардида дар вохӯри бо хонандагон ва ҷавонон иштирок ва суханрони намуданд. Сипас волонтёрону ҷавонони ноҳия […]

07.05.2017 Нет комментариев Читать далее>

1 259 260 261 262 263 394