73402, Тоҷикистон Душанбе, к.Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню

Хабарҳо


5 медали тиллои варзишгарони тоҷик

6 – 12 сентябри соли равон дар шаҳри Андрияи Итолиё чемпионати ҷаҳон оид ба Таэквон-до ИТФ байни наврасон ва собиқадорон баргузор гардид. Дар он 553 варзишгар аз 58 кишвари ҷаҳон ширкат варзиданд. Дастаи 21 нафараи варзишгарони тоҷик дар чемпионати мазкур иштирок намуда, 5 медали тилло, 8 медали нуқра ва 4 медали биринҷиро дар рақобатҳои инфиродӣ ва даставӣ ба даст оварданд. Медалҳои тиллоро Камолиддин Тоҷибоев, Фаридун Гадоев, Умед Юлдошев, Аминҷон Ғиёсов ва Сиёвуш Ибрагимов соҳиб шуданд, ки боиси баланд гардидани парчами Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ гардид. Аз рӯи натиҷаи умумидаставӣ варзишгарони тоҷик мақоми чорумро байни дастаҳои наврасон ноил шуданд.

15.09.2016 Нет комментариев Читать далее>

Гурӯҳи 60-нафараи ҷавонон ба Рашт меҳмонӣ рафтанд

13 сентябр соли равон як гурӯҳи 60-нафараи ҷавонони фаъоли шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ зери шиори “Ҷавонон – пайрави Пешвои миллат ва муҳофизи дастовардҳои 25 – соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба минтақаи Рашт сафар намуданд. Аҳтам Абдуллозода, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ бо ҷавонони фаъол мулоқот анҷом дода, иброз дошт, ки меҳмонии ҷавонон ба минтақаҳо ба устувор гардидани дӯстиву рафоқати онҳо боис мегардад. Аз ҳаёту фаъолияти якдигар огоҳ мешаванд, ки ин ба баланд гардидани ҳисси худшиносиву худогоҳии миллии ҷавонон мусоидат хоҳад кард. Меҳмонии ҷавонон аз 13 то 16 сентябри соли ҷорӣ ба нақша гирифта шудаааст, ки дар ин муҳлат ҷавонон аз зиндагиву фаъолияти ҳамсолонашон дар ноҳияҳои Рашт, Тавилдара, Лахш, Тоҷикобод […]

14.09.2016 Нет комментариев Читать далее>

Ҷавонони ноҳияи Ёвон ғолибияти Дилшод Назаровро истиқбол гирифтанд

Бо ташаббуси бевоситаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон ва филиали КВД «Маркази ҷумҳуриявии иттилоот ва тамоюли ҷавонон дар ноҳияи Ёвон» ба ифтихори истиқболи ҷашни 25 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумхурии Тоҷикистон ва дастоварди беназири фарзанди фарзонаи миллат, ғолиби бозиҳои тобистонаи олимпии Рио -2016 Дилшод Назаров марафони ноҳиявӣ доир карда шуд. Марафони мазкур тариқи хатсайр аз соати 8 субҳ аз назди бинои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия оғоз гардида, тавассути ҷамоатҳои деҳоти Гулчеҳра Юсуфова, Обшорон, Ситораи Сурх, шаҳраки Ҳаёти Нав, Норин, Чоргул ва Даҳана идома ёфт. Соати 14 -00 марафони мазкур дар Боғи марказии ғалаба бо иштироки аъзоён ва ҷонибдорони ҲХДТ, аъзоёни ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» […]

02.09.2016 Нет комментариев Читать далее>

Иштирокчиёни дави миллӣ аз минтақаҳои ҷумҳурӣ вориди шаҳри Душанбе шуданд

Имрӯз, 2 сентябри соли ҷорӣ варзишгарони аз ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон ва минтақаи Рашт ҷиҳати иштирок дар Дави миллӣ, ки 3 сентябри соли 2016 дар шаҳри Душанбе бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад, ба пойтахт расиданд. Варзишгаронро масъулини Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанбе ва бахшҳои ноҳиявии он дар чор даромадгоҳи пойтахт истиқбол намуданд. Дар даромадгоҳи шаҳри Душанбе аз самти шимол (собиқ дидбонгоҳи БДА «Чорбоғ») 13 нафар варзишгарони вилояти Суғд, аз даромадгоҳи самти ҷануб (назди бозори Корвон) 10 нафар варзишгарони вилояти Хатлон, аз самти шарқ варзишгарони минтақаҳои Кӯлоб, Рашт ва ВМКБ, ҳамчунин аз самти ғарб варзишгарони шаҳри Турсунзода аз ҷониби фаъолҷавонони пойтахт истиқбол намуда, дар меҳмонхонаи […]

02.09.2016 Нет комментариев Читать далее>

Мусобиқа оид ба футболи хурд бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Хуҷанд ва Кумитаи маҳаллаи “Тиллокон” аз 11 то 29 августи соли 2016 дар майдони варзишии Муассисаи давлатии мактаби варзишии бачагон ва наврасони № 2-и шаҳри Хуҷанд мусобиқа оид ба футболи хурд байни истиқоматкунандагони биноҳои баландошёнаи маҳаллаи “Тиллокон” баргузор гардид, ки дар он 10 даста ба 2 зергуруҳ таксим шуда, байни ҳамдигар рақобат намуданд. Дар натиҷа ҷойи аввал насиби дастаи бинои № 27, ҷойи дуюм дастаи бинои №17 ва ҷойи сеюм дастаи бинои №36  гардид. Ба ғолибон ва бозингарони беҳтарин диплом, медал ва туҳфаҳои хотиравии таъсиснамудаи кумитаи тадорукот сарфароз гардонида шуданд. Дар маросими […]

01.09.2016 Нет комментариев Читать далее>

1 198 199 200 201 202 264