73402, Тоҷикистон Душанбе, к.Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню

Хабарҳо


Иштирок дар маъракаи ниҳолшинонӣ дар Боғи Наврӯзгоҳ ва шиносоӣ бо рафти корҳои созандагию ободонӣ дар як қатор иншооти пойтахт

26734505_1761766297226882_1999716228304892415_n (1)

21 январи соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар Боғи Наврӯзгоҳи пойтахт дарахтони нодири сояафкану ороишии кипарис, Сарви Лейландӣ ва секвоя шинонида, ба маъракаи ниҳолшинонӣ ва вусъати корҳои ободонию кабудизоркунӣ ва сабзу хуррам гардонидани муҳити атроф ҳусни оғоз бахшиданд. Ҳашари ниҳолшинонӣ тибқи нақшаи асосии ободонию бунёдкорӣ ва азнавсозии пойтахти кишвар – шаҳри Душанбе дар майдони Боғи Наврӯзгоҳи пойтахт сурат гирифта, ба хотири зебою озода кардани хиёбонҳои шаҳр дарахтони зиёди ороишию ҳамешасабз, ки ҳамзамон ба саломатии инсон фоида дошта, боиси болидахотирию руҳбаландии сокинону меҳмонон мегардад, шинонида шуд. Дар майдони Боғи Наврӯзгоҳи пойтахт Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ […]

21.01.2018 Нет комментариев Читать далее>

Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи аз вазифаи Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Қурбониён А.К. Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам : 1. Қурбониён Абдусалом Карим бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад. 2. Фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ш. Душанбе 19 январи соли 2018 №: 991  ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи аз вазифаи Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Қаҳҳорзода Ф.С. Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам: 1. Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи Раиси […]

19.01.2018 Нет комментариев Читать далее>

Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Kasri-millat

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ҚАРОР аз 19 январи соли 2018 №: 22 ш. Душанбе Дар бораи аз вазифаи Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Абдуфатоҳи Ғоиб Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад: Абдуфатоҳи Ғоиб бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад. Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ҚАРОР аз 19 январи соли 2018 №: 23 ш. Душанбе Дар бораи аз вазифаи муовини якуми Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Каримзода Х.А. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад: Каримзода Хуршед Абдураҳмон бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи муовини якуми Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати […]

19.01.2018 Нет комментариев Читать далее>

Пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Kasri-millat08IMG_0851

Мутобиқи моддаи 14 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон» пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи аз вазифаи Раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Ҳамрализода Фаррух Маҳмуд ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол гардид.

19.01.2018 Нет комментариев Читать далее>

«Эмомалӣ Раҳмон-асосгузори давлатдории муосири тоҷик» — китоби нав бахшида ба фаъолияти 25-солаи сиёсии Пешвои миллат

Emomali-Rahmon-Asosguzori-davlati-muosiri-tochikon

Дар  матбааи нашриёти «Контраст»-и шаҳри Душанбе китоби тозаэҷоди соҳибкори донишманд Абдуқаҳҳор Холов  ва доктори илмҳои таърих, мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ Зафар Сайидзода бо номи «Эмомалӣ Раҳмон — асосгузори давлатдории муосири тоҷик» ба нашр расид. Ин асари таҳлилӣ аз се боб иборат аст, ки ба масъалаҳои раванди поягузории давлатдории муосири точик, ташаккулу густариши худшиносии миллӣ ва сиёсати хориҷии Тоҷикистони соҳибихтиёр бахшида шудаанд. Китоб теъдоди зиёди суратҳои ранга дошта, дар сатҳи баланди полиграфӣ мунташир гаштааст. Ҳамаи рӯйдодҳои сарнавиштсозе, ки дар тӯли чаҳоряк аср дар Тоҷикистон рух додаанд, бо номи сиёсатмадори барҷаста, абармарди сулҳофарин, Пешвои эътирофшудаи миллат Эмомалӣ Раҳмон, ки бо ҳисси масъулият дар пеши имрӯзиён […]

19.01.2018 Нет комментариев Читать далее>

1 2 3 4 193