73402, Тоҷикистон Душанбе, к.Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню

Хабарҳо


ВМКБ: Ҷамъбасти марҳилаи аввали Фестивали бозиҳои варзишӣ

Мувофиқи нақша – чорабиниҳои Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии кишвар дар маркази ВМКБ, шаҳри Хоруғ марҳилаи аввали Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор гардид. Дар расми ифтитоҳи чорабинии оммавӣ раиси ВМКБ Шодихони Ҷамшед, муовини сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим, сардори Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилоят Ризо Раҳматшоев ва меҳмонону бошандагони Хоруғ ширкат доштанд. Зикр гардид, ки ҳадаф аз доир намудани Фестивал ин рушд ва эҳёи бозиҳои миллии варзишӣ, тарбияи наслҳои имрӯзу фардо дар рӯҳияи арҷгузорӣ ба таъриху анъанаҳои милии аҷдодон, таҳкими тарзи ҳаёти солим ва пешгирии ҳаргуна падидаву аъмоли зишт байни ҷавонону наврасон мебошад. Дар доираи Фестивал асосан намудҳои варзишии вазнбардорӣ, гӯштигирӣ, дастхобонӣ, пойга (варзиши сабук, давидан ба масофаи 400, […]

03.04.2017 Нет комментариев Читать далее>

Шоми ҷавонӣ бахшида ба “Соли ҷавонон”

Бо ташаббуси бахши ҷавонон, варзиш ва сайеҳии ноҳияи Бохтар ба мақсади мустаҳкам намудани риштаи дӯстии ҷавонон ва баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии онҳо чорабинии фарҳанги-фароғатӣ таҳти унвони “Шоми ҷавонӣ” доир гардид. Дар чорабинӣ сардори Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайеҳии вилояти Хатлон Фариза Абдуллоев, муовини раиси ноҳия Дилафрӯз Маҳмадалиева, мудири Бахши ҷавонони ноҳияи Бохтар Парвиз Азимов ва мудирони бахшҳои ҷавонони шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯрғонтеппа иштирок намуданд. Дар ифтитоҳи чорабинӣ намоиши дастовардҳои ҷавонони ноҳия ба тамошо гузошта шуд, ки аз ҷониби меҳмонон баҳои хуб гирифт. Фариза Абдуллоев, ҳозиринро ба эълон гардидани “Соли Чавонон” муборакбод намуда, гуфт:  “Ҷавонони хатлонзамин аз амалҳои наҷиби Пешвои миллат дар роҳи инсондӯстӣ, хештаншиносӣ, ватанпарастии миллӣ доштанро дар зиндагӣ роҳнамои хеш […]

03.04.2017 Нет комментариев Читать далее>

“Саодати миллат аз Ваҳдат аст”

Аз 30 март то 1 апрели соли ҷорӣ дар доираи нақшаи чорабиниҳои Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 20 солагии Ваҳдати миллӣ дар ноҳияҳои Мӯъминобод, Ховалинг ва Балҷувон миззи мудаввар дар мавзӯи “Саодати миллат аз Ваҳдат аст” доир карда шуд. Дар чоарнибиҳои мазкур намоядагони Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар маҳаллҳо, шӯъбаҳои маориф, кор бо занон ва оила ва наврасону ҷавонон иштирок намуданд. Давлат Суфиев намояндаи Кумита ба сухан баромад, иброз дошт, ки осудагию оромӣ, тинҷию амонӣ, шукуфоиву сарсабзӣ, ободониву фаровонӣ, рушди бомароми иқтисодиёту иҷтимоиёти кишвар, беҳтар шудани сатҳи зиндагии мардум, сол ба сол паст шудани сатҳи […]

01.04.2017 Нет комментариев Читать далее>

Фестивал – озмуни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии мамлакат

1 апрели соли ҷорӣ дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев даври ниҳоии Фестивал – озмуни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии мамлакат ҷиҳати дарёфти истеъдодҳои ҷавони эҷодкор  доир карда шуд. Дар чорабинии мазкур намоядагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, Вазорати фарҳанг, Вазорати маориф ва илм, Кумитаи кор бо занон ва оила, донишгоҳу донишкадаҳо ва ҷавонони фаъол ширкат намуданд. Дар даври ниҳоии озмун 27 нафар ҷавонони лаёқатманду соҳибистеъдод ҳунарномаӣ намуданд. Ба ғолибон дар охир ҷом, диплом ва дигар тӯҳфаҳои хотиравӣ тақим карда шуд.

01.04.2017 Нет комментариев Читать далее>

ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДӮСТИИ ҶАВОНОН ДАР МАВЗӮИ «ТАШАББУСҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ВОБАСТА БА ОБИ ОШОМИДАНӢ»

Санаи 29 марти соли 2017 бо ташаббуси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ дар “Кохи Афсарон” – и Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, нахустин Форуми байналмилалии дӯстии ҷавонон дар мавзӯи «Ташаббусҳои байналмилалии Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба оби ошомиданӣ» баргузор гардид. Дар кори форуми мазкур намояндагони Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, Вазоратҳои корҳои хориҷӣ, рушди иқтисод ва савдо, энергетика ва захираҳои об, Кумитаи телевизион ва радио, Академияи илмҳо, Сафоратҳои ҷумҳуриҳои Эрон, Хитой, Афғонистон, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Украина, Туркманистон, Белорус, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Намояндагии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзӣ (FAO), Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (UNICEF), Раёсати коммисари олии СММ дар умури паноҳандагон (UNHCR), Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид (UNDP), […]

30.03.2017 Нет комментариев Читать далее>

1 188 189 190 191 192 308