73402, Тоҷикистон Душанбе, к.Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню

Хабарҳо


Рашт: Вохӯрии масъулини Кумита бо муҳассилини Коллеҷи тиббӣ

19665239_513409689011691_3104151233302664294_n

Шоми рӯзи 20-уми сентябр дар Коллеҷи тиббии ноҳияи Рашт мулоқоти намояндагони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш бо муҳассилини коллеҷ ва ҷавонони фаъоли ноҳия доир гардид. Нахуст роҳбарияти Коллеҷ меҳмононро хайрамақдам гуфта, дар бораи фаъолияти муассисаи таълимӣ ба ҳозирин маълумот дод. Пас аз мулоқот бо ҷавонон дар Коллеҷ барномаи фарҳангии “Шоми ҷавонӣ” бахшида ба “Соли ҷавонон”, ки аз чониби волонтиёрони Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Рашт омода гардида буд, баргузор гардид. Бояд гуфт Коллеҷи тиббии ноҳияи Рашт соли 2016 бо иштироки бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар фазои тантанавӣ ифтитоҳ гардида буд. Дохилшавӣ ба Коллеҷи мазкур тариқи имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавии Маркази миллии тестӣ ба […]

21.09.2017 Нет комментариев Читать далее>

Тасмими Кумита оид ба манъ намудани бархе аз гуруҳои варзишӣ

Лоихаи фармоиш

Бо мақсади иҷрои банди 11 Низомномаи намунавии муассисаҳои таёрии варзишӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва меъёрҳои иловапулӣ дар соҳаи варзиш (Банди 11 Низомнома Дар муассисаҳои варзишӣ, таъсис додани гурӯҳҳо оид ба намудҳои варзишие, ки ба зӯроварӣ паст кардани шаъну эътибор ва таҳқири шахс равона гардидаанд, манъ мебошад. Намуди варзише, ки дар муассисаҳои варзишӣ оид ба онҳо ташкил кардани гурӯҳҳо манъ мебошад, аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ муайян ва тасдиқ карда мешаванд.) лоиҳаи фармоиши раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардидааст, ки дар он 9 намудҳои варзише, ки ба зуроварӣ, паст кардани шаъну эътибор ва таҳқирӣ шахс метавонанд гарданд, минбаъд пас аз қувваи қонуни пайдо намудани […]

19.09.2017 Нет комментариев Читать далее>

Ашқобод-2017: Манучеҳр аввалин медали нуқраи тими Тоҷикистонро ба даст овард

21559032_2032574040305016_5668998910765176309_n

АШҚОБОД. 2017, 18 сентябр Дар рӯзи сеюми 5-ум Бозиҳои Осиё дар иншооти пӯшида ва ҳунарҳои размӣ варзишгари тоҷик Манучеҳр Неъматов дар намуди таеквондо WTF медали нуқра ба даст овард. Манучеҳр дар даври муқаддамотӣ бар варзишгари Чин Хионгин Оуянг ғалаба кард. Баъдан варзишгари Филиппин Ҷенар Ториллосро мағлуб намуд. Дар даври чорякфинал бар варзишгари Қазоқистон Айтуар Шайкенов пирӯз шуд. Аммо дар финал аз варзишгари эронӣ Маҳдӣ Эҳсонӣ шикат хурд. Манучеҳр Неъматов дастпарвари Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон буда, ояндаи дурахшон дорад. Ӯ таҳти назари мураббӣ Далер Фозилов тамрин мекунад. “Бозиҳои Ашқобод бароям таҷриба пеш аз Бозиҳои Осиё-2018 мебошад. Рақибони эҳтимолиро омӯхта, ба мусобиқаҳои оянда омодагиро беҳтар мекунем”, – мегӯяд Манучеҳр. Ҳарби Манучеҳрро Аҳтам Абдуллозода, […]

18.09.2017 Нет комментариев Читать далее>

Ашқобод-2017: 4 медали биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи сеюм

21616134_2032575140304906_1429033024287763809_n

АШҚОБОД. 2017, 18 сентябр Дар рӯзи сеюми 5-ум Бозиҳои Осиё дар иншооти пӯшида ва ҳунарҳои размӣ варзишгарони тоҷик, инчунин сазовори 4 медали биринҷӣ гардиданд. Имрӯз мусобиқаҳо аз рӯи намуди гуштини анъанавӣ, тарзи классикӣ идома ёфт. Варзишгарони тоҷик Ёриев Ҳасан (-82 кг), Маматқулов Абдураҳмон (-100 кг), Миров Маҳмад (+100 кг) ва Эрназаров Самандар (+100 кг) медалҳои биринҷии бозиҳоро ба даст оварданд. Ёдовар мешавем, ки Абдураҳмон ва Самандар дар тарзи озод низ медали биринҷӣ ба даст оварда буданд. Баъд аз натиҷагирии 3 рӯзи мусобиқот Ҷумҳурии Тоҷикистон бо 1 медали нуқра ва 10 биринҷӣ дар ҷадвали ҳисоби медалҳо миёни 63 давлати иштирокчӣ дар ҷои 19-ум қарор дорад. Кишвари мизбон – Туркманистон бо 62 […]

18.09.2017 Нет комментариев Читать далее>

Ашқобод-2017: Мулоқоти Аҳтам Абдуллозода бо президенти Шӯрои олимпии Осиё

21616092_2032575483638205_6981541126284441789_n

АШҚОБОД. 2017, 19 сентябр Дар доираи 5-ум Бозиҳои Осиё дар иншооти пӯшида ва ҳунарҳои размӣ дар шаҳраки олимпии шаҳри Ашқободи Ҷумҳурии Туркманистон Аҳтам Абдуллозода – раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, ҳамзамон муовини Президенти Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Президенти Шӯрои олимпии Осиё Шайх Аҳмад Ал-Фаҳад Ал-Аҳмад Ал-Сабоҳ мулоқот кард. Дар мулоқот нахуст ҷараёни иҷрои масъалаҳое, ки зимни сафари Президенти Шӯрои олимпии Осиё ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2015 ва мулоқот бо Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баррасӣ шуда буданд, муҳокима гардид. Ҷонибҳо, ҳамчунин, ҳамкориҳои дуҷонибаро дар доираи барномаҳои Шӯрои олимпии Осиё ҷиҳати рушди ҳаракати олимпӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ намуданд. – Давоми 9 моҳи […]

18.09.2017 Нет комментариев Читать далее>

1 2 3 208