734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню

Иқтисодиёт


Истиқболи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар фурудгоҳи шаҳри Кӯлоб

10-уми  сентябри соли 2019 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо рафти корҳои созандагию  ободонӣ, ифтитоҳи як қатор иншоот ва иштирок дар тантанаҳои идонаи бахшида ба 28- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сафари корӣ  ба шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон ташриф оварданд. Дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Кӯлоб Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сокинони шаҳр бо самимияти беандоза ва руҳияи баланди идона истиқбол гирифтанд. Дар солҳои соҳибистиқлолии  кишвар  шаҳри Кӯлоб бо бунёди даҳҳо иншооти хизматрасонию маъмурӣ ва иҷтимоӣ ободу зебо гардида, бо амалӣ кардани тадбирҳои муҳим ва татбиқи ҳадафҳои созанда сатҳи зиндагии  мардум баланд гардидааст.

11.09.2019 Нет комментариев Читать далее>

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолону сокинони ноҳияҳои Восеъ ва Темурмалики вилояти Хатлон мулоқот намуданд

Дар ноҳияи Восеъ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди оғози лоиҳаи “Таҷдиди роҳи автомобилгарди Восеъ-Ҳулбук-Темурмалик-Кангурт” бо фаъолону сокинони ноҳияҳои Восеъ ва Темурмалики вилояти Хатлон мулоқоти самимӣ доир карданд. Сарвари давлат таъкид доштанд, ки имрӯзҳо дар саросари мамлакат даҳҳо иншооти иқтисодиву иҷтимоӣ ифтитоҳ гардида истодаанд, ки натиҷаи талошҳои Ҳукумати кишвар, сохтору мақомоти марказӣ ва маҳаллии давлатӣ, заҳмати соҳибкорону шахсони саховатпеша ва сокинони кишвар ба хотири ободониву бунёдкории Ватани маҳбубамон ва дастовези арзанда ба ҷашни истиқлоли Тоҷикистон мебошанд. Баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ яке аз ҳадафҳои стратегии ҳукумати кишвар ба ҳисоб рафта, то имрӯз дар мамлакат беш аз 2800 километр роҳҳои мошингард, 5 нақби нақлиётӣ […]

11.09.2019 Нет комментариев Читать далее>

Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар маросими оғози лоиҳаи «Таҷдиди роҳи автомобилгарди Восеъ-Ҳулбук-Темурмалик-Кангурт”

Ҳамватанони азиз! Имрӯзҳо дар доираи сафарҳои кории мо ба шаҳру ноҳияҳои гуногуни мамлакат даҳхо иншооти иқтисодиву иҷтимоӣ ифтитоҳ гардида истодаанд, ки натиҷаи талошҳои Ҳукумати кишвар, сохтору мақомоти марказӣ ва маҳаллии давлатӣ, заҳмати соҳибкорону шахсони соховатпеша ва сокинони кишвар ба хотири ободониву бунёдкории Ватани маҳбубамон ва дастовези арзанда ба ҷашни истиқлоли Тоҷикистон мебошанд. Дар ҳар як шаҳраку деҳот, ноҳия ва шаҳрҳои кишварамон тибқи нақшаи ободониву бунёдкорӣ ба истиқболи 30-солагии истиқлоли давлатӣ бунёди инфрасохтори замонавӣ рӯз ба рӯз вусъат пайдо карда, шароити зиндагии сокинони кишвар торафт беҳтар шуда истодааст. Имрӯз мо корҳои таҷдиди роҳи автомобилгарди ноҳияи Восеъ — Ҳулбук — Темурмалик – деҳоти Кангуртро оғоз бахшидем, ки ин иқдом боз як қадами […]

11.09.2019 Нет комментариев Читать далее>

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба корҳои сохтмонӣ дар роҳи мошингарди Ҳулбук-Темурмалик –Кангурт оғоз бахшиданд

Дар ноҳияи Восеъи вилояти Хатлон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст бо гузоштани санги асос ба сохтмони роҳи автомобилгарди қитъаи Ҳулбук-Темурмалик-Кангурт расман оғоз бахшиданд. Масофаи умумии ин қитъаи роҳ 60 километр ва паҳноии он аз 7 то 12 метрро ташкил медиҳад. Мутобиқ ба лоиҳа дар ин масир корҳои тахту ҳамворкунӣ, гузоштани 25 қубури обгузар, сохтмони ҷӯйборҳои бетонӣ дар ду канори роҳ, бунёди пойдеворҳои муҳофизатӣ 8 пули мошингузар, кашидани хатҳои уфуқӣ, аломати роҳ ва сохтмони дигар иншооти зарурӣ пешбинӣ гардидааст. Роҳи мазкур бо саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Рушди Осиё таҷдид мегардад. Мавриди зикр аст, ки ҳоло ҳаракати воситаҳои нақлиёт тариқи ин қитъаи роҳ […]

11.09.2019 Нет комментариев Читать далее>

Истиқболи меҳмони олиқадр, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Восеъ

Нимаи дуюми рӯзи 10-уми сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Восеъи вилояти Хатлон ташриф оварданд. Дар деҳаи Меҳрободи деҳоти Гулистон сокинони саодатманди ноҳия Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо хушнудӣ ва самимияти беандоза истиқбол гирифтанд. Мавриди зикр аст, ки ноҳияи Восеъ дар солҳои Истиқлолият ба тадриҷ рушд намуда, дар заминаи таваҷҷуҳ намудани роҳбарияти олии мамлакат ба корҳои ободонию созандагӣ барои мардуми шарафманди он шароити арзандаи кору зиндагӣ фароҳам омад.

11.09.2019 Нет комментариев Читать далее>

1 6 7 8 9 10 23