734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню

Иқтисодиёт


Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Кӯлоб боғи фарҳангию фароғатии Хуталонро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд

Дар доираи сафари корӣ ба вилояти Хатлон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шафати истгоҳи роҳи оҳани шаҳри Кӯлоб боғи фарҳангию фароғатии Хуталонро бо бардоштани парда аз рӯи лавҳаи рамзӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Дар ин ҷо ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки оғози корҳои навсозию барқароркунӣ дар боғи мазкур, моҳи феврали соли 2019 оғоз гардида, моҳи сентябри соли 2019 бо сифати баланд ва тарҳи зебою муосир аз ҷониби КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ба анҷом расидааст. Боғи «Хуталон» дар масоҳати умумии беш аз 5 гектар бунёд гардида, дар ҳудуди он 200 бех дарахти кипариси лейландӣ, 240 можжевелник, 240 бех дарахтони […]

11.09.2019 Нет комментариев Читать далее>

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Кӯлоб аз боғи ба номи Сайдалӣ Вализода боздид намуданд

Дар доираи сафари корӣ дар шаҳри Кӯлоб Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти умҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин дар кӯчаи Шамсиддин Шоҳини шаҳри Кӯлоб, боғи фарҳангӣ- фароғатии ба номи Сайдалӣ Вализодаро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Иттиллоъ дода шуд, ки корҳои сохтмону барқарорсозии боғи мазкур. дар давоми чор моҳ бо ҷалби бинокорони маҳалӣ, бо сифати баланд ба анҷом расонида шудааст. Боғи ба номи Сайдалӣ Вализода дар масоҳати беш аз 3-гектар замин бунёд гардида, дар ҳудуди он майдончаи мошинронии кӯдакон, 4 адад атраксионҳои замонавӣ, 2 майдончаи бозӣ барои кӯдакон, 2 фаввора, амфитеатри хурд бо 136 ҷойи нишаст, қаҳвахонаи «Ҷавонон» барои қабули 20 нафар мизоҷон дар як вақт, майдончаи варзишӣ […]

11.09.2019 Нет комментариев Читать далее>

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Кӯлоб гулгашти ба номи Сафар Амиршоевро ба истифода доданд

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ ба шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон ҳамчунин дар маркази шаҳр гулгашти ба номи Сафар Амиршоевро, ки бо тарҳи муосир ва дизайни баланди меъморӣ бунёд гардидааст, мавриди истифода қарор доданд. Макони истироҳатӣ дар доираи таҷлили сазовори ҷашни 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Кумитаи андози назди Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардида, дар масоҳати умумии 3 гектар доман густурдааст. Корҳои сохтмонии мазкур аз ҷониби Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Мега техник иншоот» бо сифати баланд ба анҷом расонида шудаанд. Дарозии гулгашт 750 ва паҳноиаш 45 метр мебошад. Корҳои сохтмонии гулгашт моҳи июни соли ҷорӣ […]

11.09.2019 Нет комментариев Читать далее>

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Кӯлоб оромгоҳи Мир Сайид Алӣ Ҳамадониро зиёрат намуданд

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз ифтитоҳи иншооти гуногуни иҷтимоӣ дар шаҳри Кӯлоб ҳамчунин оромгоҳи шоир ва мутафаккир Мир Сайид Алӣ Ҳамадониро зиёрат намуданд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо қироати оятҳо аз Қуръони маҷид барои суботу оромии Ватани азиз ва саодатмандию сарбаландии мардуми шарифи Ватан дуою фотиҳаи нек карданд. Оромгоҳи ин шахсияти таърихии миллати тоҷик дар маркази шаҳри Кӯлоб мавқеъ гирифта, ҳамарӯза аз он бисёр сайёҳони дохилию хориҷӣ дидан ва зиёрат мекунанд. Тибқи маълумоти масъулин, танҳо соли гузашта аз ин Оромгоҳ зиёда аз 20 ҳазор нафар дидан намудаанд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид ва шиносоӣ бо шароити мавҷуда дар ин макони таърихӣ ба масъулин ҷиҳати боз […]

11.09.2019 Нет комментариев Читать далее>

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон аз фаъолияти Маҷмааи кишоварзӣ — саноатии «Кӯлоб» ва намоиши махсулоти кишоварзӣ боздид намуданд

Дар шаҳри Кӯлоб Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст бо фаъолияти Маҷмааи кишоварзӣ — саноатии «Кӯлоб» шинос шуданд. Дар назди Кооперативи тиҷоратии Саид Алии Ҳамадонӣ дар майдони 70 гектар бунёди гармхонаҳо барои парвариши сабзавоти барвақтӣ ба нақша гирифта шудааст, ки то имрӯз дар як гектари он 10 гармхона бунёд гардидааст. Ин қитъаи замин қаблан санглох буд, ки обёрии он бо мушкилӣ сурат мегирифт ва баъд аз истифодаи оқилонаю босамар бо кандани чоҳҳои амудӣ обёрии гармхонаҳо бо усули қатрагӣ ба роҳ монда шудааст. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо шароит ва технологияи парвариши помидору бодиринг, қаланфур ва навъҳои гуногуни гулу буттаҳо аз наздик […]

11.09.2019 Нет комментариев Читать далее>

1 5 6 7 8 9 23