734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню

Иқтисодиёт


Оғози навсозии роҳи «Кӯлоб — Шамсиддин Шоҳин» бо иштироки Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон

11 сентябр дар доираи сафари корӣ дар шаҳри Кӯлоб Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо гузоштани санги асос ба сохтмони роҳи мошингарди “Кӯлоб-Қалъаи Хумб” дар қитъаи “А”, ки шаҳри Кӯлобро бо ноҳияи Шамсиддин Шоҳин мепайвандад, оғози расмӣ бахшиданд. Қитъаи роҳи мошингарди “Кӯлоб — Шамсидин Шоҳин” дар идомаи роҳи мошингарди “Кӯлоб — Қалъаи Хумб” бунёд гардида, дар асоси марҳилаи навбатии лоиҳавӣ навсозӣ мешавад. Тавре ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, дарозии қитъаи роҳи автомобилгарди “Кӯлоб -Шамсиддин Шоҳин” 32,7 километр буда, он тибқи талаботи замони муосир ва ҷавобгӯ ба стандартҳои байналмилалӣ сохта мешавад ва барои хизматрасонӣ  давоми солҳои зиёд пешбинӣ шудааст. Дар […]

11.09.2019 Нет комментариев Читать далее>

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои Маркази минтақавии перинаталиро дар шаҳри Кӯлоб мавриди истифода қарор доданд

Дар рӯзи дуюми сафари корӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҳаллаи Борбади шаҳри Кӯлоб Маркази минтақавии перинаталӣ дар шаҳри Кӯлобро дар вазъияти тантанавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Бунёди ин марказ дар мамлакат нахустин буда, дар минтақа назир надорад. Маркази минтақавии перинаталӣ дар шаҳри Кӯлоб бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи татбиқи Барномаи “Ҳифзи солимии модар ва кӯдак ва ёрии таъҷилӣ” бунёд гардидааст. Зимни шиносоӣ ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки Маркази минтақавии перинаталӣ дар шаҳри Кӯлоб ҳамчун муассисаи таваллудии зинаи 3-юм ба шумор рафта, ба меъёрҳои байналмилалӣ, аз ҷумла талаботи Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ ҷавобгӯ мебошад. Иншооти мазкур дар назди Беморхонаи вилоятӣ бунёд […]

11.09.2019 Нет комментариев Читать далее>

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 45-ро дар шаҳри Кӯлоб мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 45-ро, ки дар маҳаллаи Борбад ҷойгир аст, мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Дар ҳамин ҷо аз ҷониби устодони ҷавони муассисаи таълимӣ суруди умумӣ дар васфи Ватан бо санъати воло иҷро карда шуд. Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки муассисаи таълимии мазкур дар доираи иқдомҳои созанда ва пуштибонӣ аз сиёсати бунёдкоронаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи ҷашни умумимилӣ – 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқ ба талаботи замони муосир бунёд карда шудааст. Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии 45 аз 3 ошёна иборат […]

11.09.2019 Нет комментариев Читать далее>

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон Коллеҷи ҷумҳуриявии санъати ба номи Кароматулло Қурбоновро дар шаҳри Кӯлоб ифтитоҳ намуданд

11 сентябр дар кӯчаи Сайфиддин Сангови шаҳри Кӯлоб Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъд аз навсозӣ Коллеҷи ҷумҳуриявии санъати ба номи Кароматулло Қурбоновро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Тавре ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, бинои Коллеҷи санъат аз ду ошёна ва таҳхона иборат буда, аз толори рақс, навозиш, синфхонаи компютерӣ, утоқҳои кории устодон ва синфхонаҳо барои донишҷӯён иборат аст. Корҳои сохтмонӣ дар бинои коллеҷи мазкур моҳи июли соли ҷорӣ оғоз гарида, дар ҷараёни сохтмони иншоот 30 нафар сокини маҳаллӣ бо шуғли доимӣ ва маоши хуб таъмин шуданд. Бино дорои 15 синфхона буда, ҳар як синфхона бо аёнияти дарсӣ ва асбобҳои […]

11.09.2019 Нет комментариев Читать далее>

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Муассисаи давлатии «Маркази вилоятии клиникии бемориҳои дил»-ро дар шаҳри Кӯлоб ифтитоҳ намуданд

11 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин дар маҳаллаи Шамсиддин Шоҳини шаҳри Кӯлоб Муассисаи давлатии «Маркази вилоятии клиникии бемориҳои дил»-ро бо бардоштани парда аз рӯи лавҳаи рамзӣ ифтитоҳ намуданд. Иттилоъ дода шуд, ки маркази мазкур аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон бунёд гардида, бо тамоми таҷҳизоти муосири тиббии ултрасадои дил, велергометрия, сабти барқи дил, дефибрилятор, таҷҳизоти нафасдиҳии сунъӣ, таҷҳизоти набзченкунӣ, кардиомонитор ва таҷҳизоти фишорсанҷӣ муҷаҳҳаз мебошад. Маркази мазкур дорои шуъбаи машваратию ташхисӣ, ташхиси ултрасадо ва гӯшаи гулу гиёҳҳои шифобахши ватанӣ, шуъбаи эҳё ва наҷот, шуъбаи бемориҳои ишемиявии дил, фишорбаландии шараёнӣ ва дармонгоҳ мебошад. Иншооти мазкур бо таҷҳизоти пешгирӣ аз сӯхтор муҷаҳҳаз буда, […]

11.09.2019 Нет комментариев Читать далее>

1 3 4 5 6 7 23