734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню

Иқтисодиёт


Ифтитоҳи бинои нави китобхона, осорхонаи таърихӣ ва мактаби мусиқӣ дар ноҳияи Спитамен

 Имрӯз дар ноҳияи Спитамен Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Китобхона, осорхонаи “Курушкада”-и таърихӣ ва мактаби мусиқии бачагонаи рақами 2-ро, ки бо тарҳи хеле зебои муосир бунёд  гардидааст, бо бардоштани парда аз лавҳаи рамзӣ ифтитоҳ намуданд. Бинои тозабунёди китобхона, осорхонаи таърихӣ ва мактаби мусиқии бачагона аз се ошёна ва таҳхона иборат мебошад. Тавре иттилоъ дода шуд, сохтмони иншооти мазкур моҳи июни соли 2017 оғоз гардида, моҳи марти соли 2019 бо истифода аз масолеҳи сохтмонии истеҳсоли ватанӣ ва ҷалби бинокорони маҳаллӣ бо дастгирии Ҳукумати мамлакат бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба меъёрҳои муосири ҷаҳонӣ ба анҷом расонида шудааст. Зимни шиносоӣ бо шароити бинои […]

01.04.2019 Нет комментариев Читать далее>

Ба истифода додани майдони Парчами давлатӣ ва Нишони давлатӣ дар ноҳияи Спитамен

Чун дигар шаҳру ноҳияҳои мамлакат дар маркази ноҳияи Спитамени вилояти Суғд низ майдони Парчам ва Нишони давлатӣ бунёд гардид. Дар расми ифтитоҳи рамзҳои давлатӣ дар ноҳияи Спитамен Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок намуданд. Нахуст дар ин мавзеъ бо садо додани Суруди миллӣ Парчами давлатӣ барафрохта шуд. Барои парафшонии Парчами давлатӣ ва қомат афрохтани Нишони давлатӣ дар маркази ноҳияи Спитамен 0,32 гектар замин ҷудо гардидааст. Майдони Пачам ва Нишони давлатӣ дар назди бинои маъмурии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бунёд гардидааст ва ба ҳусни ин мавзеъ зебогии боз ҳам бештар зам менамояд. Баландии пояи Парчами давлатӣ дар ин гӯшаи диёр 50 метрро […]

01.04.2019 Нет комментариев Читать далее>

Шиносоӣ бо фаъолияти хоҷагии ёрирасони ҶДММ Осоишгоҳи “Баҳористон”

31 марти соли 2019 дар доираи сафари корӣ дар вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо фаъолияти коргарони Хоҷагии ёрирасони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Осоишгоҳи “Баҳористон” шинос шуданд. Масоҳати умумии заминҳои хоҷагии ёрирасон 4 гектарро ташкил дода, дар он коргарон ба чорводорӣ, паррандапарварӣ, зироаткорӣ, боғдорӣ ва гулпарварӣ машғуланд. Дар фермаи хурди хоҷагӣ говҳои ширдеҳ, мурғи тухмдиҳанда, ҷуҷаи бройлерӣ барои гушт ва харгуш нигоҳ дошта мешавад. Дар гармхонаҳо бошад, ниҳолҳои лиму, сабзавот ва гулҳои мавсимии гуногун парвариш меёбад. Гулҳои мухталифи ороишӣ барои тозагии муҳити атроф ва сабзу хуррам гардонидани кӯчаю хиёбонҳо ва боғҳои фарҳангию фароғатии шаҳри Душанбе парвариш […]

01.04.2019 Нет комментариев Читать далее>

Суханронӣ дар маросими ифтитоҳи Қасри фарҳанги деҳоти ба номи Ҳайдар Усмонови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Муҳтарам аҳли фарҳанг! Ҳозирини гиромӣ! Ба истиқболи ҷашни сисолагии истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва дар доираи татбиқи чорабиниҳои солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар деҳоти ба номи Ҳайдар Усмонови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани майдони Парчами миллӣ, Кохи фарҳанг, беморхонаи муосир ва бинои ҷамоати деҳот далели возеҳи амалишавии ҳадафҳои созандаи Ҳукумати мамлакат, натиҷаи заҳмати содиқонаи мардум ва албатта, самараи неки истиқлолияти давлатӣ мебошад. Мехоҳам махсус таъкид намоям, ки таваҷҷуҳи ҳамаҷонибаи Ҳукумати мамлакат ба соҳаи фарҳанг ҳамчун таҷассумгари симои маънавии халқ, воситаи эҳёи ойину ҷашнҳои миллӣ ва арзишҳои фарҳангӣ низ ба мо маҳз аз баракати истиқлолияту озодӣ муяссар гардидааст. Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар шаҳру ноҳияҳои гуногуни кишвар даҳҳо […]

01.04.2019 Нет комментариев Читать далее>

Суханронӣ дар мулоқот бо кӯдакони ятим дар шаҳри Хуҷанд

Фарзандони азиз ва ҳозирини арҷманд! Мулоқоти мову шумо дар рӯзҳои оғози фасли зебои баҳор сурат мегирад. Бинобар ин, ҳамаи шумо, фарзандони азиз, устодони арҷманд ва ҳозирини гиромиро бо фарорасии баҳор ва ҷашни фархундаи миллиамон – Наврӯз табрик мегӯям.  Итминон дорам, ки ҳар яки шумо, фарзандони азиз ба туфайли ғамхориҳои давлат ва Ҳукумати мамлакат ҳамчун насли шоиста ба воя мерасед ва дар оянда ба ҳайси мутахассисони кордону боистеъдод дар ободиву пешрафти Ватани азизамон саҳми фарзандии худро мегузоред. Давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон ҳимояи ҳуқуқи кӯдакону наврасон ва ғамхориро дар ҳаққи онҳо аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти худ қарор дода, дар ин самт як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқии зарурӣ, аз ҷумла қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон […]

01.04.2019 Нет комментариев Читать далее>

1 2 3 4 5 6 7