734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню

Иқтисодиёт


РОҒУН – РОҲ БА СӮИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ЭНЕРГЕТИКӢ

Яке аз ҳадафҳои стратегии Тоҷикистони соҳибистиқлол ба даст овардани истиқлолияти энергетикӣ ба ҳисоб меравад, ки онро Ҳукумати мамлакат ҳанӯз аз оғози даврони соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон муайян намуда буд. Ёдовар бояд шуд, ки дар роҳи расидан ба истиқлолияти энергетикии кишвар бунёди НБО-и “Роғун” аҳамияти аввалиндараҷаро касб намуда, сохтмони он барои расидан ба яке аз ҳадафҳои муҳим ва стратегии давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон нақши муҳим ва ҳалкунанда дорад. Қайд кардан бо маврид аст, ки ҳанӯз дар солҳои 20-30-уми қарни гузашта дар натиҷаи ҷараёни ислоҳоти гуногуни хоҷагии халқи мамлакат инқилоби маданӣ амалӣ гардид. Яке аз самараи он таъсиси марказҳои нахустини илмӣ-тадқиқотӣ дар Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, соли 1933 Базаи тоҷикистонии АИ ИҶШС таъсис ёфт. […]

11.04.2019 Нет комментариев Читать далее>

Ифтитоҳи бинои Қасри фарҳанги деҳоти Куруши ноҳияи Спитамен

Дар деҳоти Куруши ноҳияи Спитамен бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои Қасри фарҳанг мавриди истифода қарор гирифт. Иншооти фарҳангӣ дорои шароити замонавӣ барои фаъолият буда, дар доираи таваҷҷуҳи доимии Ҳукумати мамлакат нисбат ба соҳаи фарҳанг бо мақсади ғанӣ намудани ҷаҳони маънавии аҳолӣ навсозӣ шудааст. Корҳои сохтмонӣ дар бинои Қасри фарҳанги деҳоти Куруши ноҳияи Спитамен моҳи майи соли 2017 оғоз гардида, дар муддати кӯтоҳ бо назардошти сохти меъмории миллӣ ба анҷом расонида шудаанд. Даромадгоҳ, толор ва утоқҳои иншоот бо назардошти таъриху фарҳанги ғании қадимаи миллати куҳанбунёди тоҷик кандакориву наққошӣ карда шудаанд. Бинои Қасри фарҳанг дорои ҳуҷраҳои замонавӣ барои баргузории маҳфилҳои раққосӣ, ҳайкалтарошӣ, рассомӣ, […]

01.04.2019 Нет комментариев Читать далее>

Ифтитоҳи Корхонаи истеҳсоли равған дар ҶДММ “25-солагии Истиқлолият”-и ноҳияи Спитамен

Дар ноҳияи Спитамен Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корхонаи нави истеҳсоли равғанро дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “25-солагии Истиқлолият” мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Соли 2015 соҳибкори ватанӣ Даврон Ахмедов корхонаи коркарди пахтаро бо иқтидори 20 ҳазор тонна дар як сол таъсис дода буд. Акнун бо ба даст овардани фоидаи соф соҳибкорон дар шафати корхонаи коркарди пахта коргоҳи истеҳсоли равған бунёд намуданд. Дар корхонаи навтаъсис, ки иқтидори коркарди 65 тонна ашёи хомро дар як шабонарӯз дорад, 25 нафар бо кори доимӣ таъмин шуданд. Дар ин ҷо аз ашёи хоми зағер, рапс, офтобпараст, сиёҳдона ва чигит равған истеҳсол карда мешавад, ки маҳсулоти ивазкунандаи воридот […]

01.04.2019 Нет комментариев Читать далее>

Оғози кишти пахта дар ноҳияи Спитамени вилояти Суғд

Дар идомаи боздиди кориашон аз ноҳияи Спитамен, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар заминҳои кишоварзии ҶДММ “Спитамен-текстайл”-и  Ҷамоати  деҳоти Куруши ноҳияи Спитамен ба кишти чигит оғоз бахшиданд. Хоҷагидорӣ қисми муҳими Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Спитамен-текстайл” ба ҳисоб меравад, ки ба коркарди ниҳоии пахта машғул аст. “Спитамен-текстайл” низ соли 2009 бо иштироки Пешвои миллат ифтитоҳ гардида, то имрӯз фаъолияти босамар дорад. Тибқи дастуру ҳидоятҳои Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, масъулони Ҷамъият фаъолияти худро ба таври комплексӣ ба роҳ мондаанд, яъне қисми бештари пахтаи дар хоҷагиашон истеҳсолшударо худашон коркард мекунанд ва ба бозорҳои хориҷи мамлакат мебароранд. Дар маҳалли оғози кишти пахта аҳли заҳмати хоҷагӣ […]

01.04.2019 Нет комментариев Читать далее>

Суханронӣ дар маросими ифтитоҳи Қасри фарҳанг дар деҳоти Куруши ноҳияи Спитамен

Муҳтарам намояндагони сокинони ноҳияи Спитамен! Ҳозирини гиромӣ! Ҳамаи сокинони заҳматдӯсти ноҳияи Спитамен ва шумо-ҳозирини арҷмандро ба муносибати ҷашни баҳор ва сари сол, ки чанд рӯз пеш дар диёри мо фаро расид, табрик гуфта, ба ҳар яки шумо сиҳатмандиву хонаи обод ва барору комёбӣ орзу менамоям. Тайи ду рӯзи гузашта мо дар шаҳру ноҳияҳои вилоят дар маросими ба истифода додани чандин иншооти истеҳсоливу иҷтимоӣ, яъне самараи заҳмати сокинони вилоят иштирок кардем. Мушоҳида мегардад, ки мардуми заҳматписанди ноҳияи Спитамен низ бо шукргузорӣ аз фазои орому осудаи кишвар ба хотири амалӣ гардонидани ҳадафҳои созандаи Ҳукумати мамлакат ва иҷрои барномаҳои давлатӣ дучанд заҳмат кашида, барои ободиву сарсабзии диёри хеш корҳои назаррасро ба сомон расонида […]

01.04.2019 Нет комментариев Читать далее>

1 2 3 4 5 7