734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню

Иқтисодиёт


Омӯзишӣ усулҳои соҳибкорӣ ба 80 нафар ҷавонони ниёзманд

Бо дастгирии молиявии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Тоҷикистон дар доираи Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2015 ташкилоти ҷамъиятии “Насли нави Тоҷикистон” лоиҳаи “Рушди сохибкорӣ ва омӯзиши роҳҳои сохтани корхонаҳои хурд барои ҷавонони бекори шаҳри Душанбе”-ро амалӣ  намуд. Бар асоси ин лоиҳа ба 80 нафар ҷавонони камбизоат ва ниёзманди шаҳри Душанбе усулҳои муосири соҳибкорӣ ва роҳҳои ташкили корхонаҳои хусусӣ омӯзиш  дода шуд. Ин лоиҳа бо ҳадафи рушди соҳибкорӣ миёни ҷавонон, мусоидат ба ҳали мушкилоти бекории ҷавонон ва ҳали мушкилоти иҷтимоии ҷавонон роҳандозӣ  гардид. Барои омӯзонидани ҷавонон устодони Донишкадаи давлатии соҳибкорӣ ва хизмати Тоҷикистон, намояндагони Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, […]

21.10.2015 Нет комментариев Читать далее>

Иштироки А. Абдуллозода дар Форуми байналмилалӣ оид ба рушди соҳибкорӣ байни ҷавонон

Имрӯз дар меҳмонхонаи «Hyatt Regency Dushanbe» дар ҳошияи «Форуми соҳибкории ҷавонон-2015» Форуми байналмилалӣ оид ба рушди соҳибкорӣ байни ҷавонон доир гардид, ки дар он доираи васеи соҳибкорони ҷавон, намояндагони вазорату идораҳои дахлдори давлатӣ ва меҳмонон аз хориҷи кишвар ширкат варзиданд. Дар оғози форум дар баробари Қодири Қосим Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон, Аҳтам Абдуллозода раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ низ бо сухани ифтитоҳӣ баромад намуда, нақши соҳибкориро дар паст кардани сатҳи бекорӣ ва таъмини шароити мусоиди зиндагӣ, баланд бардоштани малакаи касбӣ ва ҷалби ҷавонон ба фаъолияти соҳибкорӣ муҳим арзёбӣ кард. Аҳтам Абдуллозода таъкид дошт, ки таҳлили ҳайати синнусолии соҳибкорони инфиродӣ нишон медиҳад, ки аз 189 ҳазор […]

12.10.2015 Нет комментариев Читать далее>

Таваҷҷуҳи сайёҳони хориҷӣ ба Тоҷикистон

29 август дар Китобхонаи миллӣ нахустин Конфронси байналмилалии туристӣ дар мавзӯи “Туризми Тоҷикистон: имкониятҳо ва заминаҳои нави ҳамкорӣ” доир гардид. Кори конфронси мазкурро раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ Ахтам Абдуллозода ва муовини сарвазири кишвар Марҳабо Ҷабборӣ оғоз бахшида, иштирокдоронро бо имкониятҳо ва рушди туризми дохил ва хориҷи кишвар ошно намуданд. Аз ҷумла таъкид карда шуд, ки ҷиҳати ҷалби сайёҳони хориҷӣ ба мамлакат қимати раводиди сайёҳӣ аз 100 доллар то ба 25 доллар поин оварда шуда ва ҳоло шаҳрвандони 80 кишвари дунё имкон доранд, дар фурудгоҳҳои Тоҷикистон виза бигиранд. Дар чорабинии мазкур доираи васеи коршиносони байналмилалӣ, мутахассисони соҳа, вазирони соҳаи туризми давлатҳои хориҷа, ташкилотҳои байналмилалӣ ва корпусҳои дипломатии муқими Ҷумҳурии […]

31.08.2015 Нет комментариев Читать далее>

1 2