734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню

Иқтисодиёт


Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 64-ро дар ноҳияи Файзобод мавриди истифода қарор доданд

20 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар ноҳияи Файзобод Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 64-ро, ки бо дарназардошти талаботи муосири сохтмонӣ бунёд шудааст, мавриди истифода қарор доданд. Тавре ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, муассисаи мазкур дар деҳаи Саричашмаи деҳоти «Ҷавонон» аз ҷониби оилаи Худоёрзодаҳо бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба меъёрҳои сохтмонӣ бунёд гардида, дорои 640 ҷойи нишаст дар ду баст мебошад. Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 64 бо ҷалби сохтмончиёни маҳаллӣ давоми 1 сол бунёд ёфта, аз як ошёна иборат мебошад. Дар муассисаи таълимӣ бо мақсади дар сатҳи баланд ба роҳ мондани сифати таҳсилот, ҳамаи […]

20.09.2019 Нет комментариев Читать далее>

Ифтитоҳи толори варзишӣ дар ноҳияи Файзобод

20 сентябр пас аз шиносоӣ аз намоишгоҳи дастовардҳо ва ҳунарҳои мардумӣ дар ноҳияи Файзобод Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон толори варзиширо, ки дар маркази ноҳия бунёд гардидааст, ифтитоҳ карданд. Дар назди толори варзишии навбунёд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҷавонони саодатманду сарфарози ноҳия бо руҳияи болидаву самимияти беандоза ва садоқати бепоён ба Пешвои муаззаму маҳбуби худ истиқбол гирифтанд. Дар рафти шиносоӣ ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки толори варзишӣ зиёда аз 400 ҷойи нишаст дорад ва асосан барои баргузор намудани бозиҳои футболи хурд, волейбол ва баскетбол пешбинӣ гардидааст. Иншооти мазкур бо дастуру ҳидоятҳои бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон […]

20.09.2019 Нет комментариев Читать далее>

Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми ифтитоҳи Касри фарҳанг дар ноҳияи Данғара

Ҳамдиёрони азиз! Мулоқоти имрӯзаи мо дар идомаи чорабиниҳои ҷашнӣ ба муносибати 28 — солагии истиқлоли давлатии Тоҷикистони азизамон, ки се рӯз пеш дар тамоми гӯшаву канори мамлакат бо рӯҳияи баланди ватандорӣ ва ифтихор аз истиқлолу пойдории сулҳу субот таҷлил гардид, баргузор шуда истодааст. Ба ин муносибат, сокинони заҳматқарини ноҳияи Данғараро бори дигар ба ифтихори ин ҷашни муқаддаси миллиамон табрик гуфта, ба хонадони кулли мардуми ноҳия ва ҳар яки шумо, ҳозирини гиромӣ фазои орому осуда, файзу баракат ва барору комёбӣ орзу менамоям. Ҳоло дар тамоми қаламрави мамлакат ба хотири истиқболи сазовори ҷашни 30 — солагии истиқлол корҳои ободониву бунёдкорӣ вусъат доранд, ки ин раванд ба пешрафти ҳамаи соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва […]

13.09.2019 Нет комментариев Читать далее>

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон Қасри фарҳанги ноҳияи Данғараро ифтитоҳ намуданд

12 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара бинои муҳташами Қасри фарҳангро ифтитоҳ карданд. Қасри фарҳанги ноҳия аз зумраи иншооти ҷашнии истиқлолият буда, аз тарафи устоҳои ҳунарманду муъҷизаофари тоҷик дар як мавзеи дилфиреби ноҳия бо тарҳи хеле нодир бунёд шудааст. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иншооти мазкурро дар вазъияти тантанавӣ бо бардоштани парда аз руи лавҳаи рамзӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, онро ҳамчун туҳфаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рӯзҳои таҷлили ҷашни 28 — умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ ба сокинон ва аҳли фарҳанги ноҳия тақдим карданд. Дар бинои Қасри фарҳанг Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст бо шароити китобхона шинос шуданд. […]

13.09.2019 Нет комментариев Читать далее>

Оғози фаъолияти корхонаи коркарди шири ҶДММ «Шири Данғара» бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон

Дар ноҳияи Данғара бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корхонаи коркарди шир ба фаъолият оғоз намуд. Дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Шири Данғара» 11 намуди маҳсулот, аз ҷумла қаймоқ, сметана, ҷурғоти хонагӣ ва 3 намуд кефири мевагӣ, творог, чакка ва шир истеҳсол карда мешавад. Иншооти саноатӣ аз тарафи соҳибкор Баҳром Олимов бунёд карда шудааст. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳибкорон барои мусоидат дар татбиқи ҳадафҳои Ҳукумати мамлакат ҷиҳати таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда изҳорӣ сипос намуданд. Дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Шири Данғара» 25 нафар сокинони маҳаллӣ ба ҷойи кор фаро гирифта шуданд. Ҳамзамон дар ҳамин […]

12.09.2019 Нет комментариев Читать далее>

1 2 3 23