734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню

Фарҳанг


Маҷлиси тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Модар

Бахшида ба Рӯзи Модар бо ибтикори Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ дар маркази фарҳангии ҷавонон – “Ориёно” маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид. Аҳтам Абдуллозода, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ зимни ин чорабинӣ тамоми бонувонро ба Рӯзи Модар таҳният гуфта, зикр кард, ки модарон дар баробари тарбияи фарзанд ва пешрафти ҷамъият нақши назаррас доранд. Дар ин чорабинӣ озмунҳои гуногуни эълоннамудаи Кумита аз ҷумла озмуни шеъру таронахонӣ таҳти уновни “Модар, ҳаёт ва ишқ”  ҷамъбаст гардид. Дар озмун аз тарафи донишҷӯёни муассисаҳои олии ҷумҳурӣ шеъру сурудҳои баҳор, модар, ҳаёт ва ишқ суруда шуд. Ғолибон бо туҳфаҳои хотиравӣ ва “Сипоснома”-ҳои Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ сарфароз гаштанд. Пеш аз оғози чорабинӣ дастранҷи ҷавонони Колеҷи […]

07.03.2016 Нет комментариев Читать далее>

Андешаҳои ҷавонон вобаста ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат»

9 декабри соли ҷорӣ аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат» қабул гардид. Вобаста ба ин ҷавонони фаъоли тоҷик аз дохилу хориҷ ҷонибдорӣ ва ҳамовозии худро аз қонуни мазкур иброз медоранд. Дар зер андешаи чанде аз ҷавононро, ки дар донишгоҳҳои гуногуни дохилу хориҷ таҳсили илм мекунад, меорем. Ҷамахони Бобохон, донишҷӯи курси 2-юми Донишгоҳи давлатии Қурғонтеппа ба номи Носири Ҳусрав Қадршиносии ҳизматҳои фарзанди содиқу вафодори ҳалқ Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун асосгузори сулҳу ваҳдати милли ин рамзи нек чунки вокеан роҳбари мо тавонист точиконро бо ҳам сарчамъ созад ва Точикистони маҳбубамонро ба чаҳон муарифи намояд Мо чавонони накуфоли замони соҳибистиклол […]

15.12.2015 Нет комментариев Читать далее>

Ғолибони озмунҳо муайян гардиданд

Озмунҳои ҷумҳуриявии мақолаи беҳтарин дар мавзӯи «Моҳият, сабабҳои пайдоиш ва роҳҳои пешгирии терроризму экстремизм дар байни ҷавонон» ва иншои беҳтарин дар мавзӯи «Дастовардҳои ҷавонони даврони соҳибистиқлол», ки аз ҷониби Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ эълон шуда буд, ҷамъбаст гардиданд. Аъзоёни комиссия иборат аз намояндагони Вазорати маориф ва илм, Академияи илмҳо, Иттифоқи нависандагон, Кумитаи телевизион ва радио ва Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ маводҳои пешниҳоднамудаи иштирокчиёни озмунро мавриди таҳлилу омӯзиш қарор доданд. Ҳайати комиссия зимни баррасии маводҳо бештар ба мӯҳтаво ва шартҳои озмун диққат дода, муайян намуданд, ки дар аксар корҳои пешниҳодшуда мавзӯи Ватан чун бузургтарин муқаддасот ифода ёфта, фикрҳо таъсирбахш мебошанд. Ҳамзамон, маводҳо баҳри баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии ҷавонон равона […]

03.12.2015 Нет комментариев Читать далее>

Силсиламулоқотҳо ба ҳамватанони бурунмарзӣ

Тавре қаблан иттилоъ дода будем, гуруҳи 18 нафараи ҷавонон иборат аз намояндагони Вазорати корҳои дохилӣ, кумитаҳои ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, кор бо занон ва оила, телевизион ва радио бо мақсади суҳбату мулоқоти озод бо ҷавонону муҳоҷирони тоҷик, ки дар Федератсия Россия кору таҳсил менамоянд, ба шаҳри Маскав сафар намуданд. Дар доираи ин сафар ҷавонон дар минтақаҳои гуногуни Русия силсиламулоқотҳоро бо ҳамватанон доир намуда истодаанд. Чунин як мулоқот 10 октябри соли равон дар шаҳри Москва бо иштироки бештар аз 200 нафар ҳамватанон, ки дар маркази савдои “Люблино” кору фаъолият менамоянд, доир карда шуд. Дар мулоқот муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ Амирбекзода Ҳабибулло бо сухани ифтитоҳӣ баромад карда, доир ба […]

15.10.2015 Нет комментариев Читать далее>

Сафари ҷавонони фаъол ба Федератсияи Россия

Як гуруҳи 18 нафараи ҷавонон иборат аз намояндагони Вазорати корҳои дохилӣ, кумитаҳои ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, кор бо занон ва оила, телевизион ва радио ва гуруҳи Авангард (Пешоҳанг) бо мақсади суҳбату мулоқоти озод бо ҷавонони тоҷик, ки дар Федератсия Россия кору таҳсил менамоянд, ба шаҳри Маскав сафар намуданд. Дар доираи ин сафар намояндагон бо ҷавонони муқими тоҷик дар шаҳру вилоятҳои гуногуни Росия аз қабили Твер, Санкт Петербург, Москва ва дигар шаҳрҳои Русия, ки дар онҷо шумораи зиёди тоҷикон бо кору таҳсил машғуланд, мулоқотҳо доир менамоянд. Дар назар аст, дар мулоқот ҷавонони фаъол доир ба дастовардҳои кишвар дар даврони соҳистиқлолӣ, пешгирии ҷавонон аз гарвиш ба гуруҳҳои гуногуни ифротӣ, тарғиби фарҳангӣ миллӣ, […]

09.10.2015 Нет комментариев Читать далее>

1 7 8 9 10 11