73402, Тоҷикистон Душанбе, к.Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню

Фарҳанг


Меҳргон иди ҳосилот аст

Имрӯз, 15 октябр дар Муассисаи давлатии «Боғи Ирам»-и пойтахт, бахшида ба ҷашни Меҳргон, намоиши ҳунарҳои мардумиву кишоварзӣ ва чорабинии фарҳангиву фароғатӣ баргузор гардид. Дар он намояндагони воломақоми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сокинони кишвар иштирок доштанд. Дар ифтитоҳ Маҳмадтоир Зокиров, вазири кишоварзии Тоҷикистон иштирокдоронро ба ин ҷашн таҳният гуфта, иброз дошт, ки “Меҳргон яке аз кӯҳантарин ҷашнҳои мардуми ориёинажод буда, гузаштагонамон онро ҳамчун ситоишу ниёиши Меҳр ё Митро ва рамзи аҳду паймон ва дӯстиву муҳаббати ойини меҳрпарастӣ таъбир кардаанд. Меҳргон иди ҷамъоварии ҳосили рӯёндаи деҳқон, иди фаровонӣ, шодию нишот, дӯстию рафоқат, ваҳдату ягонагӣ ва меҳру садоқат аст. Маълумотномаи «Меҳргон» аз сарчашмаҳои гуногуни дохилию хориҷӣ ҷамъоварӣ шуда, роҳи тайи ҳазорҳо сол паймудаи […]

15.10.2016 Нет комментариев Читать далее>

Озмуни “Тирамоҳи заррин” дар шаҳри Норак

Дар толори бошукӯҳи Маркази таҳсилоти иловагии шаҳри Норак озмуни шаҳрии «Тирамоҳи заррин» дар якҷояги бо Бахши ҷавонон варзиш ва саёҳии шаҳр гузаронида шуд. Дар озмун муассисаҳои таълимии шаҳр бо гӯшаҳои ба намоиш гузоштаи худ ширкат варзиданд. Мактабиён гӯшаҳои худро бо нозу неъматҳои фасли тирамоҳи зарнисор, аз қабили сабзавоту меваҷот, ғалладонаҳо, меваҳои хушк, мусаввараҳо, аксҳои ранга, маводи дастисохт, расмҳои бо ғалладонаҳо тасвиркардаву бо ресмонҳо кашидашуда оро дода буданд. Ва ба ин васила таваҷҷӯҳи бинандаро ба худ ҷалб мекарданд. Озмуни «Тирамоҳи заррин» бо сухани ифтитоҳии директори МТИ шаҳри Норак Ғуломов Файзулло ва мудири Бахши ҷавонон Баҳодур Ятимов оғоз гардид. Онҳо дар бораи ҳадафи баргузории озмун, шартҳои он маълумот дода, ҳайати ҳакамонро муаррифӣ […]

15.10.2016 Нет комментариев Читать далее>

Таҷлили Рўзи байналмилалии ҷавонон

Ҳамасола дар саросари ҷаҳон 12 август ҳамчун Рўзи байналмилалии ҷавонон таҷлил карда мешавад. Ба ин муносибат дар Театри давлатии ҷавонон ба номи Маҳмуҷон Воҳидов бо ташаббуси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ маҳфили адабӣ – фарҳангӣ бо иштирокчи роҳбарияти Кумита, аъзоёни шӯрои «Маҳфили донишҷӯёни дар хориҷи кишвар таҳсилкунанда», ҷавонони касбу кори гуногун, аз ҷумла донишҷӯёни дар хориҷи кишвар таҳсилкунанда, стипендиантони Президентӣ, ихтиёриён ва ҷавонони фаъол доир гардид. Дар қисми расмии чорабинӣ раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ Аҳтам Абдуллозода ҳозиринро бо Рӯзи байналмилалии ҷавонон табрик намуда, қайд намуд, ки эътироф шудани ҷавонон ҳамчун ояндасозони миллат, нерӯи пешбаранда ва қувваи ҳаракатдиҳандаи ҷомеа, таваҷҷуҳи бештар зоҳир намудани давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба […]

13.08.2016 Нет комментариев Читать далее>

Нақши Пешвои миллат дар таҳкими Ваҳдати миллӣ

Имрӯз, 20 июни соли ҷорӣ, дар  Маркази ҷумҳуриявии фарҳангии ҷавонон «Ориёно»  маҳфили адабӣ- фарҳангӣ таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат дар таҳкими Ваҳдати миллӣ» бахшида ба 19 солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ баргузор гардид. Дар маҳфили мазкур роҳбарияти Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, Кумитаи забон ва истилоҳот, намояндагони Иттифоқи нависандагон, КИМ ҲХДТ, Кумитаи иҷроияи ­Ҳаракати ҷамъиятии  Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон ва донишҷӯёну хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии пойтахт иштирок намуданд. Маҳфилро Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳтам Абдуллозода оғоз намуда, иброз дошт, ки Ваҳдати миллӣ ҳамчун рамзи пирӯзиву хушбахтӣ ба мардуми тоҷик нерӯву тавоноӣ бахшида, инчунин дар қалби ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ шуълаи умедро […]

20.06.2016 Нет комментариев Читать далее>

Зебои офар

Зебои офар Санъати наққошӣ, ки гузаштагони мо ба он машғул буданд, дар замони муосир хеле пеш рафтааст. Ҳунармандонигулдаст,ин ҳунариаҷдодиро аз даст ба даст то замониморасондаанд.Имрӯз низнаққошировасеъистифодамебаранд. Аз тамошои нақшҳои Кохи Сомон, Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ, маркази “Хуррамшаҳр” дар ноҳияи Данғара, меҳмонхонаи «Серена-Душанбе”, Кохи Наврӯз ҳаловат мебарем ва гумон мекунем, ки ҳатман устоҳои хориҷӣ дар сохтани он саҳм доранд. Аммо хато мекунем. Ин ҳама зебоиҳоро устоҳои тоҷик офаридаанд. Аниқтараш ҳунарманд ва наққоши маъруфи кишвар Маҳмадкарим Рақибов. Ҳунар ба инсон бузургию шоҳомат бахшида,ӯро болидаруҳ мегардонад. Ҳунар зиндагиро зебоӣ мебахшад. Шахси боҳунар дарахти босамареро мемонад, ки шабеҳи меваҳои болаззату хурдани бобаст. Шахси боҳунар дарёеро мемонад, ки онро ҳар замон […]

10.06.2016 Нет комментариев Читать далее>

1 2 3 4 5 8