734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню

Фарҳанг


Мулоқот бо роҳбарияту фаъолон ва масъулони соҳаҳои гуногуни мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе

Имрӯз дар Маҷмааи давлатии «Кохи Борбад» мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарияту фаъолон ва масъулони соҳаҳои гуногуни мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе баргузор шуд. Дар мулоқот раёсат ва аъзои Ҳукумати мамлакат, роҳбарияти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, сохторҳои ҳифзи ҳуқуқу тартибот, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он, намояндагони ташкилоту муассисаҳои гуногуни пойтахт, доираи соҳибкорону тоҷирон, аҳли илму маърифат, зиёиён, иттиҳодияҳои эҷодию динӣ, ҳизбҳои сиёсӣ ва намояндагони воситаҳои ахбори омма иштирок намуданд. Нахуст дар ҳузури иштирокчиёни мулоқот Пешвои миллат – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ намуда, аз гузашта ва имрӯзи ҳаёти иқтисодию иҷтимоии пойтахти мамлакат- […]

15.02.2017 Нет комментариев Читать далее>

Ҳамоиши волонтёрони Тоҷикистон таҳти унвони “Волонтёрӣ шараф аст!”

4 декабри соли ҷорӣ бахшида ба Рӯзи байналмилалии волонтёрон бо ташаббуси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ Ҳамоиши волонтёрони Тоҷикистон таҳти унвоӣ “Волонтёрӣ шараф аст!” баргузор гардид. Дар кори он роҳбарияти Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, намояндагони Клуби волонтёрони Тоҷикистон, Маҳфили стипедиатҳои ҷавон, волонтёрони фаъол аз тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ ва ВАО иштирок намуданд. Аҳтам Абдуллозода, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш  ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаи иштирокчиёни Ҳамоиши мазкурро бо Рӯзи байналмилалии волонтёрон табрик намуда, иброз дошт, ки Шумо – ҳамчун волонтёрони ташаббускору навовар метавонед бо кору пайкори намунавӣ, арҷ гузоштан ба анъанаҳои миллию суннатӣ, ҳурмати калонсолон, бахусус падару модар, эҳтиром ба рамзҳои давлатӣ ва муқаддасоти миллӣ, дӯстию, рафоқат, ору номуси […]

05.12.2016 Нет комментариев Читать далее>

Паёми табрикии Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ Аҳтам Абдуллозода ба муносибати Рӯзи байналмилалии волонтёрон

Волонёрони арҷманд, Соли 1985 Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид пешниҳод намудааст, ки дар давлатҳои аъзои ин ниҳод ҳамасола 5 декабр ҳамчун Рӯзи байналмилалии волонтёрон таҷлил карда шавад. Чун Тоҷикистон узви Созмони Милали Муттаҳид мебошад, пайваста дар самти мазкур аз ҷониби давлату ҳукумат тадбирҳои зарурӣ роҳандозӣ мегарданд. Бо ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ барои ҷавонони втандӯсту худшинос марҳилаи нави бунёдкорӣ дар самти эъмори ҷомеаи демократию ҳуқуқбунёд ба миён омад. Соли 2013 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти волонтёрӣ” қабул гардида, боқарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 марти соли 2014, №174 Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ҳамчун мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи фаъолияти волонтёрӣ муайян гардид. Таҷлили Рӯзи байналмилалии […]

04.12.2016 Нет комментариев Читать далее>

Таҷлили Рӯзи Парчами давлатӣ дар Макарзи ҷавонони “Чоркӯҳ” – и шаҳри Исфара

23 ноябри соли 2016 дар Маркази ҷавонони ҷамоати деҳоти “Чоркӯҳ” – шаҳри Исфара Конфронси кушоди илми адабии ҷавонон бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “Парчамат бодо парафшон, Тоҷикистонам!” бо мақсади инкишофи ифтихормандӣ ва васеъ намудани имкониятҳои илмию адабии насли ҷавони ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ дар шинохти нишон ва парчами давлатӣ ҳамчун рамзи миллати тамаддунофар баргузор карда шуд. Дар чорабинӣ ҷавонони фаъол, шахсони обрӯмади ҷомеа, собиқадорон, олимон ва дигар шахсони вобаста ба тарбияи насли ҷавонон иштирок намуданд. Конфронс мазкур аз якчанд қисмат, аз ҷумла бо майдонҳои баҳс, мизи мудаввар, вохӯри бо сиёсатмадорони собиқадор дар маҳалла ва муасиссаҳои таълимӣ, муаррифии малакаҳои беҳтарини ҷавонон, намоиши гўшаҳои сиёсӣ ва дастовардҳои ҷавонон иборат […]

25.11.2016 Нет комментариев Читать далее>

Душанбе: Ҷамбасти озмуни ҷумҳуриявии «Библиомарафон»

23 ноябри соли 2016 дар толори Донкишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода марҳалаи ҷамбастии Озмуни ҷумҳуриявии «Библиомарафон» таҳти унвони «Ҳамнишине беҳ аз китоб махоҳ» баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ғолибони давраи аввали озмун ва намояндагони ВАО иштирок намуданд. Ғолибони озмун дар се номгӯ: «Хонандаи беҳтарин», «Китобхонаи беҳтарин» ва «Оилаи китобдӯст», ки рӯзе қабл аз ҷониби ҳайати доварони озмун муайян гардида буданд, соҳиби дипломҳо ва тӯҳфаҳои хотиравӣ гардиданд. Аз ҷумла дар номгӯи «Хонандаи беҳтарин»: Дар ҷои сеюм – Камолов Бахтулло (н.Рашт) ва Шарифзода Аҳмад (н.Бохтар); Дар ҷои дуввум […]

25.11.2016 Нет комментариев Читать далее>

1 2 3 4 9