734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню

Фарҳанг


Сафари ҷавонони фаъол ба Федератсияи Россия

Як гуруҳи 18 нафараи ҷавонон иборат аз намояндагони Вазорати корҳои дохилӣ, кумитаҳои ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, кор бо занон ва оила, телевизион ва радио ва гуруҳи Авангард (Пешоҳанг) бо мақсади суҳбату мулоқоти озод бо ҷавонони тоҷик, ки дар Федератсия Россия кору таҳсил менамоянд, ба шаҳри Маскав сафар намуданд. Дар доираи ин сафар намояндагон бо ҷавонони муқими тоҷик дар шаҳру вилоятҳои гуногуни Росия аз қабили Твер, Санкт Петербург, Москва ва дигар шаҳрҳои Русия, ки дар онҷо шумораи зиёди тоҷикон бо кору таҳсил машғуланд, мулоқотҳо доир менамоянд. Дар назар аст, дар мулоқот ҷавонони фаъол доир ба дастовардҳои кишвар дар даврони соҳистиқлолӣ, пешгирии ҷавонон аз гарвиш ба гуруҳҳои гуногуни ифротӣ, тарғиби фарҳангӣ миллӣ, […]

09.10.2015 Нет комментариев Читать далее>

Вохӯрӣ бо фаъолҷавонони шаҳри Ваҳдат

2 октябри соли равон дар толори Қасри фарҳанги шаҳри Ваҳдат мулоқоти муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ Ҳабибулло Амирбекзода бо ҷавононва донишҷӯёни фаъоли шаҳр доир гардид. Дар мулоқот намояндагони бахши занон ва оила, оид ба дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ, директори мактаби варзишии кӯдакону наврасон ва дигар намояндагони мақомоти иҷроияи шаҳр иштирок намуданд. Ҳабибулло Амирбекзода бо сухани ифтитоҳи баромад карда, дастовардҳои ҷавонону варзишгарон дар даврони соҳибистиқлолӣ ёдовар шуд. Номбурда қайд намуд, ки арзишва муҳимияти Истиқлолияти давлатӣ рӯз ба рӯз бештар эҳсос гардида, аз ҳамаи ҷавонон масъулияти зиёдро талаб менамояд. Ҳамзамон таъкид кард шуд, Роҳбарияти олии мамлакат ва Ҳукумати кишвар нисбат ба ҷавонон пайваста ғамхорӣ зоҳир намуда, имрӯз […]

06.10.2015 Нет комментариев Читать далее>

“Забон омили асосии рушду камолоти миллат аст”

Таҳти ҳамин унвон бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ бо ибтикори Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ  маҳфили адабӣ – фарҳангӣ доир гардид. Дар ин чорабинӣ Аҳтам Абдуллозода раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, Гавҳар Шарофзода раиси Кумитаи забон ва истилоҳот, Низом Қосим раиси Итифоқи нависандагон, Наҳтулло Назаров раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, намояндаи Академияи илмҳои Тоҷикистон ва донишҷӯёну устодони донишгоҳ иштирок намуданд. Аҳтам Абдуллозода бо сухани ифтитоҳӣ баромад карда, нахуст ҳамаи иштирокчиёнро бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ  табрик намуд. Номбурда нақши забонро дар таҳкими давлатдорӣ муҳим арзёбӣ карда, таъкид дошт, ки яке аз рукнҳои асосии давлатдориро забон ташкил […]

05.10.2015 Нет комментариев Читать далее>

Таҷлили Рӯзи дониш бо иштироки Президент

1 – уми сентябри соли 2015 рӯзи дуюми сафари корӣ дар шаҳри Кӯлоб Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллои Рӯдакӣ ташриф оварда, дар маросими ифтитоҳи бинои маъмурии донишгоҳ ва дарси сулҳ, ки ба таҷлили 70 – солагии Донишгоҳ рост омадааст, иштирок кард. Нахуст Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо буридани лентаи рамзӣ дар рӯзи аввали соли нави хониши 2015-2016 бинои боҳашамату замонавии Донишгоҳи давлатии Кӯлобро ифтитоҳ намуда, аз шароити кории он аз наздик шинос шуд. Корҳои сохтмонии бинои маъмурии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллои Рӯдакӣ моҳҳои апрел – майи соли 2014 шуруъ гардида буд. Корҳои таҳкурсӣ то ба қомат афрохтани биноро сохтмончиёни ширкати “Саддарё”-и Ҷумҳурии […]

01.09.2015 Нет комментариев Читать далее>

Маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ

Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи солгарди 24-ум аз Истиқлоли давлатии Тоҷикистон гурӯҳи калони кормандони касбу кори гуногунро, ки дар фаъолияти худ ба дастовардҳои намоён ноил гардидаанд, бо мукофотҳои давлатӣ, рутбаҳои баланди низомию махсус ва ҷоизаҳои давлатӣ сарфароз гардонд. Дар оғози маросими мукофотсупорӣ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аҳли толор ва мардуми кишвар ва ҳамватанону ҳамзабонони бурунмарзиро бо солгарди навбатии ҷашни муқаддас ва басо пурарзишу ифтихорафзои Истиқлоли давлатии Тоҷикистон табрику таҳният гуфта, ба аҳли толор ҳамчунин ба муносибати сазовор дониста шудан ба қадрдонии олӣ изҳори шодбошӣ намуд. Дар оғози маросими мукофотсупорӣ бо ордени Дӯстӣ раиси ҷамъияти тоҷикон дар вилояти Твери Федератсияи Русия Муқим Майбалиев сарфароз гардонда шуд. Сипас хизматҳои шоёни […]

28.08.2015 Нет комментариев Читать далее>

1 12 13 14 15