734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню

Фарҳанг


Эълони озмуни умумиҷумҳуриявии «Донишҷӯи сол-2016»

Эълони озмуни умумиҷумҳуриявии «Донишҷӯи сол-2016» Ҷалби нерӯи насли наврасу ҷавон ба корҳои созандагиву бунёдкорӣ, тақвияти таъмини ширкати фаъоли онҳо дар ҳаёти сиёсиву ҷамъиятӣ, ҷалби ин табақаи нерӯманди ҷомеа барои устувор намудани рукнҳои давлатдории навин, ҳимояи марзу буми Ватан ва мутобиқат намудан ба ҷараёни таҳаввулоти босуръати ҷаҳон ва эмин нигоҳ доштани давлату миллат аз тазодҳову таҳдидҳои замони муосир мусоидат менамояд. Дастгириву ҳавасмандсозӣ ва ғамхорӣ дар ҳаққи насли ояндасози миллат дар меҳвари асосии фаъолияти роҳбарияти олии сиёсии мамлакат қарор дошта, ҷавобан ба ин ҷавонон низ бо илму дониш, азму иродаи қавӣ дар рушду инкишофи ҷомеаи мутамаддини Тоҷикистон ҳиссагузор ҳастанд. Дар ин замина, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо […]

19.04.2016 Нет комментариев Читать далее>

Маҷлиси тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Модар

Бахшида ба Рӯзи Модар бо ибтикори Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ дар маркази фарҳангии ҷавонон – “Ориёно” маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид. Аҳтам Абдуллозода, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ зимни ин чорабинӣ тамоми бонувонро ба Рӯзи Модар таҳният гуфта, зикр кард, ки модарон дар баробари тарбияи фарзанд ва пешрафти ҷамъият нақши назаррас доранд. Дар ин чорабинӣ озмунҳои гуногуни эълоннамудаи Кумита аз ҷумла озмуни шеъру таронахонӣ таҳти уновни “Модар, ҳаёт ва ишқ”  ҷамъбаст гардид. Дар озмун аз тарафи донишҷӯёни муассисаҳои олии ҷумҳурӣ шеъру сурудҳои баҳор, модар, ҳаёт ва ишқ суруда шуд. Ғолибон бо туҳфаҳои хотиравӣ ва “Сипоснома”-ҳои Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ сарфароз гаштанд. Пеш аз оғози чорабинӣ дастранҷи ҷавонони Колеҷи […]

07.03.2016 Нет комментариев Читать далее>

Андешаҳои ҷавонон вобаста ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат»

9 декабри соли ҷорӣ аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат» қабул гардид. Вобаста ба ин ҷавонони фаъоли тоҷик аз дохилу хориҷ ҷонибдорӣ ва ҳамовозии худро аз қонуни мазкур иброз медоранд. Дар зер андешаи чанде аз ҷавононро, ки дар донишгоҳҳои гуногуни дохилу хориҷ таҳсили илм мекунад, меорем. Ҷамахони Бобохон, донишҷӯи курси 2-юми Донишгоҳи давлатии Қурғонтеппа ба номи Носири Ҳусрав Қадршиносии ҳизматҳои фарзанди содиқу вафодори ҳалқ Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун асосгузори сулҳу ваҳдати милли ин рамзи нек чунки вокеан роҳбари мо тавонист точиконро бо ҳам сарчамъ созад ва Точикистони маҳбубамонро ба чаҳон муарифи намояд Мо чавонони накуфоли замони соҳибистиклол […]

15.12.2015 Нет комментариев Читать далее>

Ғолибони озмунҳо муайян гардиданд

Озмунҳои ҷумҳуриявии мақолаи беҳтарин дар мавзӯи «Моҳият, сабабҳои пайдоиш ва роҳҳои пешгирии терроризму экстремизм дар байни ҷавонон» ва иншои беҳтарин дар мавзӯи «Дастовардҳои ҷавонони даврони соҳибистиқлол», ки аз ҷониби Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ эълон шуда буд, ҷамъбаст гардиданд. Аъзоёни комиссия иборат аз намояндагони Вазорати маориф ва илм, Академияи илмҳо, Иттифоқи нависандагон, Кумитаи телевизион ва радио ва Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ маводҳои пешниҳоднамудаи иштирокчиёни озмунро мавриди таҳлилу омӯзиш қарор доданд. Ҳайати комиссия зимни баррасии маводҳо бештар ба мӯҳтаво ва шартҳои озмун диққат дода, муайян намуданд, ки дар аксар корҳои пешниҳодшуда мавзӯи Ватан чун бузургтарин муқаддасот ифода ёфта, фикрҳо таъсирбахш мебошанд. Ҳамзамон, маводҳо баҳри баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии ҷавонон равона […]

03.12.2015 Нет комментариев Читать далее>

Силсиламулоқотҳо ба ҳамватанони бурунмарзӣ

Тавре қаблан иттилоъ дода будем, гуруҳи 18 нафараи ҷавонон иборат аз намояндагони Вазорати корҳои дохилӣ, кумитаҳои ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, кор бо занон ва оила, телевизион ва радио бо мақсади суҳбату мулоқоти озод бо ҷавонону муҳоҷирони тоҷик, ки дар Федератсия Россия кору таҳсил менамоянд, ба шаҳри Маскав сафар намуданд. Дар доираи ин сафар ҷавонон дар минтақаҳои гуногуни Русия силсиламулоқотҳоро бо ҳамватанон доир намуда истодаанд. Чунин як мулоқот 10 октябри соли равон дар шаҳри Москва бо иштироки бештар аз 200 нафар ҳамватанон, ки дар маркази савдои “Люблино” кору фаъолият менамоянд, доир карда шуд. Дар мулоқот муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ Амирбекзода Ҳабибулло бо сухани ифтитоҳӣ баромад карда, доир ба […]

15.10.2015 Нет комментариев Читать далее>

1 11 12 13 14 15