734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню

Фарҳанг


Биёед, китоб мехонем!

Имрӯз, 19 май, дар асоси нақша чорабиниҳои «20 рӯзи ҷавонӣ» ва таҷлили Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд таҳти унвони «Ҷавонон – пайрави Пешвои миллат ва муҳофизони дастовардҳои 25 соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон!» бо ибтикори Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Хуҷанд дар доираи Амалиёти ҷумҳуриявии «Биёед, китоб мехонем!» дар маҷмааи фарҳангию фароғатии «Қалъаи Хуҷанд» намоиши китобҳо аз ҷониби китобхонаи ба номи Тошхӯҷа Асирӣ, китобхонаи бачагона ва китобхонаҳои муассисаҳои таълимӣ ташкил карда шуд. Мақсади гузаронидани амалиёти мазкур ҷалби наврасону ҷавонон ба хониш ва нигоҳдории китоб ва бар ин васила талқини онҳо ба одоби ҳамида, таҳаммулпазирӣ ва худогоҳию поктинатӣ роҳандозӣ гардидааст. Дар маросими кушодашавии чорабинии мудири бахши ҷавонон, варзиш ва […]

19.05.2016 Нет комментариев Читать далее>

Фестивали ҷумҳуриявии сурудҳои ватандӯстонаи «Суруди сарбоз»

Имрӯз, 7 май, бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташаббуси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар  маҷмааи Амфитеатри «Боғи Ирам»- и шаҳри Душанбе дар доираи нақшаи чорабиниҳои «20 рӯзи ҷавонӣ»  бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон таҳти унвони «Ҷавонон пайрави Пешвои миллат ва муҳофизони дастовардҳои 25- соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Фестивали ҷумҳуриявии сурудҳои ватандӯстонаи «Суруди сарбоз» баргузор гардид. Дар он роҳбарияти Кумита, намояндагони сохторҳои қудратӣ, афсарону сарбозони ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳ ва сокинону меҳмонони шаҳри Душанбе иштирок намуданд. Нахуст Мавсума Муинӣ – муовини якуми Раиси Кумита ҳозиринро бо ҷашнҳои дар пеш истода, аз ҷумла 71-умин солгарди  Рӯзи Ғалаба дар ҶБВ ва Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон табрик намуд. […]

07.05.2016 Нет комментариев Читать далее>

Нақши Пешвои миллат дар рушди фарҳанги миллӣ

Фарҳанг доманаи густурда дорад ва дар ҳама замонҳо рисолати созандагии миллатҳову халқҳоро дорост. Ҷомеаҳое, ки такя ба фарҳанг доранд, дар арсаи ҳама талошҳо муваффақанд. Мо ин гуфтаро дар ҳаёти кишварҳои абарқудрати имрӯза дида метавонем, ки маҳз тӯли садсолаҳо бо гиромидошти фарҳанг ва тақвияти ҷабҳаҳои фарҳангӣ тавонистаанд, ки дар арсаҳои ҷаҳонӣ нуфузу эътибор пайдо кунанд. Имрӯз он кишвари абарқудратеро наметавон дарёфт, ки бидуни ҷилои фарҳанги аҷдодиву мулкии худ арзи ҳастӣ дошта бошад. Онҳо дар навбати аввал дар роҳи «системасозиҳо»-и минтақавию ҷаҳонӣ маҳз ба фарҳанги худ такя мекарданд ва мекунанд. Гуфтугӯи тамаддунҳо, ки инак чанд даҳсола боз аҳли башар аз он барои худ мазмунҳо ҷӯё мешавад, давоми мантиқии андешаи болост, ки иртиботи […]

06.05.2016 Нет комментариев Читать далее>

Рушди босуботи ВМКБ дар давраи истиқлолият

Рушди босуботи ВМКБ дар давраи истиқлолият Дар давоми 25 соли давлатдории навини тоҷикон кишвари азизамон дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ ба дастовардҳои назаррас ноил шуда, раванди созандагӣ ва ободкорӣ идома дорад. Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон як гӯшаи зебоманзари Тоҷикистони азиз дар партави истиқлолият ва Ваҳдати миллӣ низ рушд ёфта истодааст ва ҳар як гӯшаи ин макони афсонавӣ ободу зебо ва зиндагии сокинони он хубтару беҳтар мешавад. Рушди босуботи ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва маънавии сокинони вилоят дар маркази диққати Ҳукумати ҷумҳурӣ, шахсан Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Соли гузашта бо ҳадафи ошноӣ аз вазъи зиндагии мардум ва санҷиши иҷрои супоришҳои зимни сафарҳои қаблӣ дода шуда, ҳамчунин барои мусоидат […]

06.05.2016 Нет комментариев Читать далее>

ФЕСТИВАЛИ ДӮСТИИ ҶАВОНОН – 2016

Дар асоси нақша-чорабиниҳои Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ  оид ба ташкил ва баргузории тантанаҳои ҷумҳуриявии ҷашни Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, рӯзҳои 19-21 апрели соли ҷорӣ Фестивали дӯстии ҷавонон таҳти унвони «Ҷавонон пайрави – Пешвои миллат» баргузор мегардад. Ҳадаф аз баргузории Фестивал ин таҳкими дӯстию рафоқат байни ҷавонон, аз наздик  ошнои пайдо намудан бо  расму русум ва фарҳангу оини минтақаҳои гуногуни кишвар ба ҳисоб меравад. Субҳи имрӯз беш аз 70 нафар намояндагони ҷавонони касбу кори гуногун, аз ҷумла соҳибистеъдодон, рӯзноманигорон, эҷодкорон, олимони ҷавон ва варзишгарон ба самти шаҳри Хоруғ роҳсипор шуданд. Аз ҷониби, аъзоёни Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар доираи ин Фестивал дар шаҳри Кулоб, ноҳияи Восеъ ва […]

19.04.2016 Нет комментариев Читать далее>

1 10 11 12 13 14 15