734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню

Мақолаҳо


Эронро дар таблиғоти густардаи давлатӣ тавассути интернет айбдор карданд

Ҳафтаи гузашта шабакаҳои иҷтимоии «Facebook», «Google» ва «Twitter» дар бораи бастани даҳҳо аккаунтҳо ва сомонаҳои  «марбут ба  мақомоти Эрон»  эълон карданд. Гуфта мешавад, ки агентии «Рейтер» таҳқиқот гузаронда, «шабакаи сершохаи Эронро оид ба маълумоти бардурӯғ ва идоракунии сиёсӣ» ифшо кард. «Рейтер» даҳ сайти номаълум ва даҳҳо аккаунтҳоро дар «Facebook», «Instagram», «Twitter» ва «YouTube» дарёфт намуд. Ба иттилои агентӣ, онҳо бахше аз лоиҳаи Теҳрон оид ба паҳн намудани тарғиботи давлатии он дар саросари ҷаҳон мебошанд. Ширкатҳои «FireEye» ва «ClearSky», ки ба таҳияи таъмини барномавӣ дар соҳаи амнияти киберҷиноятӣ машғуланд, ба «Рейтер» хабар доданд, ки ин сайтҳо ва аккаунтҳо ба Иттиҳоди байналмилалии ВАО-и виртуалӣ  — ташкилоте, ки барои мақомоти Эрон кор мекунад, […]

07.09.2018 Нет комментариев Читать далее>

ПЕШГИРӢ АЗ ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМРО МАСЪУЛИЯТИ ХУД ДОНЕМ

Экстремизм (ифротгароӣ) ва терроризм (даҳшатафканӣ) падидаҳое мебошанд, инсонро дар тӯли таърих ҳамроҳӣ намудаанд. Дар асрҳои миёна ва давраи нав шахсони алоҳида ва ҳам гурӯҳҳои сиёсию мазҳабие буданд, ки ба воситаи ваҳму ҳарос, даҳшат мехостанд мақсади нопоки худро бар дӯши дигарон бор карда, одамони бегуноҳ қурбон менамуданд. Аз ибтидои асри ХХ1 амалҳои террористию экстремистӣ бештар характери сиёсӣ гирифта, фаъолияти террористон васеъ гардид. Бо истифода аз техникаву технологияи муосир роҳҳои нави фаъолиятҳои террористӣ ба вуҷуд омаданд… Баъди пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ ва ба даст овардани Истиқло­ли­яти давлатӣ дар ҷумҳуриамон низоъҳои дохилӣ бархоста, бархе аз манфиатҷӯён ба гурӯҳҳо тақсим шуданд. Ташкили ин гурӯҳҳо бар сари мардуми сарбаланди тоҷик даҳшати зиёд овард. Бародар хуни бародарро […]

07.09.2018 Нет комментариев Читать далее>

ПАРДАИ ШАРМ АЗ МИЁН БАРДОШТАНД… Дар ҳошияи ҳамоиши наҳзатиён дар шаҳри Дортмунд

Тавре медонем, чанде пеш дар шаҳри Дортмунди Германия як гурӯҳ наҳзатиён ба ном ҳамоиш карда, гӯё аз солгарди сулҳу ваҳдат сухан гуфтаанд, ҳол он ки онҳо маҳз бо ҳамин дастовардҳои беназири миллат ва Давлати Тоҷикистон мушкил доранд. Дар ин бора мулоҳизаҳои як нафар хонандаи фаъоли мо пешниҳод мешавад. Имрӯз якчанд беору номус ва хоину ватанфурӯш, ки аз тарси ҷавобгарии ҷиноятӣ ба хориҷи кишвар  фирор карда, хиёнатҳои худро ба халқу Ватан бо кумаки хоҷагони хориҷиашон таҳти пӯшишҳои сиёсиву мухолифи давлат буданҳо пинҳон намудаанд ва дар тамоми ҷаҳон фаъолияти тахрибкоронаашонро «ҳимояи арзишҳои демукросӣ» муаррифӣ кардан мехоҳанд, дар охир чун диданд макру фиребашон асар накард ва дар ин роҳи бадкорӣ ноком шуданд, ба […]

18.07.2018 Нет комментариев Читать далее>

Бо фейсбук ба куҷо равонаем?

Пӯшида нест, ки имрӯз шабакаҳои иҷтимоӣ як бахши асосии ҳаёти моро ташкил медиҳанд. Бо онҳо мо ҳамарӯза сару кор дорем. Навигариҳои оламро мехонем, аксу навор мебинем, агар онҳо маъқуламон шуданд, ба дӯстонамон мефиристем. Ягон рӯйдоди нави зиндагиамонро кӯшиш мекунем, ки аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ ба ёру рафиқонамон пешкаш намоем. Ба ибораи дигар шабакаҳои иҷтимоӣ дар ҳаёти мо торафт ҷойгоҳи муайянеро соҳиб мегарданд.  Алалхусус шабакаи фейсбук имрӯз ба як майдони фарохе табдил ёфтааст, ки ба қавле “ҳар чи хостем мекорем ва ҳар чи хостем медаравем”. Албатта, мавҷудияту фаъолияти Фейсбук бо ин дастрасӣ ва содагӣ моро, яъне истифодабарандагонро хушҳол месозад. Дилхушӣ мекунем, завқ мебарем. Аммо фаромӯш кардан ҳам даркор нест, ки ҳар […]

12.07.2018 Нет комментариев Читать далее>

Деҳқон ва заминдор

Рӯзе деҳқоне ба назди заминдори сарватманд омада пурсид, ки барои чӣ ба ивази меҳнаташ ҳамарӯза ба ӯ ҳамагӣ 1 дирҳам, вале ба рафиқаш – Аҳмад, ки айнан ҳамин миқдор корро дар ҳамон як шабонарӯз ба анҷом мерасонад, 10 дирҳам дастмузд медиҳад. Сарватманд ба тиреза чашм дӯхта, андешамандона гуфт: – Ба фикрам, чанд нафар ба ин самт омада истодаанд. Аз афташ онҳо бо худ ҷав оварда истодаанд. Канӣ рафта бин. Деҳқон берун рафт ва баъди чанд дақиқа баргашт. – Онҳо тоҷиронанд ва бо худ ҷав доранд. – Ҷавро аз куҷо оварда истодаанд? – Ман намедонам, ҷаноб. – Давида рав ва аниқ кун!- амр дод заминдор Корманд рафт ва баъди чанде баргашта […]

10.07.2018 Нет комментариев Читать далее>

1 2 3 4 5 31