73402, Тоҷикистон Душанбе, к.Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню

Мақолаҳо


Зулми ДИИШ болои занҳо

Зулми ДИИШ болои занҳо Разолате, ки ин бешарафон анҷом медиҳанд, ҳатто ҳайвон намекунад! “Дар ҳуҷраҳои нигоҳдории ДИИШ садҳо зан ва кӯдакон дар асорат буданд. Шумори кӯдакони шаш ва нуҳсолае, ки ба фурӯш бароварда мешуданд, хеле зиёд буд. Яке аз кӯдакон ҳанӯз ҳафтсола ва лол буду пайваста таҷовуз мешуд…” Зулми ДИИШ болои занҳо  

22.07.2016 Нет комментариев Читать далее>

Духтарон бештар ба варзиш машғул шаванд

Духтарон бештар ба варзиш машғул шаванд Моҳру Ҳалимова шаш сол аст, ки барои парчами кишварро дар мусобиқаҳои байналмилалӣ парафшон кардан талош дорад. Вазнаш 73, қадаш 1метру 90сантиметр. Ягона фарзанди хонадон аст, ки ба варзиш машғул мебошад. Замони хурдӣ ҳамроҳи дугонааш ба тамрингоҳ рафта, варзишгардухтаронеро, ки карате-до машқ мекарданд тамошо мекард. Он тамошои якрӯза дар дили Моҳру ҳаваси варзишгар шуданро бедор намуд… Суҳбати мо бо Моҳру Ҳалимова дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе иттифоқ афтод.  -Салом алейкум, Моҳру. Сафар ба хайр… – Воалейкумассалом.Насиб бошад, ба Корея меравам. – Ҳамроҳатон… – Ҳа, шинос шавед, инкас Чон Чон Фи, мураббии ман. – Саломат бошед, аз шиносоӣ шодам. – Ташаккур. – Солҳои охир Шуморо дар […]

23.06.2016 Нет комментариев Читать далее>

Зуҳуроти ифротгариву терроризм дар замони муосир ва хатарҳои он ба арзишҳои миллӣ

Муаллиф: Аҳмадзода Дилноза сардори Раёсати кор бо ҷавонони Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ Дар ибтидои асри ХХI падидаи ҷаҳонишавӣ рушд намуда, муносибатҳои нави иқтисодиву иҷтимоӣ ва сиёсӣ байни халқҳову давлатҳо барқарор  гардиданд. Аз тарафи дигар, мутаасифона падидаҳои  номатлуб,  аз қабили ифротгароиву экстремизми динӣ, терроризми байналҳалқӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар падидаҳои номатлуб дар ҷомеаи  мо реша  ронданд. Зуҳуроти ифротгариву терроризм дар замони муосир ва хатарҳои он ба арзишҳои миллӣ

05.06.2016 Нет комментариев Читать далее>

Моҳияти ифротгароӣ

Муаллиф:  Валӣ Атавуллоев Донишҷӯи курси 5,  факултети ҳуқуқшиносӣ Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон ва узви ИЖТ Имрӯз дар садову симо, радио ва шабакаҳои иҷтимоӣ хулоса ҷое нест, ки сухан аз ифротгароӣ вуҷуд надошта бошад. Ҳар чанд ки ифротгароӣ як падидаи нав нест, вале авҷ гирифтани он дар замони мо диққати ҳамагонро ба худ ҷалб намудааст. Гурӯҳи навзуҳуре, ки худро “муҷоҳидон”-и роҳи ҳақ, “парчамдори давлати исломӣ” мепиндоранд ва ба бандагони Худо заррае раҳм накарда, ҳамаро қатли ом мекунанд, сабаб шудааст, ки ҳамагон ба ин тарзи рафтору пиндор вокуниш нишон диҳанд. Моҳияти ифротгароӣ

05.06.2016 Нет комментариев Читать далее>

Таҳдидҳои замони муосир ва иштироки ҷавонон дар бартарафсозии онҳо

Муаллиф: Абдуллозода Аҳтам – Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ. Имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ дар марҳилаи ҷаҳонишавӣ қарор дорад. Решаи истилоҳи ҷаҳонишавӣ аз вожаи лотинии«глобус» буда, маънояш «курраи замин» аст. Он ба забони тоҷикӣ ҷаҳонишавӣ, яъне хислати умумисайёравӣ пайдо намудани ин ё он равандро дар назар дорад. Раванди мазкур тамоми курраи заминро фаро гирифта, кулли ҳаёти ҷамъиятии олам хусусияти якҷояшавӣ касбнамуда, ба ягонагию ваҳдат меорад. Таҳдидҳои замони муосир ва иштироки ҷавонон дар бартарафсозии онҳо  

05.06.2016 Нет комментариев Читать далее>

1 23 24 25 26