734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню

Мақолаҳо


Ба сол ҷавону ба таҷриба бузург

Ҷавон будан ҳама вақт маънои камтаҷриба буданро надорад. Баъзан зиракиву дониши баланд ва диди нозук сабаб мешаваду як ҷавон дар муддати кӯтоҳ аз тамоми ҷузъиёт ва назокати касбе баҳравар мегардад. Албатта, барои ба ин мақом расидан касро иродаи матин ва омӯзиши пайваста мебояд. Гузашта аз ин, дар ҳаёти мо кам нестанд нафароне, ки дар баробари кордонию дониши баланд хислатҳои ҳамида ва хушмуомилагиашон боиси вирди забонҳо гаштани номашон мешавад. Хурду калон, шиносу ношинос, ёру дӯст ва ҳамнишину ҳамкор аз онҳо дар ҳозиру ғоиб бо хушӣ ёдовар мешаванд. Рафтору гуфторашонро намунаи ибрат ҳисобида, ба онҳо пайравӣ менамоянд. Чунин нафаронро на касбу вазифа баландмартаба мегардонад, балки онҳо ба касбу вазифа обрӯ бахшида онро […]

23.06.2018 Нет комментариев Читать далее>

Анастасия: Беҳтарин хотираам бозӣ бо Пешвои миллат аст

Ҳама ҷо ором буд, танҳо садои зарбаҳои Анастасия Турсунова ба гӯш мерасид. Ӯ дар майдон бо шавқу ҳаваси беандоза тамрин дошт. Мекӯшид аввалин зарбаҳои аз тарафи рақиб меомадаро ба хубӣ бартараф намуда, зарбаи ҷавобӣ занад. Ду мусобиқаи байналмилалӣ (Tajikistan Open) ва Ҷоми Федератсияи тенниси Тоҷикистон (Tajikistan Tennis Federation Cup), ки 5-12 май дар шаҳри Душанбе доир шуд беш аз 210 теннисбози то 18-соларо аз 36 кишвари ҷаҳон ҷамъ оварда буд. Мусобиқаҳои мазкур барояш на он қадар мушкил гузашт, дар мусобиқаи “Tajikistan Open” мағлуб гардида бошад ҳам, нагузошт Ҷоми Федератсияи тенниси Тоҷикистонро аз кишвар берун баранд. Дар ин мусобиқа ба ҳарифҳои пурзӯраш, ки аз Русия буданд ғалаба намуда, ғолибиятро ба даст […]

05.06.2018 Нет комментариев Читать далее>

Террори миллӣ ё воқеияти қатли Олимпур бо “силоҳи бародар”

Чанде пеш, дар Душанбе ҳамроҳ бо гурӯҳе аз хабарнигорон дар суҳбати таҳлилгари афғон Наҷиб Ҳамиди Накукор будем. Ӯ маълумоти аҷибе изҳор дошт. Тамоми солҳои нооромӣ дар Афғонистон дар муқоиса бо замони нооромиҳои Тоҷикистон шахсиятҳои миллии он кишвар ба маротиб камтар террор шудаанд. Тақрибан 7 соли нооромии Тоҷикистон он қадар зиёиёну фарҳангиён террор шуданд, ки бо дарназардошти тӯлонияти ҷанг дар Афғонистон хеле зиёданд. “Сабаб ин буда, ки дирижёрҳои ҷанги 40-сола дар Афғонистон як ҳадаф доранд – истифодаи қаламрави ин кишвар ба ҳайси майдони набард ё майдони санҷиши қудрат. Дар ин ҳолат тару хушк месӯзад, на он тавре ки ба ғуломӣ табдил додани кулли мардум, қатли чеҳраҳои саршинос дар мадди аввал бошад. […]

05.06.2018 Нет комментариев Читать далее>

ДАР ҶОЕ ИХТИЛОФ ҲАСТ, ҲАЛОВАТИ ЗИНДАГӢ НЕСТ

Имрӯз дар ҷомеаи муосир ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳое фаъолият карда истодаанд, ки дар байни мусулмонон тафриқа эҷод намуда, боиси парокандагӣ ва қафомондагии мусулмонон, дар натиҷа, сар задани ихтилофоти ҳизбию мазҳабӣ мегарданд. Имрӯзҳо дарди ихтилоф ва тафриқа ҷомеаи мусулмононро фаро гирифта, ки маншаи он амалкарди доиёне аст, ки бо номи ислом мусулмононро ба ҳамдигар душман намуда, бо гумроҳ сохтани ҷавонон аз масири воқеии ақидаи аҳли суннат ва ҷамоат, бахусус таълимоти Паёмбари ислом (с), онҳоро барои мухолифат бо мусулмонон таълими динию мазҳабӣ медиҳанд. Дар ҳаққи чунин «доиён» Расули Худо (с) чунин фармудаанд: «Гурӯҳе аз даъватгарон бар дари ҷаҳаннам меистанд ва пайравонашонро ба дохили он меафкананд» (Ривояти Бухорӣ ва Муслим, 3977). Дини мубини ислом дастур додааст, ки […]

31.05.2018 Нет комментариев Читать далее>

Идеали ҷавонон

Дастгирии ҷавонон дар ҳама давру замон яке аз роҳҳои таҳким бахшидани ояндаи соҳаҳои гуногуни кишвар ба ҳисоб рафта, дар ин замина ватани азизамон боз ҳам рушду инкишоф хоҳад ёфт. Бо дарки ин нуктаҳо аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ ҷиҳати дастгирии ҷавонон ва рушду ташаккул ёфтани нерӯи зеҳниву ҷисмонии онҳо аз ҷониби Ҳукумати кишвар таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардида, сол то сол ғамхорӣ нисбати ин қишри ояндадори ҷомеа меафзояд. Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки беш аз 70 фиссади аҳолии онро ҷавонон ташкил медиҳанд, пайваста кӯшиш ба харҷ дода мешавад, то ҷавонон дар ҳамаи самтҳо ба фаъолият фаро гирифта шуда, ҷиҳати имломӯзию соҳибмаърифату соҳибкасб шудани онҳо шароиту имконоти мусоид фароҳам оварда шаванд ва хушбахтона то имрӯз […]

25.05.2018 Нет комментариев Читать далее>

1 2 3 4 28