73402, Тоҷикистон Душанбе, к.Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню

Мақолаҳо


Ҷавонон бояд сиёсатро дарк кунанд

ҷавонон

Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз ба даст овардани истиқлолият ба яке аз давлатҳои рӯ ба тараққӣ мубаддал гардид. Табиист, ки ин ба аксари давлатҳое, ки мехоҳанд аз нооромии Тоҷикистон манфиат бардоранд ва ё аз нобасомониҳои кишвари мо манфиатдор буданд, бад мерасад. Аз ҷониби дигар, канданиҳои фоиданоки кишвар, ашёи хоми саноатӣ, захираҳои энергетикӣ, оби ошомиданӣ, нерӯи арзони корӣ ва бозори маҳсулоти истеъмолӣ таваҷҷуҳи аҷнабиёнро ҷалб мекунад ва онҳо мекӯшанд, то барои ба даст овардани ин ҳама бо ҳар баҳонае дар шуури мардум, махсусан насли ҷавон ҳисси кинаву нафратро бедор кунанд ва онҳоро аз мақсади эъмори як давлати сирф миллӣ канор баранд. Мутаассифона, ҷавонони нохудогоҳу камдониш ва дур аз сиёсату “бозиҳои сиёсӣ”-ро бо […]

16.12.2016 Нет комментариев Читать далее>

Фаввораҳои Душанбе мисли фаввораҳои Барселона аст

Сайёҳ

Елена Прус аз хурдӣ саёҳатро дӯст медорад ва то ҳол ба чанд давлати ҷаҳон сафар намудааст. Ӯ шаҳрванди кишвари бо мо дӯсти Белорус мебошад. Елена дар Агентии миллии иттилоотии Белорус “БелТА” ба ҳайси хабарнигор кор мекунад. Моҳи сентябри соли ҷорӣ ҷиҳати иштирок дар Конфронси байналмилалии сайёҳӣ ва Фестевали мероси Роҳи Абрешим “Рангоранг” бо як гурӯҳ рӯзноманигорони ИДМ ба Тоҷикистон омада, аз сарзамини биҳиштосои мо дидан намуд. Елена пас аз он ки ба кишвари худ баргашт, таассуроташро чунин иброз дошт: “Дар даврони донишҷӯӣ, ки он замон мо ҳама шаҳрвандони як давлат будем (Иттиҳоди Шӯравӣ), оид ба Тоҷикистон камтар маълумот доштам. Он ҳам бошад, фақат дар бораи қаторкӯҳҳои Помир буду халос. Пеш […]

16.12.2016 Нет комментариев Читать далее>

Санадҳо – кафолати фаъолияти сайёҳӣ

туризм

Туризм аз рӯзгори пешин барои пешрафти ҷомеа аҳамият дошт. Онро метавон чун намуди фаъолияти тафреҳӣ-меҳнатии инсон аз замоне, ки таърих бо пайдоиш ва тараққиёти тамаддунҳо оғоз меёбад, мансуб донист. Он дар ташаккул ва тараққиёти тамаддуни ҷаҳонӣ, ба монанди тамаддунҳои маҳаллӣ, аз қадим нақши бузурге бозидааст. Саноати ҷаҳонгардӣ ва саёҳат дар аҷдоди мо аз замонҳои бисёр қадим пайдо шудааст. Инсон дар тӯли таҳаввулоти иҷтимоиаш ба дарки олами атроф ва кашфи сарзаминҳои нав барои рушди тиҷорат, фатҳ ва аз худ кардани заминҳои нав, кашфи манбаъҳо ва дастрасӣ ба роҳҳои нави нақлиёт шавқу рағбат дошт. Дар аксари одамон майли дидани мавзеъҳо, кишварҳо ва шиносоӣ бо ҳаёт ва расму оини халқҳои дигар вуҷуд дорад. […]

28.11.2016 Нет комментариев Читать далее>

Эмомалӣ Раҳмон – Президенти варзишпарвар

Дилшод-бо-ПЕШВО

Дар давоми 25 соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори дигар соҳаҳо, соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш ҳам яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии Ҳукумати кишвар ба ҳисоб рафта, маҳз ба хотири таъмини оммавияти варзиш, таҳкими тарзи ҳаёти солим, мусоидат ба омодакунии варзишгарони касбии тоҷик заминаи мусоид фароҳам овард. Истиқлолияти кишвар барои рушди соҳаи варзиш ва мо – варзишгарон шароит фароҳам сохт, ки ҷавонону варзишгарони кишвар бо иштироки хеш дар мусобиқаҳои ҷаҳонию байналмилалӣ миллату давлатмонро байни дигар халқиятҳои ҷаҳон муаррифӣ намоем. Сиёсати созандагию бунёдкоронаи Ҳукумати кишвар, хусусан ҷаҳду талошҳои Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имкон фароҳам намуд, ки соҳаи варзиши мамлакат аз замони ба даст овардани истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии […]

17.11.2016 Нет комментариев Читать далее>

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – ПРЕЗИДЕНТИ ВАРЗИШПАРВАР ВА АСОСГУЗОРИ РУШДИ ВАРЗИШИ ТОҶИК

b28

Вақте дастовардҳои солҳои соҳибистиқлолии кишварро пеши назар меоварем, дар меёбем, ки дар асл тамоми муваффақиятҳои халқи точик ба ҷоннисориҳои фарзанди худогоҳу худшиноси миллати тоҷик Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамбастагӣ дорад. Таърих гувоҳ аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикисон дар як муддати кӯтоҳ ба як кишвари ободу рушдёфта мубаддал гардида, мардумаш дар фазои сулҳу субот ва тинҷиву оромӣ ба сар мебарад. Хидматҳои пайваставу пайгирона ва сиёсати дурандешонаи Пешвои миллат аст, ки имрӯз Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳонӣ ҳамчун давлати мустақил эътироф намудаанд ва беш аз 150 давлати ҷаҳон ба мо равобити дипломатиро барқарор кардаанд. Дар баробари дигар самтҳои муҳим, чун иқтисодиёту иҷтимоиёт, фарҳанг ва амсоли ин […]

16.11.2016 Нет комментариев Читать далее>

1 2 3 9