734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню

Эълонҳо


Кумита озмуни грантҳо/фармоиши иҷтимоии давлатиро барои соли 2018 эълон менамояд

БА ДИҚҚАТИ ТАШКИЛОТҲОИ КОР БО ҶАВОНОН ! Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2018 барои амалисозии соҳаи афзалиятноки №1 озмуни грантҳо/фармоиши иҷтимоии давлатиро эълон менамояд. Дар озмун метавонанд ташкилотҳои кор бо ҷавонон ва марказҳои ҷавонон, ки аъзои ИТҶТ (ОМОТ) мебошанд, иштирок намоянд. Маълумоти муфассалро метавонед дар сомонаи Кумита www.youth.tj дастрас намоед. Довталабон метавонанд, ки Лоиҳаи дархостиро мутобиқ ба талабот барои иштирок дар озмун ва шакли дархостии ШД№18/01 таҳия намуда, ба суроғаи зерин то 27 апрели соли 2018, соати 14:00 ирсол намоянд. Лоиҳаҳои ба Талабот барои иштирок дар озмун ҷавобгўй набуда, баррасӣ карда намешаванд. Танҳо […]

19.02.2018 Нет комментариев Читать далее>

ВАРАҚАИ МАТБУОТӢ

Натиҷаҳои фаъолияти Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш дар соли 2017 Варакаи матбуотии соли 2017-10 феврал  

12.02.2018 Нет комментариев Читать далее>

Лоиҳаи ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ТАРБИЯИ ҶИСМОНӢ ВА ВАРЗИШ»

Лоиҳаи ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ТАРБИЯИ ҶИСМОНӢ ВА ВАРЗИШ» бо мақсади ба низоми ягона даровардани соҳаи сиёсати тарбияи ҷисмонӣ ва инкишофи варзиш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардида, барои ба инобат гирифтани таклифу пешниҳодҳои мутахассисону коршиносон ва варзишгарону дустдорони ин соҳа пешниҳод  мегардад. Таклифу пешниҳодҳо то 25 январи соли 2018  тавассути почтаи электронии Кумита farangis-22.03@mail.ru ва ё тариқи факс: (+992 372)2353314 қабул карда мешавад. Масъул мудири Бахши таъминоти ҳуқуқӣ Юсуфзода Фирӯз. тел:903778803 Лоиҳаи қонунро аз ин ҷо дастрас карда метавонед: ЛОИХАИ ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ТАРБИЯИ ҶИСМОНӢ ВА ВАРЗИШ»  

12.01.2018 Нет комментариев Читать далее>

1 3 4 5