734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню

Эълонҳо


Мусобиқаи интихобии  шаҳру ноҳияҳои  тобеи ҷумҳурӣ оид ба тенниси рӯи миз

Аз 20 то 21 июли соли 2019 мусобиқаи интихобии  шаҳру ноҳияҳои  тобеи ҷумҳурӣ оид ба тенниси рӯи миз байни ҷавонони  сину соли 1998 ва аз ин хӯрд баргузор мегардад. Дастаҳои варзишгарони шаҳру ноҳияҳои Тоҷикобод, Нуробод, Сангвор,Лахш, Роғун ва Файзобод марҳилаи интихобии худро дар ноҳияи Рашт баргузор намуда, дастаи шаҳру ноҳияҳои Турсунзода, Шаҳринав, Ваҳдат, Рӯдакӣ ва Варзоб  марҳилаи интихобии худро дар шаҳри Ҳисор доир менамоянд. Марҳилаи аввали мусобиқаи мазкур дар сатҳи маллаҳҳӣ ва ноҳиявӣ доир гардида, ғолибони даври дуюм ба марҳилаи минтақавӣ роҳхат пайдо намуданд. Интизор меравад, ки дар мусобиқаи минтақавӣ варзишгарон аз 13 шаҳру ноҳияҳои кишвар иштирок намуда, ғолибон ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат пайдо менамоянд.

18.07.2019 Нет комментариев Читать далее>

Ҳунарманд ҳар куҷо бувад сарфароз

Бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи Нақшаи чорабиниҳои фарҳангию фароғатӣ, илмию маърифатӣ бахшида ба таҷлили 22 солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ санаи 29 июни соли ҷорӣ соати 17:00 ташкил ва баргузории намоиши дастовардҳои ҳунармандони ҷавон таҳти шиори «Ҳунарманд ҳар куҷо бувад сарфароз» бахшида ба эълон гардидани солҳои 2019 – 2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” дар боғи фаҳангию фароғатии Куруши Кабир пешбинӣ гардидааст. Ҳадаф аз баргузор намудани чорабинии мазкур бори дигар ҷалби насли ҷавон ба ҳунаромӯзӣ ва ҳунармандӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ мебошад. Дар намоиши мазкур гӯшаи ҳунарҳои мардумии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Вазорати саноат ва технологияи нав, Вазорати […]

28.06.2019 Нет комментариев Читать далее>

Ифтитоҳи бинои Агентии шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати меҳнатӣ, ва филиали Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Рашт бинои Агентии шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати меҳнатӣ ва филиали Маркази таълими калонсолони Тоҷикистонро ифтитоҳ карданд. Иттилоъ дода шуд, ки бинои наву муосири Агентӣ ва филиали маркази таълими калонсолон аз ду ошёна ва таҳхона иборат буда, дар ошёнаҳои якуму дуюми он – ҳуҷраҳои кории роҳбарият ва кормандон, ҳуҷраи кории роҳбарияти Филиали Муассисаи Давлатии Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт, кошонаи ҳусн, муҳосибот ва синфхонаи омӯзиши касб барои маъюбон мавҷуд мебошанд. Ҳамчунин дар таҳхонаи бино синфхонаи қаннодӣ ва ошхона ҷойгир шудаанд. Бинои мазкур дар доираи татбиқи сиёсати иҷтимоии Ҳукумати кишвар […]

26.06.2019 Нет комментариев Читать далее>

Ифтитоҳи бинои маъмурии Кумитаи Иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт

Имрӯз дар доираи сафари корӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои маъмурии Кумитаи Иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро дар ноҳияи Рашт дар вазъияти тантанавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Иншооти мазкур дар шафати бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт ҷойгир буда, аз ҷониби сокинони ватандӯсти ноҳия бо ҷонибдорӣ аз сиёсати созандаву ободкоронаи роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тарҳи хеле зебову муосир сохта шудааст. Бинои Кумитаи Иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳия Рашт аз ду ошёна иборат буда, дар ошёнаҳои якум ва дуюми он маҷлисгоҳ ва 9 утоқи барҳавои кории муҷаҳҳаз бо ашёи зарурӣ барои кормандони ҳизб омода гардидаанд. Дар ҳудуди […]

26.06.2019 Нет комментариев Читать далее>

Мулоқот бо фаъолон ва сокинони ноҳияи Лахш

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо шумораи зиёди сокинони ноҳияи Лахш, ки барои мулоқот бо роҳбари хеш дар варзишгоҳи марказӣ ҷамъ омада буданд, мулоқоти самимӣ доир карданд. Дар оғози суханронӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи мардуми заҳматпешаву меҳмоннавози ноҳияи Лахшро ба ифтихори ҷашни Ваҳдати миллӣ табрик гуфта, барои пазироии самимӣ изҳори сипос карданд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рушду пешрафти ноҳияи Лахш, ки дар як муддати кутоҳ бо шарофати дастгирии сиёсати бунёдкоронаи роҳбарияти давлату Ҳукумати мамлакат ба даст омадааст, изҳори хушнудӣ карданд. Таъкид гардид, ки барои рушди соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодии ноҳияи Лахш то ин давра аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо беш […]

26.06.2019 Нет комментариев Читать далее>

1 2 3 4 5 15